Categories СИЁСАТ

Эълони вазъияти фавқулодда дар Миср ва ё бозгашт ба замони Ҳуснӣ Муборак

Эълони вазъияти фавқулодда дар Миср ва ё бозгашт ба замони Ҳуснӣ Муборак

Рӯзи шанбе генерал Абдулфаттоҳ Сиси президенти Миср дар ин кишвар ба муддати 3 моҳ вазъияти фавқулодда эълон кард. Вазъияти фавқулодда дар ин кишвар пас аз он эълон шуд, ки дар саҳрои Синои Миср, ки бо Исроил ва Фаластин ҳаммарз аст, 33 сарбози ин кишвар бар асари ҳамлаҳои террористӣ кушта шуданд. Ин минтақа аз замони Ҳуснӣ Муборак макони даргириҳои мусаллаҳона буд. Аммо бар асоси як тавофуқнома бо Исроил, Миср ҳақ надорад ба ин минтақа силоҳҳои сангин ворид кунад. Аммо Муҳаммад Мурсӣ аввалин ва охирин презинденти мунтахаби ин кишвар бо ворид кардани артиш ба ин минтақа ин ҳолатро нодида гирифт. Пас аз он то чанд муддат дар ин минтақа як оромиши нисбӣ ҳоким буд.

Аммо пас аз оне, ки артиши Миср бо раҳбарии Абдулфаттоҳ Сиси президенти мунтахабро ба зиндон андохт, вазъият дар ин кишвар рӯз ба рӯз дар ҳоли бадтар шудан аст. То ҳол дар хиёбонҳои ин кишвар тазоҳуроти мардум идома дорад ва неруҳои қудратии ин кишвар тазоҳургаронро мекшанд ва ба зиндон меандозанд.

Ба қавли созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Миср пас аз кудатои низомӣ ҳудуди 6 ҳазор нафар мардум кушта шудаанд. Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи ин созмонҳо ҳудуди 20 ҳазор нафари дигар ҳам дар ҳамин муҳлат ба зиндон андохта шудаанд.

Ба гузориши шабакаи “Алҳивор” ин кор мардумро ба ёди замони Ҳуснӣ Муборак меандозад. Яъне мардум ба ин натиҷа расидаанд, ки дар Миср дубора низоми Муборак ҳоким шудааст. Зеро дар замони ҳукумати ӯ дар ин кишвар ба муддати зиёде вазъияти фавқулодда эълон мешуд. Бархеҳо бар ин назаранд, ки раванди демократия дар Миср дар ҳоли шикаст хурдан аст ва бозгашти диктатурӣ рӯз ба рӯз бештар эҳсос мешавад.

Аз тарафи дигар амалҳои ҳукумати ҷадиди кудатогарони Миср боварии як гурӯҳ исломгароҳоро ба раванди демократии рақобат аз байн бурдааст. Агарчӣ аксарияти раҳбарони ҳаракати Ихвонулмуслимин зиндонӣ шуданду тарафдоронаш кушта шуданд, вале ин ҳаракат ҳаргиз даст ба силоҳ ва хушунат назад. Балки ҳамвора тарафдоронашро ба сабру устуворӣ ва муборизаи мусолиматомез даъват кард. Шиори машҳури ин гурӯҳ то ҳол ҳам ин аст, ки “силмиятуно ақво минар расос”. Яъне “мусолиматомез будани мо аз тир ҳам қавитар аст”. Ҳоло ҳам раҳбаронаш аз ҷумла аввалин президенти мунтахаби он Муҳаммад Мурсӣ низ ҳатто аз дохили зиндон тарафдоронашро ба муборизаи мусолиматомез ва сабру устуворӣ даъват мекунанд. Аммо гурӯҳе низ ҳастанд, ки дигар умеду сабрашонро аз даст додаанд ва танҳо роҳро дар муборизаи мусаллаҳона мебинанд ва ҳеҷ гурӯҳеро ҳам гӯш намекунанд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пештар вазири корҳои дохилии Миср дар як суҳбат гуфта буд, ки агар дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар як интихоботи озод баргузор шавад бештарин оовозҳоро ихвониҳо ва салафиҳо соҳиб хоҳанд шуд. Яъне онҳо бовар доранд, ки аксарият нестанд ва бояд бо зур қудрати худро ҳифз кунанд.

Баъд аз барканории Мурсӣ иқтисоди Миср дар бадтарин ҳолати худ қарор дорад. Барқ дар ин кишвар тез тез қатъ мешавад. Туризм тақрибан фалаҷ шудааст. Нархи ҳама чиз чанд баробар боло рафтааст. Арзиши пули ин кишвар ба шиддат коҳиш ёфтааст. Сармоядорони калон сармояҳои худро аз ин кишвар хориҷ кардаанд. Зеро ба ояндаи ҳукумати ин кишвар боварӣ надоранд.

Аммо генерал Сиси то куҷо метавонад бо эълони вазъияти фавқулодда ва неруҳои пулисаш ҳукумати худро идома диҳад ҳануз маълум нест. Аммо як чиз аниқ аст, ки миллате агар таъми озодиро чашида бошад, дигар дар баробари иродаи он миллат истодан бо неруву эълони вазъити фавқулодда имконнопазир аст. 

More From Author

You May Also Like