Ҷасур Абдуллоев
Ришдор шояд қабул бошад, аммо сатрпӯш не… (1)
ҲНИТ ва тарс
Мавзӯи дигаре, ки мавриди баҳс ва андешарониҳо қарор гирифт ин тарс аз ҲНИТ буд. Ба андешаи баъзе аз иштирокдорони мизи гирд, сабаби асосии ҳамкории зич надоштани ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҲНИТ ин ҳамон эҳсоси тарс аз ин ҳизб аст, ки талқин карда мешавад. Пеш аз ҳама гузаштаи начандон дур ва иштироки он дар кашмакашҳои солҳои ҷанги дохилӣ арзёбӣ гардид.
Лидия Исамова низ маҳз ҳамин нуктаро муассир маънидод кард ва гуфт: «Аз ҲНИТ мисли 20 соли қабл бештари нафарон метарсанд. Шумо бояд андешаи паҳнкардаистодаии мақомот, ки «гӯё ҲНИТ ҳизби ҷинояткор аст» аз байн бубаред ва худро аз ҷиҳати мусбат ва ҳамчун ҳизби адолатпарвар муаррифӣ кунед». Яъне ҳоло низ ҲНИТ-ро чун ҳизби «хатарнок» муаррифӣ мекунанд ва ин боиси дурӣ ҷустани ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҲНИТ шудааст.
Ин суханони Исамова воқеан барои андеша кардан аст. Зеро имрӯз низ ҲНИТ замоне аз расонаҳои давлатӣ ном гирифта мешавад, ки ягон аъзои он ҷиноят содир кунад ва ё дар ҷинояте алоқаманд бошад. Махсусан, ҳангоме, ки воқеаҳои Рашт ва Хоруғ рух доданд, ҷинояткорони дастгиршударо бештар ба ҲНИТ мансуб ва алоқаманд муаррифӣ мекарданд.
Аммо Ойниҳол Бобоназарова таъкид дошт, ки замони бо Ислом тарсонидани одамон гузаштааст: «Ман фикр мекунам, ки вақти бо Ислом тарсонидани мо гузаштааст. Ин солҳои пеш буд, ки бо Ислом метарсониданд, имрӯз ин таҷриба ба кор намеравад. Аммо вақте кор карда наметавонанд ва қудрат надоранд, бояд гуноҳро ба касе бор кунанд».
Аммо дар ин баҳс сухани ниҳоиро Қироншоҳ Шарифзода, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» баён кард. Ӯ гуфт: «Имрӯз Кабирӣ ё Зойиров агар гӯянд, ки шир сафед аст, бовар намекунанд».
ҲНИТ ва зан
Яке аз мавзӯҳои доимие, ки дар нишастҳову ҷаласаҳои ҲНИТ ҳамеша мавриди баҳс қарор мегирад, ин мақоми зан дар ҷомеа ва ҲНИТ буд. Лидия Исамова пешниҳод кард, ки бояд занҳои аъзои ҲНИТ фаъол бошанд ва барои фаъол шудани онҳо худи ҲНИТ шароит муҳайё кунад, зеро имрӯз бисёре аз ташкилотҳои ғайридавлатиро занҳо роҳбарӣ мекунанд ва агар занҳои ҲНИТ фаъол бошанд, бо роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатӣ алоқаи зичро ба роҳ мемонанд ва бо ин робитаи ҲНИТ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ қавитар мегардад: «ҲНИТ занҳои машҳури аъзоро бояд тарбия кунад. Дар ин сурат ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, тавассути занҳои фаъол, бештар ба ҲНИТ бовар мекунанд ва ҳамкориро густариш медиҳанд».
Ойниҳол Бобоназарова низ ба ин нукта таваҷҷӯҳ кард, аммо ӯ паҳлӯи дигари масъаларо матраҳ намуд. Ӯ гуфт: «Имрӯз ними аъзоёни ҲНИТ-ро занҳо ташкил медиҳанд. Ман ба Кумитаи кор бо занон пешниҳод карда будам, ки бо занони ҲНИТ бояд ҳамкорӣ кунанд, аммо нашуд. Онҳо ҳамкорӣ накарданд. Ба қавле, аз ҳамон мақоли «бо мо нестӣ, душман ҳастӣ» кор гирифтанд».
Аммо масъалаи дигареро низ Ойниҳол Бобоназарова пеш гузошт. Ӯ гуфт: «Як нуқтаи дигар ин аст, ки вақте дар рӯзномаҳои ғайридавлатӣ озмун мегузаронанд, Зарафо Раҳмонӣ ҳамеша ҷойи аввалро ишғол мекунад. Аммо вақте интихобот наздик мешавад ва сухан сари номзад меравад, Зарафо Раҳмонӣ дар мақоми хеле поёни рӯйхати ҳизбӣ ҷой дода мешавад. Фикр мекунам, ки ин нукта бояд ба инобат гирифта шавад. Аққалан Зарафо дар сегона ҷой дода шавад ва ин ба боло рафтани нақши занон дар ҲНИТ мусоидат мекунад».
Пас аз ин суханони Бобоназарова як нафар аз иштирокчии мизи гирд, ки худро Субҳия муаррифӣ кард, аз Муҳиддин Кабирӣ пурсид, ки «Дар ҲНИТ ягон нафар ҷонишини раис зан ҳаст?»
Муҳиддин Кабирӣ ба эроди Ойниҳол Бобоназарова ва суоли хонум Субҳия якҷо посух дод: «Ҷомеаи мо, аслан ҷомеаи мардсолор аст. Мо ба ин чиз одат кардаем. Ин андеша дар мо шакл гирифтааст ва бисёр вақт фикр мекунанд, ки ин аз Ислом манша мегирад. Аммо ин фикри хато аст ва ин тавр нест. Имрӯз мо худамон ба ин одат кардаем, на Ислом моро маҷбур кардааст.
Ман фикр мекунам, ки барои боло бардоштани мақоми зан квота ва ба ин монанд мақомҳои сунъӣ сохтан ба фоидаи кор нест. Гумон мекунам, ки ин чиз бояд табиӣ бошад. Яъне мақоми зан бояд ба таври табиӣ боло бардошта шавад. Имкон фароҳам оварда шавад, то занҳо тавонанд мавқеи худро мустаҳкам намуда, фаъолтар гарданд. Аммо то ба ин сатҳ расидан бояд ба занҳо як каме имтиёз дода шавад. Ин таҷриба дар давлатҳои дигар низ истифода карда мешавад. Ман ҳам ба андешаи шумо розӣ ҳастам, ки ба занҳо низ мақомҳои болоро дод»,-изҳор дошт Кабирӣ.
Дар рӯйхати ҳизбӣ мақоми 9-ум доштани Зарафо Раҳмониро шарҳ дода, инро натиҷаи интихоботи дохилиҳизбӣ маънидод кард. Ба гуфти Кабирӣ, Зарафо дар интихоботи дохилиҳизбӣ мақоми 17-умро соҳиб шуда буд. Аммо иқрор шуд, ки худи ӯ ҳам аз фишангҳои раисиаш истифода карда, кӯшиш кардааст, ки Зарафо Раҳмонӣ дар мақоми болотар ҷойгир карда шавад. Ӯ гуфт: «Мо метавонистем Зарафо Раҳмониро дар мақоми 3 ё 5 гузорем, аммо баъзе аз дӯстон ва рафиқон маслиҳат доданд, ки парлумони имрӯзи кишвар омода нест, ки як зани ҳиҷобпӯшро қабул кунад. Шояд марди ришдорро қабул кунад, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ зани ҳиҷобдорро қабул карда наметавонад ва имрӯз ба ин омода нест».
Муҳиддин Кабирӣ танзомез, вале хеле маънидоронаву ошкоро илова кард: «Аз ин сабаб мо Зарафо Раҳмониро дар мақоми болотар гузошта натавонистем ва дар ҷойи нӯҳум гузоштем. Ба он хотир, ки шояд ба мо дар парлумон ҳашт ҷой медиҳанд. Гумон кардем, ки агар Зарафо Раҳмонӣ ҳарчӣ дар мавқеи болотар қарор гирад, ҳамон қадар намояндаи мо камтар ба парлумон ворид мешавад. Агар дар мақоми аввал мегузоштем, умуман ҷой намедоданд».
Охирсухан
Ҳарчанд мавуи мизи гирд «Нақши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» унвонгузорӣ карда шуда буд, аммо тавре қайд гардид, бештар ба дигар мавзӯъҳо таваҷҷӯҳ карда шуд. Дар охири мизи гирд, боз ба мавзӯи асосӣ таваҷҷӯҳ карда шуд ва иштирокдорон пешниҳодҳо ва хулосаҳои худро иброз доштанд. Ойниҳол Бобоназарова таъкид кард, ки имрӯз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон камфаъол аст. «Вақте грант дорад кор мекунад, вақте надорад кор намекунад. Агар кадоме, ки овоз мебарорад мебанданд, мисли созмони «Ампаро» дар Хуҷанд»,-гуфт ӯ.
Зиннатуллоҳи Исмоил пешниҳод кард, ки ҲНИТ бояд аз имкониятҳои ВАО хубтар истифода кунад: «Имрӯз, новобаста аз он ки Кабирӣ дар нашрияҳои хусусӣ мусоҳибаву назарҳои фаровон медиҳад, аммо аз имкониятҳои ВАО, махсусан телевизион ва радиоҳои хусусӣ ба таври кофӣ истифода намекунад».
Сайидиброҳими Назар, яке аз аъзоёни ҲНИТ дар охири нишаст хоҳиш кард, ки чанд «гила»-и худро иброз намояд. Ӯ аз кам таваҷҷӯҳ кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҲНИТ ва амалҳои он изҳори ташвиш кард ва пурсид: «Чаро ҷомеаи шаҳрвандӣ ҲНИТ-ро дастгирӣ намекунад? Дар ҳоле, ки мегӯед ҲНИТ бояд ҷомеаи шаҳрвандиро дастгирӣ кунад. Масалан, ҳангоме ки Қонуни интихоботро таҳия ва ба парлумон пешниҳод кардем, ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷӯҳ зоҳир нанамуд ва моро дастгирӣ накард. Ва ё вақте маълум аст, ки мо ҳақем чаро дастгирӣ ва пуштибонӣ намекунанд? Масалан, раиси ҲНИТ-ро ба додгоҳ кашиданд, ҳама медонад, ки мо ҳақем, аммо касе аз мо ҷонибдорӣ намекунад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ин нест, ки грант гириву корҳои назарногир кунӣ, бояд ҷиддӣ кор кард».
Ба ин эътирози Сайидиброҳими Назар, роҳбари ташкилоти «Журналист» Қироншоҳ Шарифзода низ ҳамроҳ шуд ва гуфт: «Ба умеди ягон гранти хориҷӣ нашавед, ки онҳо барои идеяҳои миллӣ ва ормонҳои мо маблағ намедиҳанд. Сайидиброҳими Назар дуруст мегӯяд, ки ягон ташкилоти ғайридавлатӣ аз қонуни пешниҳоднамудаи ҲНИТ ва аҳзоби дигар пуштибонӣ накард».
Ойниҳол Бобоназарова дарҳол таъкид намуд, ки онҳо ду қонун омода кардаанд ва мехоҳанд аз ҲНИТ, ки дар парлумон намоянда дорад, истифода карда, онро пешниҳод намоянд.
Новобаста ба баҳсҳои доманадор ва андешарониҳои зиёд, боз ҳам мавзӯи аслӣ кушода нагардид ва ин нуктаро Кабирӣ низ зикр кард. Ӯ гуфт: «Ба суоли асосӣ посух пайдо карда натавонистем, ки оё дар Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандӣ воқеан вуҷуд дорад ва агар ҳа, оё он шакл гирифтааст? Нақши ҲНИТ дар рушду шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ то кадом андоза муассир аст?»
Кабирӣ формулаи «Давлати қавӣ ин яъне ҳукумати қавӣ-ҳизбҳои сиёсии қавӣ-ҷомеаи шаҳрвандии қавӣ»-ро пешниҳод кард ва гуфт, ки агар ҳукумат мехоҳад, ки худ қавӣ бошад, бояд ҳавасманд бошад, ки дар муқобили он ҳизбҳои сиёсии қавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии қавӣ шакл гиранд. Агар ҲНИТ мехоҳад, ки худ қавӣ бошад, бояд ҳавасманд бошад, ки ҳукумати қавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии қавӣ вуҷуд дошта бошад.
Хулосаи Кабирӣ ҳам чунин буд, ки чандин нафар, аз ҷумла сиёсатмадорон ва муҳаққиқон вақтҳои охир ҳамеша онро таъкид мекунанд: «Дар Тоҷикистон имрӯз ҷомеаи шаҳрвандӣ қавитар аз дигар пояҳои давлат аст. Махсусан, ВАО-и ғайридавлатӣ хеле фаъол ва қавӣ ҳаст, ки ҳатто ҳукумат ва ҲНИТ он қувваро надоранд».
“Самак”