Categories Uncategorized

Шабе, ки гузашт шаби нузули Қуръон буд

Умеди Сиддиқ

nahzat.tj


Шабе, ки гузашт шаби Қадр буд. Яъне бо гузашти шаби Қадр моҳи Рамазон бо мухлисонаш видоъ мекунад. Худованд дар Қуръони маҷид дар шаъни он сураеро ихтисос дода мефармояд: «Мо Қуръонро дар шаби Қадр нозил кардем» ва ин шаби Қадрро аз ҳазор моҳи дигар бартар гуфтааст.

Ҳамчунин Худованди карим фазилату манзалати ин шабро дар сураи дигар мегуяд: «Мо Қуръонро дар шаби бобаракат нозил кардем». (Сураи Духон, ояти 3).

Воқеан ҳам моҳи мубораки Рамазон cap то по хайру баракат ва фазилату каромат аст. Дар аҳодиси Расули акрам (с) дар иртибот ба фазилату манзалат ва шабзин­дадорӣ дар шаби Қадр ишораҳо шудааст.

Абу Ҳурайра (р) мегўяд, ки Расули Худо (с) фармуд: «Касе, ки дар шаби Қадр аз рӯи имон ва ихлос шабзиндадорӣ кунад, гуноҳони гузаштаи вай бахшида мешаванд. Чун мо агар ин шабро пос дошта бо ибодат саҳар карда бошем, пас гуноҳони мо бешак бахшида шудааст.

Ана ҳамин иршоди Куръони карим ва аҳодиси Расули акрам (с) буд, ки мардуми мусалмон барои баҳрабардорӣ ва мағфирати гуноҳони хеш ин шабро қадр кар­да, шабзиндадорӣ мекунанд.

Дар ҷои дигаре омадааст, ки ҳазрати Оиша (р) гуфт: «Расули Худо (с) дар даҳаи охири Рамазон эътикоф менишаст ва мегуфт: – Шаби Қадрро дар шабҳои тоқи даҳаи охири Рамазон талаб кунед

Аз ин ҳадис бармеояд, ки Расули Худо (с) дар даҳаи охири моҳи шарифи Рама­зон эътикоф менишастанд ва шаби Қадрро бо тоъату ибодат ва шабзиндадорӣ мегузарониданд, бо вуҷуди он, ки Худован­ди карим гуноҳонашро бахшидааст.

Дар ҳадиси дигаре хазрати Оиша (р) мегӯяд: «Пурсидам, эй Расули Худо, моро хабар бидеҳ, ки кадом шаб шаби Қадр аст ва дар он чиро аз Худо бихоҳем. Паёмбар (с) фармуд: – чунин дуъо намоед: Эй Худо­ванд, Ту бисёр авфкунандаи карим ҳастӣ ва авфро дўст медорӣ, пас гу­ноҳони моро авф кун» (Тирмизӣ).

Хоҳарон ва бародарони рўзадор! Ин оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои Расули Худо (с) дар мавриди фазилати даҳаи ахири Рамазон дар зиндагӣ сармашқи тоъату ибодат мебошанд, то ин шабҳоро бо тоъату ибодат зинда бидорем ва ба василаи шабзиндадорӣ ва қироъати Қуръон мавриди мағфирати Ху­дованд қарор бигирем.

Бе шак ҳар бандаи муъмину мусалмон дар ғайри моҳи мубораки Рамазон низ Худовандро бандагӣ мекунад ва аз Ӯ мағфирати гуноҳони хешро талаб мекунад. Гузашта аз ин барои ободии охирати хеш ва афзоиши ҳасанот корҳои хайру савоберо анҷом медиҳад.

Худованд мефармояд: “…Аз раҳмати Худо ноумед набошед”. Барои ҳамин бандаи мусалмон хамеша аз раҳмати бепоёни Парвардигор умедвор мебошад.

Шаби васл асту тай шуд номаи ҳаҷр,

Саломун фиҳи ҳатто матлаъил фаҷр.

Дило, дар ошиқӣ собитқадам бош,

Ки дар ин paҳ набошад кори бе аҷр.

Ман аз риндӣ нахоҳам кард тавба,

Валав озайтанӣ билҳаҷри валҳаҷр.

Баро, эй субҳи равшандил, Худоро,

Ки бас торик мебинам шаби ҳаҷр.

Дилам рафту надидам рўи дилдор,

Фиғон аз он татовул, оҳ аз ин заҷр.

Вафо хоҳӣ, ҷафокаш бош, Хофиз

Фаинна-р-рибҳа вал хисрона фиттаҷр.

More From Author

You May Also Like