Categories Uncategorized

Эдуард Шеварнадзе вафот кард

«Собиқ президенти Гурҷистон вафот кард», хабар медиҳад шабакаи телевизионии «Россия-24».
«Эхо Москвы» ҳам бо ишора аз манбае аз хонаводаи ин сиёсатмадори собиқадор марги ӯро таъйид кардааст.
Э. Шеварднадзе моҳи январи соли равон 86 солро пур кард. Ёрдамчии ӯ Марина Давиташвилӣ, дар суҳбат бо ОИР «Новости» ин хабари марги ӯро тасдиқ карда, гуфтааст, риштаи умри Шеварднадзе имрӯз, душанбе, соати 12-00 канда шуд. Аммо маълумот дар мавриди рӯзу ҷойи ба хок супориданаш феълан вуҷуд надорад, гуфтааст Давиташвилӣ.
Ҷои ёдоварист, ки Эдуард Шеварнадзе яке аз чеҳраҳои сиёсии маъруф дар низоми давлатдории шӯравӣ ба ҳисоб мерафт ва аз шурӯи давраи бозсозӣ то фурӯпошии низоми шӯравӣ масъулияти вазирии корҳои хориҷиро ба уҳда дошт.
Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Эдуард Шеварнадзе аввалин президенти Гурҷистони соҳибистиқлол интихоб гардид, вале баъди чанд соли роҳбарии муваффақона чолишҳое дар Гурҷистон ба вуҷуд омаданд ва кишварро ба мушкилоти инқилобӣ оварданд. Маҳз ҳамин раванд боис гардид, ки Шеварназеи сиёсатмадор бе ҳеҷ як хунрезие қудратро ба доираи дигари сиёсатмадорон бо роҳбарии Михаил Саакашвилӣ таслим кард.

More From Author

You May Also Like