Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон унвони «Дӯсти рассомони ҷаҳон»-ро соҳиб шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии президент, дирӯз, 19 май дар Чин намоишгоҳи мусаввараҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳой баргузор гаштааст, ки онро Эмомалӣ Раҳмон, раёсатҷумҳури Тоҷикистон ва Мин Ҷен Чжу, раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ намудаанд.
Дар намоиш, ки мусаввараҳои рассомони давлатҳои узви СҲШ ба маърази тамошо гузошта шудаанд, гуфта мешавад, мусаввараҳои рассомони тоҷик низ ба маъраз гузошта шуда будаанд ва ҳамчунин ғолибони озмун соҳиби туҳфа гардидаанд, аммо аз ғолиб шудани иштирокчиёни ҳеҷ як кишваре аз аъзои СҲШ мушаххасан ном гирифта намешавад.
Categories
Uncategorized