Шӯъбаи маънавиёт ҳам руйхати аъзоёни ҲНИТ ро мехоҳад

Шӯъбаи маънавиёт ҳам руйхати аъзоёни ҲНИТ ро мехоҳад

Раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Хуросон, Зайниддин Ҳаётов шикоят аз он мекунад, ки аз Шӯъбаи маънавиёти ҳукумати ноҳия аз ӯ талаби рӯйхати аъзоёни ҳизбро мекунанд. Ин ҳам ба он далел аст, ки аъзоён дар рафти Интихоботи парлумонӣ чун нозир ва ё вакил ширкат доштанд. Ба гуфтаи худи Ҳаётов “аз Шӯъбаи маънавиёти ҳукумати ноҳияи Хуросон ба ман гуфтанд, ки сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ ба онҳо мактуб ирсол кардааст, ки рӯйхати аъзоёни ҳамаи ҳизбҳо ва макони истиқомати онҳо бояд пешниҳод карда шавад. Аммо ман ба ин розӣ нашудам, вале онҳо гуфтанд, ки ҳади ақал рӯйхати ташкилотҳои ибтидоиро диҳам. Ба инаш ҳам розӣ нашуда, гуфтам, ки то мактуби расмӣ наоранд, ман коре нахоҳам кард”. Ҳамчунин номбурда илова мекунад, ки аз дирӯз то ҳол наздики 10 маротиб мешавад, ки ба ӯ занг зада, талаби рӯйхати аъзоёни ҳизбро мекунанд. “2-3 нафар аз аъзоёни фаъоли мо, ки дар рафти Интихоботи парлумонӣ нозир ва ё номзад ба вакилӣ буданд онҳоро ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ даъват карда гуфтаанд, ки ҳамин корҳо чӣ лозим аст. Магар шумо оромии кишварро намехоҳед, аз ҳизб бароед. Аммо мо гуфтем мо оромиро аз шумо зиёдтар мехоҳем. Аъзоёни мо даст аз аъзогӣ накашиданд ва мо низ рӯйхати онҳоро пешниҳод накардем”.

Дар ҳамин ҳол масъули бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ховалинг ҳам аз фишорҳо болои аъзоёни ҳизб шикоят мекунад. Ӯ таъкид бар он намуд, ки ҳатто корхонаи бародари аъзои ҳизбро иҷозати фаъолият намедиҳанд. Ӯ дар барои роҳандозии ин корхона шояд бештар аз 1 миллион сомонӣ харҷ кардааст, аммо ҳоло корхонаашро бастаанд. Барои хориҷ кардани аъзоёни ҲНИТ аз сафи ҳизб аз тамоми василаҳо истифода бурдаистодаанд.

Дар бораи фишорҳо дар вилояти Суғд бошад ҳоҷати гап нест. Ҳатто баъзе аъзоёни ҲНИТ ро чанд рӯз боздошт ҳам кардаанд.

Ин раванди носолим чандест дар саросари кишвар идома дорад. Ҳатто аз баъзе шахсон талаб намудаанд, ки барои аъзо набуданашон дар ҲНИТ номаи расмӣ биёранд. Ҳоло тамоми мардуми кишвар ба ин фикр мекунанд, ки наҳзати исломӣ ҳамчун як ҷониби сулҳ ва як ҳизби расмии сабтиномшуда дар кишвар чаро ингуна мавриди фишору таҳдид қарор гирифтааст? Ғайр аз ширкат дар интихобот магар ин ҳизб дигар чикор кардааст, ки бо он чунин муносибатро раво мебинанд? Агар ширкат дар интихобот, узвият дар ҳизби сиёсӣ ва фаъолияти сиёсӣ ба ҷуз як “гурӯҳи хос” барои дигарон ҷиноят бошад чаро инро расман барои ҳамагон эълон намекунанд?

More From Author

You May Also Like