[if gte mso 9]>
Беҳтарин ҳадияи волидайн ба фарзанд
Яке аз меҳварҳои асосии бинои кошонаи солим ва посдорӣ аз ҳуввият ва вижагиҳои он, эҳтимоми тому тамом ба омӯзиш ва парвариши фарзандон аст.
Лозим ба ёдоварист, ки маънои тарбият ва парвариш бисёр густурдатар аз маънои таълим ва омӯзиш аст. Тарбият ба маънои бор овардан ва рушд бахшидан ба фарзанд, то расидани гом ба гом ба марҳилаи камол аст. Тарбия ҳама ҷонибҳои моддӣ ва ҷисмӣ, нафсӣ ва руҳию ақлӣ, фикрӣ ва рафтори иҷтимоиро шомил мешавад.
Таълим ҷузъе аз тарбия ба шумор меояд ва дарбаргирандаи маълумоти зарурии кӯдакон барои ислоҳи умури зиндагист, ки танҳо ба ҷанбаи ақлӣ ва андеша иртибот пайдо менамояд.
Аммо тарбият ҳама ҷонибҳои ҷисмӣ, ақлӣ, шахсиятӣ, маънавӣ ва дигар тарафҳои вуҷудии ӯро шомил мешавад. Барои рушд ва камоли фарзанд таълим ва тарбия лозиманд. Зеро онҳо амонатҳое ҳастанд, ки ба падар ва модарашон супурда шудаанд. Расулуллоҳ (с) мефармояд, “Беҳтарин ҳадяи волидайн ба фарзандони худ, тарбияи хуби онҳост”.
Дар хусуси тарбия ва таълими фарзандон, олими бузурги дини Ислом Имом Муҳаммад Ғаззолӣ мефармояд: “Бояд донист, ки равиши тарбия яке аз муҳимтарин ва асоситарин умури зиндагист. Фарзандон назди волидайнашон амонатанд. Инчунин қалби поки онҳо гавҳарҳои гаронбаҳо ва беғаллу ғашшест, ки аз ҳар гуна нақш ва тасвир холианд ва пазироии ҳар гуна нақше мебошанд. Ғайр аз ин ба ҳар сӯе, ки хоста шавад, моил мешаванд. Чунон чи ба кору гуфтори хайр ва омӯзанда одаташон диҳанд, бар асоси онҳо бузург мешаванд ва саъодати дунё ва охиратро касб мекунанд. Падару модар, муаллим ва мураббӣ низ бо онҳо саҳмгузор хоҳанд буд. Аммо агар ба шарорат ва бадкорӣ хислат пайдо кунанд ва ҳамчун чорпоён мавриди бемеҳрӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ қарор гиранд, бадбахт ва бадсаранаҷом шуда нобуд мегарданд. Волидайн, муаллим ва мураббӣ, ки дар мавриди таълим ва тарбияташон кӯтоҳӣ карда бошанд, дар муҷозоти гуноҳ ва хилофкории онҳо шарик хоҳанд буд”.
Тарбияи имонӣ
Бузургони дини Ислом пеш аз ҳама оғози тарбияи фарзандро дар саломат будани ақида ва имони ӯ медонанд. Саломати ақида ва имони инсонҳо руҳу рисолати Ислом аст, ки ба василаи коштани ниҳоли аркони имон ба Худованд ва малоику китобҳои осмонӣ, пайғамбарон ва ҷаҳони охирату қадар дар қалб ва рӯҳи онҳо таҳқиқ пайдо менамояд.
Муаллим ва мураббӣ пеш аз ҳар чиз лозим аст, бо забони содда ва далоили қобили дарк ба рӯи вуҷуди исботи Худованд ва тавҳиди яктопарастӣ талош кунанд. Ҳамзамон саъй намоянд, ки ниҳоли муҳаббати Худованд ва шукри неъматҳову бахшишҳои ӯро дар дили кӯдак биншонанд ва ӯро мутаваҷҷеҳи ин ҳақиқатҳо намоянд, ки ҳоким ва фармонравои мутлақ дар дунё ва охират Худованд аст. Инчунин зинда намудану ҳисобу китоб танҳо аз Ӯст.
Пас аз он мураббӣ барои эҷод ва тақвияти муҳаббати Паёмбар (с) дар дили фарзанд талош намояд ва ба ӯ бифаҳмонад, ки Паёмбар (с) охирин ва гиромитарини паёмбарон аст.
Дар баробари ин, пайравӣ аз суннат ва равиши Ӯ (с) ва ҳифзи фармудаҳояш, қабл аз ҳама “Арбаъиннававӣ” зарур аст. Баъд аз он ниҳоли муҳаббати некмардон ва пешгомон ба вижа фазилат ва каромати саҳобаҳои Паёмбар (с) – ро дар дили фарзанд ҷой диҳад. Зеро онҳо ба Паёмбар (с) огоҳҳона имон оварданд ва аз Ӯ пуштибонӣ карданд. Ғайр аз ин аз нуре, ки барои Паёмбар (с) нозил гардида буд, баҳра гирифтанд ва ба ростӣ пирӯз ва саъодатманд гардиданд.
Тарбияти баданӣ
Пас аз тарбияи имонӣ, саломатии бадан ва солим будани фарзанд ҷои дуввумро мегирад. Зеро саломат будани фарзанд ва тавоноии ҷисмонӣ яке аз тарбияи муҳим барои фарзанд мебошад.
Ғайр аз ин, ақли солим дар бадани солим аст ва иҷрои ҳамаи воҷиботи зиндагӣ, низ аз тавоноии ҷисмӣ вобастагӣ дорад. Заъфу сустии ҷисмӣ монеъ аз қиём ба бисёре аз масъулиятҳо мешавад. Худованд бар бандагони худ ба хотири бархурдор намудани онҳо за беҳтарин хилқат ва офариниш миннат ниҳода фармудааст, “Мо ба ростӣ инсонро аз назари ҷисму рӯҳ дар беҳтарин шаклу зеботарин симо офаридаем”.
Паёмбар (с) фармуда, “Мӯъмини қавӣ ва тавоно назди Худованд аз мӯъмини заъиф ва нотавон маҳбубтар аст,….”. Муваффақият дар арсаи тарбияи баданӣ ба тамринҳои варзишӣ монанди шино ва давидан, асбу дучархасаворӣ ва …. бастагӣ дорад.
Тарбияи ибодӣ
Ибодат дар Ислом самара ва бозтобии табии имону ақида ва далили вуҷуду дурустии он аст. Фарзандон пеш аз булуғ таклифе мутаваҷҷеҳи онҳо намешавад. Зеро Паёбмар (с) гуфта: “Се нафар дорои масъулият нестанд, девона то замоне ки беҳбуд меёбад, хобида то замоне ки аз хоб бармехезад ва фарзанд, то вақте ки ба синни булуғ мерасад”.
Аммо омодасозии фарзанд барои гом ниҳодан ба марҳилаи булуғ ва пас аз он аз назари динӣ ва шаръӣ ба тарбия ва парвариши ибодатии ӯ ниёзманд аст, то ибодат ба унвони бахше аз ҳаётӣ ва решадор дар зиндагию рафтори ӯ мубаддал гардад. Ӯро ба зарурати иртибот бо Худованд ва истиқомат дар адои авомиру иҷтиноб аз навоҳӣ ба сурати доимӣ ёдовар шавад. Одат додани фарзанд ба ибодат аз синни ҳафтсолагӣ оғоз шавад ва дар синни даҳсолагӣ мавриди таъкид қарор гирад.
Зеро Паёмбар (с) фармуда: “Фарзандони худро дар ҳафтсолагӣ ба адои намоз фармон бидиҳед ва дар даҳсолагӣ ҳангоми тарк карданашон намозро онҳоро танбеҳи бадани намоед”.
Умри ҳафтсолагӣ сароғози таълим ва тамрину одат додан аст. Умри даҳсолагӣ замони тақвияти рафтор ва поёбанд гардонидани фарзанд аст. Чунон чи фарзандон дар мавриди ибодат сустӣ ва танбалӣ намоянд, зарур аст, ки мавриди танбеҳ қарор бигиранд.
Тарбияи ахлоқӣ
Одоби писандида ва ахлоқи исломӣ дар воқеъ аз бузургтарин падидаи диндорист. Дар ривояте омадааст, ки “Ахлоқ зарфи дин аст”.
Ҳамчунин ахлоқи хуб ва саҳеҳ пояи сириштҳо ва нишонаи ҳидоят ва парҳезкорӣ мебошад. Бархе аз арзиштарин ва муҳимтарин масъулиятҳои ахлоқӣ иборатанд аз, садоқат ва сароҳат дар гуфтор, амонатдорӣ, оромиш ва бурдборӣ, иффати забон, покии дарун аз ҳуқду кина ва парҳез аз рафторҳову ахлоқи ғайриинсонӣ. Паёмбар (с) фармудааст: “Ба фарзандони худ эҳтиром бигузоред ва ба хубӣ онҳоро тарбият кунед”.
[if gte mso 9]>