Categories Uncategorized

Қорӣ Абдулбосит маҳбубтарин қорӣ

Ҳувайдои Абдулло

16.02.2012, 21:17

Таваллуд ва зодгоҳ

Сафарҳои қорӣ Абдулбосит

Беморӣ ва вафот

Бо шунидани ин ном пеш аз ҳама ҳар яки моро садои ширину гуворои ин абармарди таърих, ки бо тиловати китоби Худованд онро ҷилва медод, ба худ ҷалб мекунад. Абдулбосит яке аз бузургтарин ва маҳбубтарин ҳофизон ва қориёне ба шумор меравад, ки бо овози ширину лаҳни зебои худ мақоми худро дар дили ҳар як шунавандаи Қуръон ҷой додааст. Ӯ тавонистааст, ки бо ин истеъдоди волои худ дар ним қарни ахир бузургтарин мақому манзалатро дар саросари кишварҳои мусалмонӣ касб намояд.

Дар баробари ин, Абдулбосит дар тиловати Қуръон ва тартили он аз бузургонест, ки то имрӯз хонаи ҳар як мусалмонро бо тиловати Қуръон зиннат бахшидааст. Ҳамзамон ба ақидаи умӯми коршиносон Абдулбосит касест, ки дар ояндаи наздик ва ба ин зудиҳо касе буда наметавонад, ки дар заминаи қироати Қуръон ба умқи густурдагӣ маҳбубият ва мақоми ҷаҳониро мисли ӯ пайдо намояд. Ин дар ҳолест, ки шахсият ва бузургии Абдулбосит на танҳо дар байни мусалмонон, балки миёни тамоми касоне, ки бо Қуръон ва қироати он сару коре надоранд, шӯҳрати беандоза дорад.

Таваллуд ва зодгоҳ

Устод Абдулбосит Муҳаммад Абдуссамад дар соли 1927 м дар деҳаи Алмазоъиза, ки тобеъи шаҳри арманат ба шумор меравад, ба дунё омад. Шаҳри Арманат аз шаҳрҳоест, ки дар вилояти Қино дар ҷануби кишвари Миср қарор дорад. Абдулбосит дар макони пок, ки дар он ҳифзи Қуръони карим ва таҷвиди он эҳтимоми бузург дошт таваллуд шуд. Аз ин маълум мегардад, ки Шайх Абдулбосит дар оилаи диндор ва бо тақво ба дунё омадааст. Ӯ ҳангоме ки чашм ба олами ҳастӣ кушод, аз ҳамон замон тиловати Қуръон ва лаҳни ширини қуръонӣ ба гӯши ӯ мерасид. Падарбузурги модарии ӯ  устоди ҷалил Абудовуд мақоми машҳур ва маъруф дар шаҳри Арманат дошт. Падараш Абдусамад яке аз муаллимони ҳифз ва таҷвиди Қуръони карим буд.

Абдулбосит ду бародар дошт, ки бо номи Маҳмуд ва Абдулҳамид ёд мешуданд. Бародарони ӯ низ Қуръонро ҳифз карда буданд. Бародари кӯчаки онҳо Абдулбосит бошад, дар синни шашсолагӣ по бар талаби илм гузошт. Ӯ дар аввал тарзи дуруст хондани Қуръон ва тиловати онро аз худ кард. Абдулбосит шашсола пас аз шиносоӣ бо тарзи дуруст хондани Қуръон дар шаҳри Арманат ба мактаби устод Амир шомил шуд. Устод Амир Абдулбоситро дар қатори шогирдони дигараш қабул кард. Пас аз гузашти чанде аз таълим Устод Амир имтиёзҳоеро дар ҳифзи Қуръон ва тиловати он дар заҳматҳои Абдулбосит дид, ки аз ин ба баъд ба ӯ эҳтимоми бештаре зоҳир кард.

Устод Абдулбосит дар гуфтугӯҳои худ баён доштааст: “Синнам 10 сол буд, ки ҳифзи Қуръони каримро дар муддати ин солҳо фаро гирифтам. Падарам дар Вазорати нақлу интиқол ва падарбузургам аз шумори уламо буд. Ман дар ин ҳангом аз онҳо пурсидам, ки қироатҳоро чигуна фаро гирам. Онҳо маро ба шаҳри Танто дар шимоли Миср роҳнамоӣ карданд, то ба дасти Устод Муҳаммадсалим улуми Қуръон ва қироатро фаро гирам. Аммо масофат ё роҳ миёни Арманат, ки яке аз шаҳрҳои ҷануб аст, то Танто дар шимоли Миср бисёр дур буд, вале дигар чорае надоштам. Ҳамин буд, ки ман азми сафар кардам ва хостам барои фаро гирифтани улуми қуръонӣ ва қироатҳо ба шаҳри Танто назди Устод Муҳаммадсалим биравам. Чун омодаи сафар шудам  ва як рӯз монда барои сафар карданам аз омодани Устод Муҳаммадсалим ба Арманат хабардор шудам. Мақсади омадани Устод Муҳаммадсалим ба Арманат ин буд, ки ӯ қасд дошт, то дар ин шаҳр барои ҳофизон ва қориён синфхонаеро барпо кунад. Омадани Устод Муҳаммадсалимро мардуми Арманат бисёр хуш қабул карданд ва ҳама мақому манзалати бузурги ӯро ба хубӣ дарк карда буданд. Зеро дар он замон дар баробари ӯ дар донистани илми Қуръон ва қироат касеро баробар кардан мушкил буд.”

Ҳамин тариқ ӯ дар шаҳри мо Арманат мақсади худро амалӣ кард ва шогирдони зиёдеро атрофи худ ҷамъоварӣ намуд. Ман, ки интизори онро бисёр бесаброна интиҳор будам пеши ӯ зонуи шогирдӣ задам. Пас аз вохӯрданам бо Устод Муҳаммадсалим як бори дигар Қуръонро назди ӯ мурур кардам ва матни “Шотбия”, ки матни махсус ба илми қироати ҳафтгона аст, онро ҳифз кардам. Пас аз ин ки Устод Абдулбосит ба синни 12 сола расид, аллакай шӯҳрати хуберо дар тиловат кардани Қуръони карим пайдо карда буд. Ҳамзамон таърифу тавсифи ӯ аз тарафи устодаш Муҳаммадсалим дар бештари русто ва истонҳо сабаб шуд, ки шӯҳрати ӯро боз ҳам бештар гардонад.

Сафарҳои қорӣ Абдулбосит

Қорӣ Абдулбосит баъди шогирд шуданаш назди Устод Муҳаммадсалим тавонист, ки ба баландтарин қуллаи қироати Қуръон бирасад. Тавре худи ӯ мегӯяд, пас аз он ки дар даҳсолагӣ Қуръонро ҳифз намудам, дар синни дувоздаҳсолагӣ ашараро аз худ кардам, ки ин ҳам як намуди тиловати Қуръон бар тариқи гуногун мебошад. ҳамзамон дар синни чордаҳсолагӣ, яъне ҳамаи қироатҳои даҳгонаро моӯхтам ва онро аз худ кардам.

Дар идома қорӣ Абдулбосит баён медорад: “ман тамоми вақти худро сарфи Қуръон кардаам ва тамоми зиндагиям сарфи таълими Қуръон ва ҷаласаҳои динӣ шудааст. Кори ман бештар ба қироати Қуръон ва баргузории шабҳои қуръониву даъватҳои шахсӣ аз кишварҳои исломӣ ва барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ буд. Ҳамеша кӯшиш мекардам, то чизеро аз каломи поки Худованд ба гӯши шунаванда бирасонам. Ҳангоме ки 19 сол доштам дар соли 1951 барои аввалин бор ба Қоҳира рафтам. Ин дар ҳоле буд, ки ман дар ин замон аз зумраи ҳофизони Қуръон будаму шӯҳрати беандозаеро дар минтақаи Саъид касб карда будам. Дар ин замон ба муносибати мелоди Паёмбар (с) ҷашне барпо буд. Баъзеҳо маро дар ин маҳфил мешинохтанд ва майл доштан ман дар баъзе аз муносибатҳову ҷаҳнҳо Қуръон бихонам. Аммо ман аз сабабе, ки дар ин шаҳр ғариб будам ва аз ҳузури қориёни маъруф дар дил тарс доштам.”

“Вале новобаста аз ҳама ин мушкилот яке аз олимоне, ки дар ин маҳфил ҳузур дошту бо ман аз пеш ошноӣ пайдо карда буд, аз ман дархост кард, ки даҳ дақиқа Қуръон бихонам. Ман пазируфтам, ки даҳ дақиқа Қуръон бихонам, аммо якуним соат тӯл кашид. Тавфиқе аз ҷониби Худованд буд ва дар ин ҳангом масҷид пур аз одам шуд ва ҳама аз ман мехостанд, ки боз ҳам бештар ба тиловат машғул бошам ва ман тиловат мекардаму мардум ба ман гӯш медоданд. Ба ҳамин минвол тиловати ман дар Қоҳира чанд рӯз давом кард ва мардуми бисёре атрофи ман ҷамъ мешуданду ба тиловати Қуръон гӯш медоданд.”

Ҳамин тариқ Шайх Абдулбосит бештар дар моҳи мубораки рамазон аз тарафи кишварҳо ва маҳфилҳои гуногуни исломӣ даъват мешуд ва барои онҳо тиловати Қуръони карим мекард. Аз ҷумлаи кишварҳое, ки Шайх Абдулбосит ба он кишварҳо сафар кардааст, кишвари Ҳинд, Лондон, Фаронса ва ғайра мебошанд, ки ӯ дар ин кишварҳо низ мақоми хоса дорад. Ғайр аз ин ӯ ба аксар кишварҳои арабӣ сафар кардааст. Ба ин минвол ӯ тавонист, ки шӯҳрати ҷаҳониро барои худ касб намояд. Дар баробари ин ӯ дар машҳуртарин масҷидҳо ва маконҳои муқаддаси исломӣ маҳфилҳои қуръониро барпо кардааст.

Беморӣ ва вафот

Пас аз гузаронидани солҳо Шайх Абдулбосит ба бемории қанд мубтало шуд. Бемории қанди ӯ торафт шиддат мегирифт. Ӯ барои пешгирии ин беморӣ бо тановули ғизоҳои мухталиф худро муолиҷа мекард. Вале ин беморӣ ӯро бисёр ба танг оварда буд, ки дар бемористоне барои муолиҷа гирифтан бистарӣ шуд. Бо тавсияи табибе ӯро барои муолиҷа хубтар гирифтанд ба Лондон роҳнамоӣ кард. Ӯ ба Лондон сафар кард. Дар сафар ба Лондон ӯро писараш Ибни Ториқ ҳамроҳӣ мекард.

Аммо пас аз як ҳафта ӯ аз писараш дархост кард, то ӯро ба Миср баргардонад ва писараш ӯро ба Миср овард. Мегӯянд, Шайх Абдулбосит гӯё эҳсос карда бошад, ки рӯзгори умр сипарӣ шудааст ва вақти лиқои Худованд наздик шуда. Ҳамин буд, ки пас аз баргардониданаш ба Миср ӯ вафот кард. Вафоти ӯ соиқае буд, ки дили ҳар мусалмонеро дар канору гушаи дунё ҳазин гардонида буд. Ӯ дар таърихи дуюми феврали воли 1988 м дунёи фониро падруд гуфт.

More From Author

You May Also Like