Баъзеҳо мепурсанд, ки чаро роҳбарони “Ихвонулмуслимин” ва фарзандҳояшон дар байни шуҳадои машруъият, ки дар ҳодисаҳои ахири Миср – шуруъ аз бидояти тазоҳуротҳо барои баргашти нахустин президенти мунтахаби мардуми Миср ба мақомаш, қатли омми назди горди раисҷумҳруӣ ва Манасса то қатли ом дар пароканда кардани тазоҳуротҳои майдони Робеъа ва Наҳзат – нестанд?
Ҷавоб ин аст, ки намунаҳои бузурге аз фарзандони шаҳидшудаи роҳбарони “Ихвонулмуслимин” дар номгӯи шуҳадои машруъият вуҷуд дорад.
Муҳаммад Бадиъ, роҳбари “Ихвонулмуслимин”, ки рӯзи сешанбе (20-уми августи 2013) боздошт шуд, фарзандаш Аммори 38-солаашро аз даст додааст. Аммор ҳамчун муҳандис дар илмҳои компутарӣ кор мекард ва ду духтараки дуструяк; яке Руои 5-сола ва дигаре Рағди 3-соларо барҷо гузошт.
Инчунин, Муҳаммад Балтоҷӣ, яке аз роҳбарони аршади ин созмон духтараш Асмоаро, ки эркаи хонааш буд, аз даст дод. Асмоа ягона духтари хона дар байни бародаронаш буд. Ӯ дар умри 17-солагиаш ба шаҳодат расид.
Намунаи сеюм Ҳабиба духтари мушовири расонаии раиси барканоршудаи Миср, Аҳмад Абдулазиз аст. Ҳабибаи шаҳид рузноманигор дар нашрияи “Галф Нюз” буд.
Қатли омми Робеъа
Дар майдони Робеъа Асмоа духтари Балтоҷӣ ва Ҳабиба духтари Аҳмад Абдулазиз ҷон ба ҷонофарин супориданд.
Асмоа дар мактаби миёна дарс мехонд ва ӯро мисли падараш, ки устоди донишгоҳ аст, ояндаи дурахшони пур аз муваффақиятҳо интизор буд. Чи тавре падараш дар васфи ӯ дар саҳифаи фейсбукаш гуфт: “Ӯ бо баҳои аъло дарс мехонд. Пеш аз шаҳодаташ, ӯро дар хобам дидам, ки либоси арусӣ дар бар дошт ва бениҳоят қашанг ба назар мерасид. Ин зебоӣ шаҳодаташ будааст.”
Аммо шаҳодати Аммор фарзанди Муҳаммад Бадиъ дар минтақаи Ғумра замоне, ки ӯ дар тазоҳуроте, ки дар таърихи 16-уми август аз масҷиди Салом ба тарафи шаҳри Наср мерафт, ба вуқуъ пайваст. Ин роҳпаймоӣ дар гирду атрофи шаҳри Наср ва Мисри ҷадид чарх зада, мехост ба сӯи майдони Рамсис биравад, аммо нирӯҳои амниятиву милиса ва авбошон ба ин роҳпаймоӣ дар майдони Ғумра ҳуҷум карданд ва тирпаронӣ алайҳи тазоҳургаронро шуруъ карданд ва Аммор аз ҷумлаи шуҳадои ин ҳодиса буд.
Дустони Аммор ҷасади ӯро бардошта, ба бемористони низомии ин минтақа бурданд, аммо дар варақаи бемористон сабаби вафоташро “худкушӣ” навиштанд, ҳама дустонаш ҳайрон шуданд. Вале баъди пофишории хонаводаи ӯ бар ҳақиқати ҳодиса, сабаби вафоташро тирпаронӣ навиштанд.
Инчунин, аз ҷумлаи шуҳадои фарзандони роҳбарияти “Ихвонулмуслимин” Холид Фарнос Абдулбосит, набераи муассиси ин созмон Ҳасанулбанно аст. Фарнос ҳам рӯзи ҷумъаи гузашта дар майдони Рамсис, ки бобояш Ҳасанулбанно дар ин майдон 60 сол қабл ба шаҳодат расида буд, ҷоми шаҳодатро нушид.
Манбаъ: “Алҷазира”