Имрӯз, 3.02.14 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон протокол дар мавриди ворид намудани тағйирот ба созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия ҷиҳати фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дод.
Лоиҳаи протоколи мазкур 29 октябри соли 2013 дар шаҳри Маскав ба имзо расидааст, ки дар он рухсатнома барои кор ба муҳоҷир ё корманд ба муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ на зиёда аз 3 сол дода мешавад ва зарурати хуруҷу дубора ворид шудани муҳоҷирро аз байн мебарад.
Чунин ба назар мерасад, ки тағйироти навбатӣ созишномаи мазкурро такмил дода, ба танзими раванди муҳоҷират заминаи боэътимод гузошта, имкониятҳоеро барои муҳоҷирон фароҳам меорад.
Аъзои Шӯро роҷеъ ба ин мавзуъ фикру андешаи худро баён дошта, қабули санади мазкурро барои рушди арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъии кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Categories
Uncategorized