Ҳайати ҲНИТ бо роҳбарии раиси он, Муҳиддин Кабирӣ, дар 7- умин Ассамблеяи генералии форуми ҳизбҳои сиёсии Осиё дар шаҳри Бокӯ, пойтахти Озарбойҷон рӯзҳои 22-23 ноябр ширкат менамояд.
Ин нишаст аз тарафи ҳизби ҳокими “Озарбойҷони нав” мизбонӣ шуда, дар кори он намояндагони бештар аз 100 ҳизбҳои сиёсии Осиё, Аврупо ва созмонҳои байналмиллалӣ ширкат хоҳанд кард.
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар ифтитоҳи ассамблея ширкат ва суханронӣ хохад кард.
ҲНИТ аз соли 2004 узвияти ин форуми байналмиллалии аҳзобро дорад ва пайваста дар чорабиниҳои он ширкат намудааст.
Раиси ҲНИТ дар яке аз ҷаласаҳои ин ассамблея суханронӣ хоҳад кард.