Categories Ахбори рӯз

Шӯрои сиёсии ҲНИТ: Прокуратураи генералӣ салоҳияти додани баҳои сиёсӣ надорад

Муроҷиат ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафил иқдоми истисноӣ ва
ҳаққи қонунии Раёсати Олии ҲНИТ мебошад ва дар асоси моддаҳои 10 ва 14
Конститутсияи ҶТ сурат гирифтааст;

Арзишҳое мисли сулҳ, ваҳдат, озодии баён ва раъй, ҳуқуқбунёд ва демократӣ
будани давлат, ки меҳвари аслии Конститутсияи ҶТ ва Созишомаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти
миллӣ мебошанд, бо қатъи фаъолияти КОМ ё ИНОТ аз байн намераванд. Касе ё ниҳоде
бо баҳонаи қатъи фаъолияти КОМ ва ИНОТ ин меъёрҳои конститутсионӣ ва арзишҳои миллиро наметавонад аз байн барад;

Прокуратураи генералии ҶТ ва дигар доираҳо қабл аз нашри изҳоротҳо ва баҳо додан
ба саҳми ин ё он ҳизбу гурӯҳ дар раванди сулҳ, ба воқеиятҳо ва санадҳои имзошуда муроҷиат мекарданд,
то саҳм ва нақши ҲНИТ ва роҳбари марҳуми он устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро дар
расидан ба сулҳу оштӣ аз рӯи инсоф арзёбӣ менамуданд;

Мувофиқи моддаи 93-и Конститутсияи ҶТ агар Прокуратураи генералии ҶТ риояи
дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон татбиқ мекард, бояд
ба қабули Протоколи 32-20 мухолифат нишон медод ва аз татбиқи он ҷилавгирӣ
менамуд;

Ҳазорон узви ҲХДТ барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун, минҷумла куштор, ришвахорӣ,
хиёнат, таҷовуз ба номус, заминфурӯшӣ, хусусигардонии ғайриқонунии моликият, ғасбу
тасарруфи моликияти давлатӣ, дуздии моликияти шахсиву давлатӣ ва дигар намуди ҷиноятҳо
гунахкор дониста шуда, бо эътирофи масъулини худи ҳизб, наздики 20 ҳазор барои
содир кардани ин кирдорҳои ношоиста аз ҲХДТ ронда шудаанд. Танҳо тайи соли 2014
мувофиқи гузориши худи мақомот, 1470 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта
шудааст, ки содиркунандагони он аксарият аъзои ҲХДТ ва кормандони масъули мақомоти
интизомӣ ва иҷроия мебошанд. Савол ба миён меояд, ки чаро дар ин бобат Прокуратураи
генералӣ бо зикри ҳизбияти ҷинояткорон изҳорот пахш намекунад ва ҲХДТ-ро масъули ин ҳама қонуншиканиҳо
намедонад?

Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИТ аризаҳои бо роҳи фишор ҷамъоваришуда ва қатъи
иҷбории фаъолияти бахшҳо ва шуъбаҳои ҳизб дар саросари кишварро, ки аз тарафи
мақомоти давлатӣ сурат гирифтааст, беэътибор ва бастани ниҳодҳои ҳизбиро ғайриқонунӣ
дониста, эълон медорад, ки онҳо асоси ҳуқуқӣ надоранд.

Фаъолияти ҲНИТ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо тибқи қонунгузории кишвар ва Оинномаи
ҳизб идома дорад.

Бо роҳи сунъӣ ва фишор қатъ кардани фаъолияти ҳизби сиёсӣ дар кишвар мухолиф
ба қонунгузори кишвар буда, ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад;

ҲНИТ дар оянда ҳам дар чаҳорчӯби Сарқонуни ҶТ ва санаду меъёрҳои дигари
ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро эътироф ва имзо гузоштааст, ҳаққи
идомаи талошҳоро барои барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои поймолшудаи
шаҳрвандони кишвар, бахусус аъзову ҷонибдоронашро дорад.

Изҳороти
Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи изтирории худ изҳороти
Прокуратураи генералӣ “оид ба муроҷиати ғайриқонунии ҲНИТ”-ро, ки рӯзи
08.07.2015 дар АМИТ “Ховар” ба нашр расидааст, баррасӣ намуда, онро дастурӣ ва
моломол аз ғаразҳои сиёсӣ дониста, ба воқеъият созгор намеҳисобад. Инчунин
тазаккур медиҳад, ки Прокуратураи генералӣ ҳамчун ниҳоди ҳуқуқӣ салоҳияти
додани чунин баҳои сиёсиро дар масъала надошт.

Вақте талошҳои ҳизб барои пайдо кардани роҳи ҳал дар дохили кишвар, аз ҷумла
зимни муроҷиат ба Прокуратураи генералӣ, ВКД, КДАМ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон, Суди Олӣ ва дар ниҳоят ба Президенти ҶТ ҷиҳати расидагӣ ба таъқибҳову
фишорҳои ғайриқонуниву ғайриахлоқии мақомот болои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб натиҷаи
мусбат надод, Раёсати Олии ҲНИТ бо дастрасӣ ба моддаҳои 10 ва 14 Конститутсияи ҶТ
водор шуд, то бо номае ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафил муроҷиат
намояд ва онро иқдоми истисноӣ ва ҳаққи қонунии худ медонад. Дар нома Раёсати
Олии ҲНИТ муносибати мақомоти давлатии Тоҷикистонро нисбат ба аъзову
ҷонибдоронаш на танҳо мухолиф ба Сарқонун, балки мухолиф ба Созишномаи умумии
истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, Санади ҳамдигарбахшӣ ва дигар санадҳои
меъёриву ҳуқуқии байналмилалӣ шуморида, аз ин созмонҳо ва кишварҳо тақозо кард,
то ба хотири ҳифзи суботу амният, ба вазъият таваҷҷӯҳ намоянд ва аз Ҳукумати ҶТ
риояи Сарқонун ва дигар қонунҳои кишвар ва эҳтиром ба Созишномаи умумии
истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро, ки мақоми байналмилалӣ дорад, талаб намоянд.

Ҳарчанд аз имзои ин санади тақдирсоз 18 сол гузашта бошад ҳам, он моҳият ва
нуфузи худро ҳанӯз аз даст надодааст. Арзишҳое мисли сулҳ, ваҳдат, озодии баён
ва раъй, ҳуқуқбунёд ва демократӣ будани давлат, ки меҳвари аслии Конститутсияи ҶТ
ва Созишомаи умумии истиқрори сулҳ ва
ризоияти миллӣ мебошанд, бо қатъи фаъолияти КОМ ё ИНОТ набояд дар кишвар аз
байн бираванд. Касе ё ниҳоде бо баҳонаи қатъи
фаъолияти КОМ ва ИНОТ ин меъёрҳои конститутсионӣ ва арзишҳои миллиро наметавонад аз байн бибарад. Хуб мебуд,
агар Прокуратураи генералии ҶТ ва дигар доираҳо қабл аз нашри изҳоротҳо ва баҳо
додан ба саҳми ин ё он ҳизбу гурӯҳ дар раванди сулҳ, ба воқеиятҳо ва санадҳои имзошуда муроҷиат мекарданд,
то саҳм ва нақши ҲНИТ ва роҳбари марҳуми он устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро дар
расидан ба сулҳу оштӣ аз рӯи инсоф арзёбӣ менамуданд.

Пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 то ба имрӯз бар асоси Протоколи
32-20 аз 24.11.2011, ки аз тарафи Шӯрои амният қабул шудааст, аъзову
ҷонибдорони ҲНИТ зери таъқибу фишор, таҳқиру тавҳини мақомоти давлатӣ қарор
доранд, ки дар ин бобат садҳо шоҳид, навор, аризаву баёнот ва гузоришҳо дар
бойгонии ҳизб маҳфуз аст. Қисмате аз ин санадҳо дар муроҷиат ба Прокуратураи
генералӣ ва шикоят ба Суди Оливу дигар ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод шуда буд. Аммо
ба муроҷиат ва шикоятҳои ҳизб мувофиқи қонун расидагӣ сурат нагирифт. Баръакс, баъди
ин муроҷиатҳо таъқибу фишор болои масъулин ва аъзои ҳизб ба маротиб афзуд, гунаҳкорони
аслии муносибати ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқӣ аз мақомот бегуноҳ ва аъзову
масъулини ҲНИТ гунаҳкор ҳисобида шуданд.

Агар таъқибу таҳқир ва фишору тавҳин ҷой намедошт, ба муроҷиатҳо ҳам эҳтиёҷ
набуд. Имрӯзҳо аксарият ба ин натиҷа расиданд, ки дар ҶТ риояи волоияти қонун
ва адолат ба ҳадде аз назар дур афтодааст, ки ҳатто мақомоти додситонӣ, додгоҳӣ,
интизомӣ ва иҷроия на танҳо ба он эҳтиром намегузоранд, балки дидаву дониста
даст ба қонуншиканӣ зада истодаанд. Ба ҳимояи ҳуқуқҳо ва манофеъи шаҳрвандони
оддӣ ва бахусус аъзо ва ҷонибдорони ҳизбҳои мухолиф таваҷҷӯҳе зоҳир намегардад,
бинобар ин бовариву эътимоди мардум нисбат ба мақомот ҳамарӯза коҳиш ёфта
истодааст. Агар Прокуратураи генералии ҶТ мувофиқи моддаи 93-и Конститутсияи ҶТ
риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон татбиқ мекард, бояд
ба қабули Протоколи 32-20 мухолифат нишон медод ва аз татбиқи он ҷилавгирӣ
менамуд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва расонаҳои ҳукуматӣ тайи солҳои ахир танҳо аз боби қонуншиканиҳои
аъзои ҲНИТ садо баланд мекунанд, дар ҳоле ки мувофиқи изҳороти Прокуратураи
генералӣ дар 5 соли ахир ҳамагӣ 45 ҷинояти аъзои ҳизб ба қайд гирифта шудааст, ки
ба ҳисоби миёна дар як сол 9 ҷиноят рост меояд, ки аксари ин парвандахо боз ҳам
бофтаву сохтаанд. Дар изҳороти Прокуратураи генералӣ дар бораи
қонунвайронкуниҳои молумулкӣ ва аз худ намудани моликияти давлатӣ аз тарафи
роҳбарияти ҲНИТ ёдоварӣ шуда, гӯё ба таври ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба иншоот ва
заминҳои атрофи беморхонаи дорои 500 кат дар ноҳияи Рудакиро аз тарафи Муҳиддин
Кабирӣ, раиси ҲНИТ мисол овардааст, ки аз воқеъият дур аст. Раиси ҲНИТ ин
иншоотро, ки аз тарафи Ҳукумати ҶТ ба фурӯш гузошта шуда буд, дар биржаи фурӯши
амволи давлатӣ бо роҳи қонунӣ харидорӣ намуда, ҳанӯз соли 1999 онро ба дигар
ашхос ҳадя карда буд. Агар соҳибмулкони баъдии иншоот, ки алҳол зери фишори
мақомот қарор доранд, солҳои 2009-2010 қитъаҳои замини тааллуқдошта ба иншоотро
фурӯхта бошанд, он ба М. Кабирӣ чӣ рабт дорад? Қазияи 150 ҳазор долларе, ки дар
изҳорот таъкид шудааст, дурӯғи маҳз ва тӯҳмат дар ҳаққи раиси ҲНИТ мебошад. Моддаи
13-и Конститутсияи ҶТ заминро моликияти истиснои давлат дониста, қонун хариду
фурӯши онро манъ кардааст, вале мардум медонанд, ки ба хариду фурӯши замин дар
кишвар намояндагонт кадом мақомот ва ҳизб машғуланд.

Модоме ки Прокуратураи генералӣ дар фикри рабт додани камбудӣ ва ҷиноятҳои
шаҳрвандон ба ҳизбҳои сиёсӣ мебошад, аз рӯи адолат мебуд, агар ба вазъияти ҳизбҳои
сиёсии дигар низ баҳои ҳуқуқӣ медод. Барои мисол, тайи солҳои ахир омори расмӣ
нишон медиҳад, ки ҳазорон узви ҲХДТ барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун, минҷумла
куштор, ришвахорӣ, хиёнат, таҷовуз ба номус, заминфурӯшӣ, хусусигардонии ғайриқонунии
моликият, ғасбу тасарруфи моликияти давлатӣ, дуздии моликияти шахсиву давлатӣ
ва дигар намуди ҷиноятҳо гунахкор дониста шуда, бо эътирофи масъулини худи ҳизб,
наздики 20 ҳазор барои содир кардани ин кирдорҳои ношоиста аз ҲХДТ ронда
шудаанд. Танҳо тайи соли 2014 мувофиқи гузориши худи мақомот, 1470 ҷинояти
коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст, ки содиркунандагони он аксарият аъзои ҲХДТ
ва кормандони масъули мақомоти интизомӣ ва иҷроия мебошанд. Савол ба миён
меояд, ки чаро дар ин бобат Прокуратураи генералӣ бо зикри ҳизбияти ҷинояткорон
изҳорот пахш намекунад ва ҲХДТ-ро масъули
ин ҳама қонуншиканиҳо намедонад?

Агар шахсиятҳои алоҳидае аз ҲНИТ ҷинояте содир карда бошанд, бо вуҷуди он
ки аксар сохтаву бофтаанд, ба ҷавобгариҳои барзиёд кашида шудаанд. Тибқи қонунгузории
кишвар, сохтор, ташкилот ва ҳизби сиёсӣ масъули амалҳои шаҳрвандии узв ё
корманд намебошанд ва ин меъёр бояд барои ҳамагон яксон татбиқ шавад. Мутаассифона,
дар кишвари мо мансубияти ҳизбии шаҳрвандон ҳангоми содир намудани камбудӣ ё ҷиноят
танҳо дар сурате ошкор карда мешавад, ки ба ҲНИТ рабт дошта бошад.

Мувофиқи моддаи 23-и Конститутсияи ҶТ “дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе
розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст”,
аммо тайи солҳои ахир мақомот садҳо мақола, тӯҳматматнома ва наворҳои хусусияти
шахсидоштаро бо роҳҳои ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ ва аз тариқи шабакаҳои
телевизионии давлатӣ ба намоиш гузошт, ки ба обруву ҳайсияти на танҳо ашхос, балки
миллати тоҷик латмаи ҷиддӣ ворид сохт. Барои бадномсозии ҲНИТ мақомот ин наворҳоро
аз номи студияи дурӯғини “Нури наҳзат” ба намоиш гузошт, дар ҳоле ки ҳизб ва
масъулини он борҳо изҳор доштанд, ки ҲНИТ студияе бо чунин ном надорад ва ин
амалҳо кори дасти мақомоти махсус мебошанд. Прокуратураи генералиро мебоист, ба
ин масъала таваҷҷӯҳ намуда, пеши роҳи қонуншиканиро
мегирифт.

Прокуратураи генералии ҶТ омилҳои аслии пайдоиши ифрот ва терроризмро канор
гузошта, ҲНИТ-ро дар ин қазия гунаҳкор қаламдод намудааст, ки ин як талоши беҳудаи
таҳрифи воқеиятҳост. Ба ҳамагон маълум аст, ки фақру бекорӣ, маошу нафақаи
ночиз, фисқу фасод, ришвахорӣ, набуди адолати иҷтимоӣ ва волоияти қонун, эҳтиром
нагузоштани мақомоти давлатӣ ба ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ ва эътиқодии шаҳрвандон
ва дигар омилҳо заминаи пайдоиш ва рушди ифротгароӣ дар ҷомеаи кишвар мебошанд
ва ин ҳама масоил на ба ҲНИТ, балки ба фаъолияти Ҳукумати ҶТ ва ҳизби ҳоким
гиреҳ мехӯрад.

ҲНИТ бо баргузории конфронсҳо, семинарҳо, мулоқотҳо бо ҷавонон ва дигар қишрҳои
ҷомеа, навиштани мақола ва баёнияҳои гуногун масъулияти худро назди ҷомеа дар
масъалаи пешгирии ифротгароӣ ва терроризм анҷом додааст ва дар оянда ҳам хоҳад
дод. Илова бар ин, ҲНИТ чанд маротиба ба мақомоти давлатӣ барои ҳамкорӣ дар ин
самт муроҷиати расмӣ намудааст ва санадхои лозима вуҷуд доранд. Ҳизб ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои ифротгаро ҳамраъй
набуд ва ҳамеша мавқеъи худро ошкору шаффоф баён кардааст, ки борҳо барои чунин
мавқеъгирии ошкор мавриди таҳдид ва тавҳин аз тарафи ин гурӯҳҳо қарор
гирифтааст. Бештар ин чорабинӣ, изҳорот, суханрониҳо ва мулоқотҳо барои
пешгирии ифротгароӣ дар байни ҳама аҳзоби сиёсӣ боз ҳам аз тарафи ҲНИТ будааст
ва нодида гирифтани ин ҳама заҳматҳо ва боз ҳам гунаҳкор донистани ҳизб дар
робита бо ифротгароӣ маънои баҳодиҳии ғаразнок ба ин масъаларо дорад.

Изҳороти Прокуратураи генералии ҶТ нақша ва ҳадафи пинҳонии баъзе доираҳоро
барои бастани ҳизб дар ояндаи наздик ошкор месозад. Бо сохтакорӣ, фишор ва таҳдид гирифтани аризаҳо ва тартиб додани
протоколҳои сохта дар бораи қатъи фаъолияти шуъбаҳои минтақавӣ ба хотири мутобиқ
гардонидани шароит ба талаботи моддаи 3-и
Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” мебошад, ки доштани аъзо ва
фаъолиятро дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои кишвар пешбинӣ мекунад. Мехоҳанд
шароитро тарзе вонамуд бисозанд, ки ҲНИТ дар аксари шаҳру ноҳияҳо фаъолияти
худро қатъ кардааст ва замина барои бардоштани масъала ба мақомоти судӣ муҳайё
гаштааст. Ин як амали ғайриқонунӣ, ғайривоқеъӣ ва ғайриахлоқӣ мебошад, ки рақибони
мо пеш гирифтаанд.

Бо назардошти ин вазъият, Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИТ дар бораи аризаҳои
бо роҳи фишор ҷамъоваришуда ва қатъи иҷбории фаъолияти бахшҳо ва шуъбаҳои ҳизб
дар саросари кишвар аз тарафи мақомот қарор қабул кард, ки аризаҳо беэътибор ва
бастани ниҳодҳои ҳизбӣ ғайриқонунӣ буда, асоси ҳуқуқӣ надоранд. Ҳамзамон, Шӯрои
сиёсии ҲНИТ эълон медорад, ки фаъолияти ҲНИТ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо тибқи қонунгузории
кишвар ва Оинномаи ҳизб идома дорад. Бо роҳи сунъӣ ва фишор қатъ кардани
фаъолияти ҳизби сиёсӣ дар кишвар ҷиноят буда, на танҳо мухолиф ба қонунгузори
кишвар мебошад, балки ноумедӣ ва нобовариро ба мақомоти давлатӣ бештар карда,
боиси рушди ифротгароӣ мегардад.

Ҳоло ҳам дер нашудааст, то ба хотири ҳамдигарфаҳмӣ, суботу оромӣ дар кишвар
мақомот даст аз қонуншиканӣ боздошта, омилони он ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, то
волоият ва эҳтироми қонун дар ҷомеа таъмин гардад. Дар ғайри сурат, ҲНИТ дар
чаҳорчӯби Сарқонуни ҶТ ва санаду меъёрҳои дигари ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии
Тоҷикистон онро эътироф ва имзо гузоштааст, ҳаққи идомаи талошҳоро барои
барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои поймолшудаи шаҳрвандони кишвар, бахусус
аъзову ҷонибдоронашро дорад.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ бар ин бовар аст, ки тамоми мушкилоти дохилии кишварро метавон
бо роҳи риояи қонун ва муколамаи созанда ҳал кард. Ҳамзамон Шӯрои сиёсии ҲНИТ
умедвор аст, ки тамоми мақомоти давлатӣ муносибати худро нисбати ҲНИТ дар қолаби
Конститутсияи кишвар, санадҳои ҳуқуқи ва рӯҳияи Созишномаи умумии истиқрори
сулҳ ва ризоияти миллӣ ба роҳ монда, аз сиёсатҳои душмантарошӣ, ихтилофандозӣ ва тафриқаҷӯӣ байни қишрҳои ҷомеа
даст мекашанд. Инчунин худро масъул танҳо назди қонун, миллат ва Ватан дониста,
аз хидмат ба гурӯҳҳо ва шахсиятҳои алоҳида парҳез хоҳанд кард.

Шӯрои
сиёсии ҲНИТ,

ш.
Душанбе, 09.07.2015

More From Author

You May Also Like