Аз сари инсоф бояд эьтироф намуд, ки уламои исломӣ дар даврони шӯравӣ бовафотарин қишри ҷомеа ба фарҳангу арзишҳои миллӣ боқӣ монданд. Онҳо буданд, ки барои дифоь аз истиқлолият ва озодии ватан ва муҳофизат аз дину фарҳанги миллӣ алайҳи истилогарони аҷнабӣ қиём намуданд.
Онҳо буданд, ки дар фарҳанги бегона ҳазм нашуда, то имрӯз ҳама шохаҳои фарҳанги моро, чӣ фарҳанги муоширату либоси миллӣ ва чӣ фарҳанги мазҳабӣ, алифбои ниёгон ва забони модариро ҳифз намудаанд. Шояд касе ёд надорад, ки нафаре аз рӯҳониён ва фарзандони эшон дар замони шӯравӣ забони модарӣ ва миллии худро гум карда бошад, дар ҳоле, ки бисёре аз зиёиёни тоҷик русзада шуда, аҳли оилаи онҳо, хусусан занону духтарони эшон аз забон ва либоси миллӣ ҷудо ва манқурт гашта буданд. Фарҳанг ва забони муоширати онҳо дар оила ва ҷои кор русӣ гашта буд ва ҳатто забони илмро низ русӣ карда буданд. Ва баьзе аз онҳо то имрӯз асарҳои илмии худро бо забони русӣ таьлиф меукунанд ва қудрати бо забони модарӣ баён кардани онро надоранд. Дар натиҷаи чунин муносибати “зиёиёни миллӣ” ба забони миллӣ, саранҷом, забони форсӣ, забони Мавлавию Саъдию Ҳофиз барои тоҷики ориёӣ қариб бегона гашт…
Агар рӯҳонияти исломӣ дар тӯли таьрихи гузашта ба забони модарӣ чун баьзе зиёиёни замони шӯравӣ муносибат мекарданд, шояд то имрӯз ному нишоне аз забони тоҷикӣ боқӣ намемонд. Аммо таьрих шоҳид аст, ки аввалан, ба самоҳати ислом, сониян бо саью талоши рӯҳониён, забони мо аз фано ва нобудӣ маҳфуз монд. Барьакс, бо истифода аз забони Қурьон рушду тавсеа пайдо карда, соҳиби захираи бисёр ғанӣ гашт. Рӯҳонияти исломӣ на танҳо асарҳои илмӣ ва бадеии худро ба забони форсӣ таьлиф намудаанд, балки осори зиёди илмию диниро аз забони арабӣ ва ғайри арабӣ ба забони модарӣ бозгардонданд, то ҷое ки ҳазрати Имоми Аъзам (р) барои касоне, ки забони арабӣ намедонанд, хондани ният ва дуоҳои намоз, ҳатто қироати намозро бо забони форсӣ фатво доданд. Ҳамин тавр, фақат ба ҳиммат ва хидмати рӯҳоният буд, ки забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ҳатто дар даврони ҳазорсолаи ҳукумати туркзабонҳо боқӣ монд.
Хулоса, уламои исломӣ унсури муҳимми таркибии фарҳанг ва ҷомеаи мо буда, дар офаридан, рушд ва ҳифзи фарҳанги миллии тоҷикон нақши ҳалкунанда доштаанд. http://www.turajon.org/articlеs/576/15375/