Categories Uncategorized

Шумо хеши Худо ҳастед?

Бобоҷони Қаюмзод

29.01.2012, 13:28

Духтараке дар орзӯи пойафзол

«Хешон»- и Худо зиёданд

«Хешӣ» бо Худо аз ҳама хешутаборӣ баландтар

Охирсухан

Духтараке дар орзӯи пойафзол

Барф борида буду ҳаво хеле хунук буд. Мағозаҳо аз шиддати сардии ҳаво дарҳои худро баста буданду танҳо бо навиштани калимаи «Боз аст» муштариёнро аз фаъолияти худ огоҳ мекарданд. Ҳама худро сахт печонда буданд,  ҳатто намехостанд, ки дастонашонро аз ҷайбҳояшон берун оваранд.

Духтараке бо пойафзоли тобистона (слансӣ) дар беруни мағозаи кафшфурӯшие  истода буду аз шишаи он ба дохил менигарист. Ашки чашмонашро бо остинаш пок карду бо ҳавли даҳонаш дастонашро гарм кард.

«Хешон»- и Худо зиёданд

Зане аз назди мағоза мегузашт ва ногоҳ чашмаш ба духтарак афтод. Ӯ каме дуртар истода ба духтарак нигоҳ кард. Ҷуробҳои таршудаи духтаракро диду аз нигоҳаш ба кафшҳои дохили мағоза дарди дили он духтаракро фаҳмид. Ором ба ӯ наздик шуд. Сарашро сила карду бо ӯ суҳбатро оғоз кард….

Баъди чанд лаҳза, зан бо он духтарак аз мағоза хориҷ шуданд. Духтарак дигар гиря намекард. Пойафзолаш ҳам дигар кӯҳна набуд. Сарашро ҳам шоли зимистонаи зебое пушонда буду як палтои зебо ҳам ба тан дошт.

Дар пеши дар духтарак рӯ ба зан карду гӯфт: «оё шумо хеши Худо ҳастед?»

Зан табассуме карду гуфт, не духтарам, ман бандаи Худо ҳастам. Духтарак гуфт, медонистам, ки ту хеши Худо ҳастӣ ва фақат Худо ва хешони Ӯ ин қадар меҳрубон ҳастанд.

«Хешӣ» бо Худо аз ҳама хешутаборӣ баландтар

Инсонҳо ҳамеша бо хешу табор буданашон бо як вазиру раис ё шахсияти маъруфи дигаре ифтихор мекунанду талош меварзанд, то хешутабориашонро ба ҳамагон эълон кунанд. Аммо чӣ зебост, вақте фарде эҳсос кунад, ки «хеши наздики» касест, ки ҳама дар пеши ӯ муҳтоҷанд. Чунин эҳсосе чӣ ҳаловате дорад!

Аҷибаш он аст, ки дар ин «хешутаборӣ» ҳеҷ маҳдудияте нест. Ҳар кас метавонад бо Худои худ «хешутабориаш»- ро эҳсос кунад. Фақат барои ин, инсон бояд ирода дошта ва ба фикраш бошад.

Охирсухан

Оё медонед, ки Худованд аз раги гардан ба шумо наздиктар, аз модар меҳрубонтар, аз ҳама бахшандатар ва аз ҳама сарватмандтару қудратмандтар аст?

Пас чӣ чизе беҳтар аз «хешовандӣ» бо Ӯст?

More From Author

You May Also Like