nahzat.tj
“Накоула Бэсили Накоула ҳамчун коргардони филми “Бегуноҳии мусалмонон” шинохта шуд. Анна Гурҷии 21-сола, ҳунарпешае, ки бо роҳи фиреб ба бозидани яке аз нақшҳо даъват шуда буд.”
“Коргардон Накоула бо роҳи фиреб ба ин филм маро ҷалб кардааст ва ҳангоми иҷрои нақш медонистам, ки нақши арӯси домод Ҷорҷро мебозам, вале намедонистам, ки пас аз бозидан номи Ҷорҷ ба номи Паёмбар иваз шудааст. Имрӯз дари хонаамро қулф зада, ҳеч куҷо намебароям, зеро метарсам. Ман нафратзадаи мардуми Шарқи Наздик шудам.”- мегӯяд хонум Гурҷӣ, ин ҳунарпешаи ҷавон, ки аз Гурҷистон мебошад, дар мусоҳибае бо маҷаллаи бритонии “Daily mail”
Ӯ меафзояд: “Ман католик ҳастам ва шояд мусалмонон андешанд, ки ман ҳам дониста ин нақшро бозидаам, аммо дар асл ин тавр нест. Ман шармандаам, бадбахтам…”
“Такрор мекунам. Ба мо гуфтанд, ки мо як филми моҷароии таърихӣ мегирем. Он дар бораи ба Шарқи Наздик афтидани як ситораи думдор буд ва номи қаҳрамони ман Ҳиларрӣ буд. Сэм умуман дар бораи дин дар тӯли наворбардорӣ ягон бор ҳарфе нагуфт ва ин филми он қадар серпул ҳам набуд ва ба ман рӯзона 75 доллар медоданд ва тамоми бозии ман бо Ҷорҷ буд ва паси мо як матои сабз буд. Шояд мо соддагӣ кардем, намедонам, вале имрӯз ба мушкилтарин рӯзи зиндагӣ гирифторам…”
Имрӯз ин ҳунарпешаи ҷавон, ки аз Гурҷистон мебошад, дар зери тарсу ваҳм зиндагӣ дорад.
Ин марде, ки дар бари Анна истодааст, Накоула Бэсили Накоула, ҳамчун бо номи Сэм Бэсил шинохта шудааст, мебошад. Ин ҳамон шахсест, ки филми “Бегуноҳии мусалмонон”-ро коргардонӣ кардааст. Ин мардимисрии 55-сола, копти масеҳӣ аст ва дар Калифорния зиндагӣ мекунад.
Ӯ ҳамчун нашъаҷаллоб ва қаллоб маҳбус шуда, соли гузашта моҳи июн аз зиндон баромадааст. Ба сабаби филми ин шахс даҳҳо мардуми бегуноҳ дар бисёр кишварҳо қурбон шуданд.
Мақомоти ИМА изҳор карданд, ки коргардон мавриди пурсиши муфаттишон қарор дорад.
Ин коргардон ҳамчунин ба қаллобӣ машғул будааст ва соли 2010 барои фиреби бонк ба 21 моҳ зиндонӣ шуда будаааст. Ва пас аз озод шудан ҳам боз чанд амалҳои ҷинояткоронаи баста ба фаъолияти молиявӣ содир кардааст ва барои ин ҷиноятҳояш шояд ба маҳбас фиристода шавад, аммо на барои филми 13-дақиқаина сохтааш, ки боиси даҳҳо маргу фоҷиаҳои дигар дар якчанд кишвар гардид.