Бино ба иттилои сомонаи расии ВКД бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон рӯзи 7 – сентябри соли 2013 аломатҳои қайди давлатии силсилаи ВН минтақаи 01 – ро тариқи музояда ба фурӯш мегузорад.
БДА гуфтааст, кимузояда соати 09:00 дар толори Раёсати БДА дар Душанбе баргузор мегардад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки нархи як лот 270 сомониро ташкил медиҳад.
БДА мегӯяд, қабули дархостҳо ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар музояда се рӯз пеш аз гузаронидани музояда ба охир мерасад ва барои гирифтани маълумоти муфассал телефонҳои 235-45-45, 235-79-29 ва 236-09-34-ро фаъол кардааст.