– Ҷаноби сафир, дар як мусоҳибаи Шумо хондам, ки Иттиҳоди Аврупо тӯли 20 соли ҳамкориҳо бо Осиёи Марказӣ дар тамоми самтҳо муваффақ будааст. Мехостам самтҳои аслии муваффақият ва омилҳои онро ошкортар баён намоед …
– Агар бигӯям, ки ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар тамоми ҷабҳаҳо комилан бомуваффақиятанд, муболиға мешавад. Аммо дар якҷоягӣ мо корҳои зиёдеро анҷом додаем.
Аз ибтидо, яъне шуруъ аз соли 1992 году, мо чорчӯбаи ҳамкориҳоро таҳия намудем, ки дар асоси он доираи васеи масъалаҳои сиёсӣ ва тиҷоратии дохилию минтақавиро баҳсу баррасӣ менамоем ва дар ҳамкорӣ барномаи . муҳимеро пиёда месозем Қабули санади стратегии “Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: Стратегияи мушорикати нав”. дар моҳи июни соли 2007 назокатҳои муносибат байни Тоҷикистон ВА Иттиҳоди Аврупоро ҷоннок КАРД Аз 1-уми январи соли 2010 ба баъд санади асосии пешбарандаи муносибатҳо бо Тоҷикистон «Шартномаи мушорикат ва ҳамкорӣ »мебошад (то ин давра« Шартномаи савдо ва ҳамкорӣ »вуҷуд дошт).
Баъдан ба муносибатҳои сиёсии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон бармегардем, ҳоло мехоҳам дар бораи ҳамкориҳои молиявӣ чанд сухан бигӯям. Иттиҳоди Аврупо пешниҳоди кӯмакро ба Тоҷикистон аз соли 1992 году, пас аз мустақил гаштани Тоҷикистон оғоз намуда, дар ду даҳсолаи охир, тақрибан ба маблағи 600 миллион евро кӯмак расонидааст. Дар ибтидо чунин кӯмакҳо башардӯстона ва барои ба эътидол овардани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ нигаронида шуда буданд, аммо баъдтар ин дастгириҳо ба барномаи дарозмуддати кӯмак барои рушд табдил ёфтанд .
Лоиҳаҳоеро дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъӣ метавон ҳамчун намунаи ҳамкориҳои муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон номбар кард. Мехоҳам ба таври мушаххас дар мавриди ҳамкориҳои молиявӣ зикр намоям. Аз соли 2004 Иттиҳоди Аврупо саъю талошҳои давлати Тоҷикистонро барои пиёда сохтани як низоми самарабахш ва муассири ҳифзи иҷтимоъӣ пуштибонӣ менамояд. Барқарорсозии зерсохтори ниҳоди ҳифзи иҷтимоӣ, таъминоти воситаҳои зарурӣ ва нишон додани вокуниш ба вазъи душвори мардуми маҳаллӣ аҳамияти хоса доштанд.
Аз соли 2008 Барномаи стротежии дастгирии бахши ҳифзи иҷтимоъӣ, рушди хадамоти он ки ҷиҳати пуштибонии ислоҳоти кӯмакрасони иҷтимоъӣ (имтиёзҳои иҷтимоии мақсаднок ), рушди хадамоти иҷтимоъӣ, ки барои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ва пиронсолон равона шудаанд, инчунин сиёсатҳои марбут ба бозори меҳнат мусоидат менамояд.
Иттиҳоди Аврупо аз соли 2007 низоми тандурустии Тоҷикистонро асосан аз тариқи пешниҳоди кӯмак дар мавриди таҳияи лоиҳаи Стротежии миллии тандурустӣ барои солҳои 2010 – 20 ҷиҳати беҳдоштии раванди буҷа, чорчӯбаи хароҷоти миёнамуҳлат, баргузории мониторинг бо истифода аз системаи бештари муассир ва боэътимоди идоракунии иттилоотии соҳаи тандурустӣ ва барои беҳсозии тасмимҳои сиёсӣ бар асоси далелҳо дастгирӣ мекунад.
Аз соли 2011 Иттиҳоди Аврупо бастаи мукаммалро доир ба ҳифзи тандурустӣ ва иҷтимоъӣ тавассути Барномаи дастгирии рушди инсон (бо маблағи 26 миллион евро) дар шакли ёрии молӣ, тақвияти тавонмандиҳо барои ислоҳоти ин соҳаҳо ва кӯмак ба ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ барои мувофиқату пайвастагии шаклҳои гуногуни ёрӣ дар ин бахшҳо дастгирӣ менамояд.
Аз соли 2008 Иттиҳоди Аврупо барои рушди бахши хусусӣ дар соҳаи кишоварзӣ кӯшиш ба харҷ дода, 7 миллион евро ба лоиҳаи рушди бахши хусусӣ пешниҳод кардааст. Аз ибтидо компоненти марҳалаи 2-и чорчӯбаи молии соҳаи кишоварзии дар Тоҷикистон (ТАФФ II (TAFF II) – амалишавандаро аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷонибдорӣ карда, дастрасии хоҷагиҳои деҳқониро ба захираҳои молӣ барои харидани воситаҳои истеҳсолӣ беҳ мегардонад ва ба онҳо доир ба тадбирҳои самаранок маслиҳатҳо медиҳад.
Лоиҳаи дигар «Равзанаи ягонаи бақайдгирии соҳибкорӣ» аст, ки он бақайдгирии соҳибкориҳои навро осон ва босуръат мегардонад. Кишвар мавқеъи худро дар «Пешбурди соҳибкорӣ» дар соли 2011 («Doing Businеss») беҳ гардонидааст, ки Тоҷикистонро аз ҷои 149 дар соли 2010 ба ҷои 139 боло бурд (дар байни 183 кишвар).
Лоиҳаи «Дастгирии ташкил кардани равзанаи ягона барои расмиёти содирот , воридот ва транзит », ки соли 2012 оғоз шуд, ба соддагардонии фаъолиятҳои савдои хориҷии тоҷирон кӯмак менамояд. Барномаи ояндаи «Тақвияти рақобатпазирии агробизнеси Тоҷикистон», ки ба он 16 миллион евро ҷудо шудааст, занҷираи мушаххаси арзишро дар кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тавассути кӯмакҳои техникӣ ва грант дастгирӣ намуда, бо ҳамин роҳ диверсификатсия ё гуногунии ҳарду бахшро таъмин менамояд.
-. Фикр мекунам, стратегияи Иттиҳоди Аврупо нисбати тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ягона аст . Вале агар дар усул ягона бошад ҳам, эҳтимол Дар услубу авлавиятгузориҳои масоил барои Як давраи хос Дар нисбати кишвари алоҳида фарқ вуҷуд дорад ОЕ ҷойгоҳи Тоҷикистонро Дар Ин раванд чӣ Гуна арзёбӣ мекунед ?
. – Ба ғайр аз стратегияи минтақавӣ Иттиҳоди Аврупо, дар воқеъ, БО ҳар Як кишвари Осиёи Марказӣ барномаҳои дуҷониба дорад Дар доираи ҳамкориҳои рушд БО Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупо барномаи Нави худро, ки имсол оғоз мешавад, ба се бахш равона хоҳад кард: тандурустӣ, маориф ва таҳсилоти касбӣ, инчунин рушди деҳот. Иттиҳоди Аврупо барои ҳамкориҳои дуҷониба дар муқоиса бо давраи қаблӣ маблағи бештар ҷудо хоҳад кард.
Ҳамчун ҷузъи ҳамкориҳои дуҷониба ИА муколамаи сиёсии худро бо Ҳукумати ҶТ идома медиҳад, маҳз дар мавриди ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун ба таври мунтазам табодули назар хоҳад кард. ИА чунин назар дорад, ки демократия ва ҳуқуқи инсон арзишҳои байналмилалӣ мебошанд ва ба таври қавӣ бояд дар саросари ҷаҳон баланд бардошта шаванд. Ин арзишҳо дар раванди корҳои муассири паст кардани сатҳи камбизоатӣ, пешгирӣ ва ҳаллу фасли низоъҳо ҷузъи таркибии фаъолият қарор мегиранд. Мо кӯмаки худро ба ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ тавассути «Санади аврупоии демократия ва ҳуқуқи башар (САДҲБ ё ЕИДПЧ) давом медиҳем ва онҳоро ташвиқ менамоем, то баҳри идоракунии беҳтар ва рушд фаъолона ширкат намоянд.
Бар замми ҳамкориҳои дуҷониба ИА ҷоннок сохтани муколамаи минтақавиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути иқдомҳои мухталифи минтақавӣ, ба монанди «Иттиҳоди Аврупо – ибтикори волоияти қонун дар Осиёи Марказӣ» ва «Иттиҳоди Аврупо – барномаи мудирияти сарҳадот дар Осиёи Марказӣ».-РО идома хоҳад ДОД Ҳамчунин кӯмаки худро Дар муколамаи сиёсӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ идома бахшида, ташкил намудани ҷаласаҳои солонаи вазирони корҳои хориҷиро барои табодули назар доир ба мавзӯъҳои гуногуни минтақавӣ пешниҳод хоҳад кард.
-. Баҳси коррупсия ВА омилҳои ОН Дар тамоми маҳфилу минбарҳои Тоҷикистон ҷой дорад ОЕ ҳамкорӣ БО Иттиҳоди Аврупо Ба коҳиш пайдо кардани ОН таъсир гузошта метавонад ВА Аслан, назари Шумо нисбати ин масъалаи доғи рӯз чист?
-. Коррупсия масъалаест, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ таъсир дорад . Барои мисол, ИА ба наздикӣ гузориши нахустини васеъи худро оид ба мубориза алайҳи коррупсия пешниҳод кард, ки коррупсияро ҳамчун чолиши идомадор Дар дохили Аврупо низ таъкид месозад Ҳукумати ҶТ ҳам коррупсияро ҳамчун чолиш эътироф менамояд ва феълан барои таҷдид намудани стротежии худ ба муқобили коррупсия кор карда истодааст. Барои ҳар кишвар эътироф намудани чолишҳо масъалаи аввалиндараҷа аст, дар акси ҳол, барои андешидани тадбирҳо ва ҳалли ин масъала қодир нахоҳад буд.
Фикр мекунам, дар Тоҷикистон ба таври шаффоф ҳал намудани ин масъала дар якҷоягӣ бо шарикони ҳукумат имконпазир аст.
Тавассути ҳамкориҳои рушд ИА дар якҷоягӣ бо дигар донорҳо ҳукуматро барои гузаронидани ислоҳот дар бахши идоракунии молии давлатӣ дастгирӣ менамояд. Дар ин маврид бо Ҳукумати ҶТ доир ба муаррифӣ намудани чорчӯбаи хароҷоти миёнамуҳлат кор кардан мумкин аст. Бо кӯмаки техникии ИА, принсипҳои роҳнамои чорчӯбаи хароҷоти миёнамуҳлат, дастурҳо тарҳрезӣ ва қонуни нав оид ба молияи давлатӣ таҳия шуда, аз моҳи июни соли 2011 бо назардошти ҳамин принсип эътибори худро пайдо кард. Бо ташкил намудани системаи хуб асоснокшуда шаффоф ва гузоришдиҳанда идоракунии захираҳои давлатӣ бар пояи беҳтарин таҷрибаҳои байналмилалӣ ҷиҳати таҳияи буҷа, мониторинг ва иҷрои он ҳадафи дарозмуддат буда, роҳбариро дар сатҳи баланд ва ҳисси масъулияти соҳибкориро ба он талаб мекунад. Ин амал ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки тақсимоти захираҳои буҷавиро беҳтар роҳандозӣ ва авлавиятгузорӣ намуда , таъсири иқтисодӣ ва иҷтимоъии онҳоро афзоиш бахшад. Дар ҳоле ки пешравиҳо дар сатҳи идорӣ ва техникӣ ба даст омадаанд, акнун чолиши асосӣ тағйир додани шеваи кор ва тарзи фикрронии хидматчиёни давлатиест, ки дар ин самтҳо фаъолият менамоянд. Онҳо бояд услубҳои нави кориро ба пуррагӣ татбиқ намоянд. Ҳамчун қисми кор доир ба идоракунии молиявии давлатӣ ИА ва Ҳукумати ҶТ инчунин барои беҳсозии тавонмандиҳои аудити дохилии дастгоҳи ҳукумат кор карданд.
-. Яке аз самтҳои аслии стратегии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ бархӯрд ба чигунагии вазъи ҳуқуқи инсон аст, вале аз чӣ бошад, ки онро нисбати Тоҷикистон дар ҳошия мебинем, далел қазияи Зайд Саидов АСТ Бубинед, тӯли соли гузашта ин масъала дар сархати хабарҳои ВАО қарор дошт ва тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқии он, ҳатто ҳукми ниҳоии судӣ ношаффофу хилофи меъёрҳои қонунгузории дохилӣ ва байналмилалӣ сурат гирифтанд. Чаро ин раванд сазовори вокуниши намояндагии Иттиҳоди Аврупо қарор нагирифт?
-. Иттиҳоди Аврупо ҳуқуқи башарро ҳамчун яке аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати хориҷии худ муайян кардааст ва бешак, Ин масъала яке Аз компонентҳои асосии сиёсати Иттиҳоди Аврупо Дар Тоҷикистон АСТ Иттиҳоди Аврупо рушди ҳуқуқи башарро Дар Ин кишвар Аз наздик назорат менамояд ВА доир Ба Ин мавзӯъ БО мақомоти Тоҷикистон муколамаро пеш мебарад. Муколама оид ба ҳуқуқи башар байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон соли 2008 шуруъ шудааст. Фаъолияти ҳамасола дар ин самт имкон медиҳад, ки бо Ҳукумати ҶТ баҳсу баррасиҳои ошкору возеҳ доир ба ҷанбаҳои мухталифи ҳуқуқи башар сурат бигирад, аз ҷумла дар мавриди интихоботи демократӣ, озодии ВАО, озодии дин, дастрасӣ ба суди одилона, озодӣ аз шиканҷа, бекор кардани ҳукми қатл, ҳимояи ҳуқуқи зан ва кӯдак ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ.
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар якҷоягӣ бо давлатҳои узви ин иттиҳод, ки дар Тоҷикистон ҳузур доранд ( Фаронса, Олмон ва Британиё) зуд-зуд нигарониҳои худро роҷеъ ба масъалаҳои хоси ҳуқуқи башар тавассути изҳороти оммавӣ иброз медорад. Изҳоротҳои охирин ба зуд ва ҳамаҷониба тафтиш шудани қазияи ҳабс ва ба қавле, латукӯб шудани ҷаноби Абдураҳим Шукуров, наворбардори «Озодагон» ва ҳукми суд нисбат ба нашрияи «Азия Плюс» тааллуқ доштанд. Масъалаҳои ҳуқуқи башар дар доираи ҷаласаҳои баландпояи сиёсӣ бо ҷониби Тоҷикистон, ба монанди Кумитаи ҳамкорӣ ва Шӯрои ҳамкорӣ, инчунин дар рафти боздидҳои мухталифи шахсони расмии Иттиҳоди Аврупо аз кишвар, амсоли боздиди намояндаи олимақом, ноиби президенти комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Эштон (моҳи ноябри соли 2012) баррасӣ шуданд.
Бар замми муколамаи сиёсӣ Иттиҳоди Аврупо барои дастгирӣ намудани Тоҷикистон дар ислоҳоти баргузоршаванда дар соҳаи ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти қонун таваҷҷуҳ дошта, таҷрибаву воситаҳо, бахусус аз тариқи маблағгузорӣ, ҳамкориҳои техникӣ ва лоиҳаҳои мушаххасе, ки зери санади аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқи башар маблағгузорӣ мешаванд, аҳамият зоҳир менамояд.
Намояндагӣ лоиҳаҳои гуногунро дар Тоҷикистон барои ҳавасманд сохтани системаи сиёсии чандандешӣ маблағгузорӣ намуда, ҳамзамон нақши ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандиро тақвият мебахшад. Ҷонибҳои асосии барнома ТҒД-и миллӣ ва байналмилалӣ мебошанд . Дар доираи охирин даъват барои пешниҳоди лоиҳаҳо, ки моҳи декабри соли 2013 анҷом ёфт, намояндагӣ ба маблағгузории 5 лоиҳа ба андозаи умумии 1 миллиону 397 ҳазору 837 евро дар соҳаи озодии ВАО, ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳимояи ҳуқуқи паноҳандагону паноҳҷӯён ва шахсони бетабаъият, баланд бардоштани ҳуқуқи иҷтимоъӣ ва иқтисодии занони маҳбус, инчунин тақвияти тавонмандиҳои созмонҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ шуруъ кард.
Дар якҷоягӣ бо дигар ҷонибҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ Иттиҳоди Аврупо ҳамеша барои таъсис додани дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон (2009), ҳамкории зичи он бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ (2013), қабули қонун дар бораи зӯроварии хонаводагӣ (2012), ҷиноят наҳисобидани (декриминализация) туҳмат (2012), тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ дар мавриди шиканҷа, тартиб додани нақшаи миллӣ оид ба амалигардонии тавсияҳои Шӯрои Амнияти СММ роҷеъ ба ҳуқуқи инсон дар солҳои 2013-2015, ки ин нақша бо фармони Президенти ҶТ аз моҳи апрели соли 2013 тасдиқ шуд, кӯшиш ба харҷ додааст. Моҳи феврали соли 2014 году, Парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳоро ба Қонун «Дар бораи интихоботи Маҷлиси олӣ» пуштибонӣ кард. Аз чунин ҷараёни мусбат мо ниҳоят хушҳолем.
-. Баргузории интихобот Дар Тоҷикистон Ба ҷанбаҳои ҳуқуқи инсон низ дахл пайдо мекунад Бо дарназардошти раванди интихобот ВА иштироки ҳизбҳои сиёсӣ Дар ОН Шумо гуфта метавонед, ки ҳамкориҳои сиёсӣ бо ваъдаи ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар Брюссел мувофиқ аст?
Чигунагии доир кардани интихоботҳо дар Тоҷикистон, тавре ишора рафт, ҷузъе аз ҳуқуқҳои инсон ба шумор мераванд. Оё раванди интихоботҳо ва ширкати аҳзоби сиёсӣ дар онҳоро дар пасманзари ваъдаҳои ҷаноби Э. Раҳмон дар Брюссел мутобиқ ба ҳамкориҳои сиёсӣ метавон арзёбӣ кард?
– Боло бурдани интихоботи демократӣ яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аст. Иттиҳоди Аврупо борҳо мақомоти Тоҷикистонро ба муколамаи созгор бо ҷонибҳои манфиатдори ин масъала ва гузоштани гомҳои муассир барои мутобиқ сохтани чорчӯбаи интихобот ба меъёру тавсияҳои САҲА ДИДҲБ ташвиқ кардааст . Мо ба ин боварем, ки эҷод намудани як механизми самарабахши муколама байни ҳукумат ва мухолифин дар Тоҷикистон муҳим мебошад.
Иттиҳоди Аврупо интихоботи президентии соли 2013-ро мушоҳида кард. Сухангӯ ва намояндаи олии он хонум Кэтрин Эштон доир ба интихобот дар Тоҷикистон баёнияеро пахш кард, ки дар он Тоҷикистон ба имконият додан ба баргузории интихоботи озод, демократӣ, фарогир ва шаффоф даъват шуда, аҳамияти озодии ВАО ва озодии сухан таъкид мегардад. Намояндаи олӣ бо такя ба хулосаҳои Миссияи нозирони байналмилалии интихоботии САҲА-ДИДҲБ зикр намудааст, ки интихоботи президентӣ дар фазои ором баргузор шуд, аммо маҳдудияти бақайдгирии номзадҳо бар адами интихоби воқеъӣ ва плюрализми бояду шояд натиҷа шуд. Ҳамчунин таассуф аз он намудааст, ки тавсияҳои қаблии ДИДҲБ пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон иҷро нашуданд ва такроран даъват аз он шуда, ки он тавсияҳо ба пуррагӣ амалӣ гарданд.
Намояндаи олии ИА бо муроҷиат аз мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон гуфтааст, маҳдудиятҳо ва норасоиҳои дар изҳороти САҲА-ДИДҲБ дарҷгашта ба таври муассир ҳаллу фасл шаванд.
Илова бар ин, қобили зикр аст, ки Иттиҳоди Аврупо барои кӯмак ба саъю кӯшишҳои Тоҷикистон ҷиҳати мувофиқ сохтани раванди интихобот ба уҳдадориҳои САҲА ва дигар меъёрҳои байналмилалии интихоботи демократӣ омода аст. -. Муколамаи сиёсии ИА ва Тоҷикистон пайваста дар фурсатҳои муайян доир мегардад . Вале аз нигоҳи таҳлилгарон, Ин Гуна муколамаҳо танҳо ҷанбаи манфиатхоҳона доранду Бас Иттиҳоди Аврупо дунболи касби манофеъ аст ё дар воқеъ, хостори тақвияти низоми сиёсии кишварҳо, ки ҷойгоҳи ҳар кадоме аз доираҳои сиёсӣ дар баробари ҳукумат шакли дуруст пайдо намоянд?
– Иттиҳоди Аврупо дар як қатор санадҳои умумӣ ҳадафҳои сиёсии худро бобати ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баён намудааст. Яке аз ин санадҳои муҳим “ИА ва Осиёи Марказӣ: Стратегияи мушорикати нав”. аз соли 2007 ВА таҷдиди баъдии ОН АСТ Ин ҳадафҳо Ба баланд бардоштани суботу рушди иқтисодӣ дар минтақа нигаронида шудаанд. Дар муколамаҳои сиёсӣ, ки бештари онҳо паси дарҳои баста сурат мегиранд, мо дақиқан ҳамон ҳадафҳои изҳоршударо дар санадҳои сиёсати умумиамон пайгирӣ менамоем.
Муколамаи сиёсӣ дар сатҳҳои мухталиф, аз ҷумла дар сатҳи вазирону коршиносон баргузор мешавад, ин минбар барои табодули назар доир ба чунин мавзӯъҳо, ба монанди рушди сиёсати дохилӣ ва минтақавӣ, ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, савдо ва муносибатҳои иқтисодӣ, амният ва субот, ҳамкорӣ дар бахшҳои мушаххас (энергетика, об, нақлиёт ва ғ.) хидмат мекунад.
– Шаклгирии низомҳои давлатдории Осиёи Марказиро аксаран худкома медонанд. Назари Шумо дар ин маврид чист ва оё ин тарзи шаклгирии низомҳо ба табъи Иттиҳоди Аврупо ҳам ҳаст?
– Тавре дар боло ишора шуд, Иттиҳоди Аврупо низоми ҳукуматдории боз ва шаффофро пуштибонӣ мекунад ва доир ба ин масъала дар кишвар чандин лоиҳа амалӣ мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ мо чунин масъалаҳоро дар сатҳи мақомоти миллӣ мебардорем.
– Назари ҷаноби сафир дар мавриди мавҷудияти низоми бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст ва оё онро шаклгирифта арзёбӣ кардан мумкин аст?
-. Ҳизбҳои мухолиф дар парлумон намояндагӣ доранд . Бо вуҷуд Иттиҳоди Аврупо зуд-зуд ба таври ошкор мегӯяд, ниёз Ба беҳбудӣ Дар озодии фаъолиятҳои сиёсӣ ВА озодии сухан доранд Ба хотир оред баёнияи ИА-ро пас аз ҳамла ба муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва изҳороти . хонум Эштонро пас аз интихоботи ахири президентӣ . Ҳангоми гуфтугӯ БО шахсони расмии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупо чунин масъалаҳоро Дар рӯзномаи кории хеш ҷой медиҳад Масалан, талаб кардани тафтишоти мукаммалро роҷеъ ба ҳодисаи мазкур.
– Мехостам назари хешро нисбати ҷойгоҳ ва фаъолияти ҲНИТ изҳор медоштед, бахусус дар мавриди шинохт ва эътибори он дар сатҳи байналмилал …
-. ҲНИТ дар минтақаи Осиёи Марказӣ падидаи беназир буда, ягона ҳизби дорои барномаи исломист, ки дар парлумон ҷой дорад
. Фикр мекунам, МО набояд Ба аҳамияти Ин далел камназарӣ намоем Ин АМР Ба ҲНИТ имкон медиҳад, ки иддаъо ва дидгоҳу назҳарҳои иддае аз мардумро дар доираи муқаррароти Конститутсия намояндагӣ намояд.
– Оё ИА аз сатҳи рушди инсон дар Тоҷикистон қаноъатманд аст ва ин масъаларо ба чӣ баста медонад?
-. Иттиҳоди Аврупо огоҳ аст, ки дар баъзе соҳаҳои Тоҷикистон, ба монанди тандурустӣ, маъориф ва кӯмакрасонҳои иҷтимоъӣ корҳои зиёдеро бояд анҷом дод . Мо БО ҳукумат Дар беҳгардонии Ин бахшҳо Кор мекунем Кӯмаки иҷтимоъӣ яке аз бахшҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо-Тоҷикистон барои солҳои 2006-2013 буд ва мо амалигардонии лоиҳаҳои марбут ба ин соҳаро дар якҷоягӣ идома медиҳем. Бахши тандурустӣ дар Тоҷикистон дар стротежии Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ барои солҳои 2006-2013 яке аз масъалаҳои меҳварӣ буд ва дар стротежии оянда барои солҳои 2014-2020 низ боқӣ мемонад. Мо нақша дорем, ки лоиҳаҳоеро дар бахши маъорифи Тоҷикистон роҳандозӣ намоем.
Як намунаи муҳими уҳдадориҳои мо ин Барномаи дастгирии рушди инсон аст, ки дар боло ҷанбаҳои онро зикр кардам.
– Кӯмакҳои иқтисодии Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон лозиманд, вале чаро ин созмон ҳам мисли дигар созмонҳои байналмилалӣ маҳз ба ин самти фаъолият авлавият қоил аст?
-. Дар масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, воқеан ҳам, намунаҳои муваффақ вуҷуд доранд . Дар соли 2013, яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин шояд пайваст шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат буд, ки Иттиҳоди Аврупо Ин равандро пуштибонӣ кардааст
Мо кӯмакро барои рушди иқтисодӣ ҳамчун ҷузъи умумии муносибатҳо бо Тоҷикистон ҳисоб мекунем, аммо ба он дар муқоиса бо дигар бахшҳо, масалан, бахши тандурустӣ ё ҳифзи иҷтимоъӣ авлавияти бештар намедиҳем. Шартномаи мушорикат ва ҳамкорӣ, ки байни Ҳукумати ҶТ ва Иттиҳоди Аврупо ба имзо расидааст, якчанд соҳаи ҳамкориро дар бар мегирад, аз ҷумла ҳамкорӣ барои рушд ё тавре Шумо унвон мекунед, кӯмаки иқтисодиро. – Бо ташаккур ва сипос аз чунин як суҳбати пурмуҳтаво …
Мусоҳиб Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода