Categories Ахбори рӯз

Сомонаҳо ихтилофи мазҳабиро доман мезананд?

Кумитаи дин аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват ба омал овард, то ба муҳтавои баъзе аз торномаҳо мароқ зоҳир намояд.

Ҷумъахон Ғиёсов, муовини аввали раиси Кумита оид ба корҳои дини Тоҷикистон имрӯз, 20 феврал тайи як нишаст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ширкат доштанд, гуфт, «диққати намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро нисбат ба сомонаҳои интернетии динӣ ҷалб намуда, хоҳиш менамоям, ки дар робита ба амали онҳо чораҳои зарурӣ андешанд”.
Тавре ин масъули Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, «сомонаҳои интернетии «Андеша», «Васатият», «Дин», «Ақида» ва амсоли инҳо бидуни гирифтани хулосаи ташхиси диншиносӣ тарғиби масоили динӣ, аз ҷумла ақидаи исломиро ба роҳ мондаанд, ки ин амал метавонад боиси сар задани ихтилофоти динӣ ва мазҳабӣ гардад».
Ҳамзамон дар ин нишаст гуфта шуд, баъзе нашриёт ва матбааҳои давлатию хусусӣ низ бидуни он ки хулосаи ташхиси диншиносиро бигиранд, маводи динӣ ба табъ мерасонанд.

More From Author

You May Also Like