Categories Ахбори рӯз

Шумори кушташудагони ҳамла ба музеи Тунис ба 22 тан расид

Шумори кушташудагони ҳамла ба музеи Тунис ба 22 тан расидҲамлаи афроди
мусаллаҳ ба музеи Борду, музеи миллии Тунис дар рӯзи чаҳоршанбе яке аз
маргбортарин ҳамлаҳои террористӣ дар ин кишвар ба шумор меравад, ки ба кушта
шудани 22 сайёҳи хориҷӣ ва захмӣ шудани бисёре дигар мунҷар шуд.

Шаҳрвандони
Италия, Олмон, Лаҳистон ва Испаниия дар миёни қурбониён буданд.

Ҳуввияти
муҳоҷимин, ки дар амалиёти неруҳои вижаи Тунис кушта шуданд, ҳанӯз мушаххас
нашудааст.

Сибсӣ, раиси
ҷумҳурии Тунис, ки ба боздиди маҷруҳони
ин ҳодиса рафт, бо маҳкум кардани ин ҳамла гуфт: ” фақат метавонам бигӯям, ки
Тунис бо фоҷиаи бузурге рӯбарӯст. Ҳеҷ умеде барои ин афрод боқӣ нест. Тунис
бояд дар муқобили ин шибҳи низомиёни бо қудрат истодагарӣ кунад ва онҳоро
комилан аз байн барад.

Ин ҳамла бо
тирандозӣ ба автобуси ҳомили сайёҳон дар муқобили вурудии музей оғоз шуд. Сипас
муҳоҷимон вориди сохтумони музей шуда, даҳҳо танро гаравгон гирифтанд.

Ин ҳамла, пас аз
ҳудуди се соат, отшакушоӣ миёни нерӯҳои пулиси зидди терорристии Тунис ва муҳоҷимон
поён ёфт.

Нахуствазири Тунис
гуфтааст, ки ин ҳамла, иқтисоди кишварро ҳадаф қарор дода аст. Санъати гардишгарӣ
нақши бузурге дар иқтисоди ин кишвар ифо мекунад.

More From Author

You May Also Like