Мижгона Ҳалимова
Nahzat.tj
Аз 35 зане, ки дар барномаи бордоркунии сунъӣ дар маркази «Насл»-шаҳри Душанбе, дар бар гирифта шуда буданд, даҳ нафарашон ҳомиладоранд. Дар ин бора дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ, иттилоъ доданд.
Дар нишаст Шамсиддин Қурбонов, мудири Пажӯҳишгоҳи акушерию гинекологӣ ва перинтологияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва раҳбари маркази “Насл” гуфт: «Аз ин ҳисоб, ду нафари онҳо 35 ҳафтаи ҳомиладориро пушти сар гузошта, ҳардуяшон “дугоник” доранд. Ва қарор аст, фарзанди ин ду зане, ки тариқи бордоркунии сунъӣ ҳомиладор шудаанд, аз роҳи ҷарроҳӣ берун оварда шаванд.»
Рӯзи 17 январ нахустин кӯдакони дугоник аз тариқи бордоркунии сунъӣ, дар ҷанини тиббӣ парварида шуда буданд, саломат ба дунё омаданд. Вазни яке аз дугоникҳо 2 килограму 550 грамм ва дигарӣ 2 килову 700 грамм аст.
Бори аввал амалиёти бордоркунии сунъии занон дар моҳи апрели соли гузашта дар маркази “Насл” анҷом дода шуд. Ва дуввумин зане, ки бо роҳи сунъӣ бордор шудааст, дугоникҳоро интизор аст ва рӯзҳои наздик таваллуд хоҳад кард.
Чи тавре Шамсиддин Қурбонов иброз дошт, дар Тоҷикистон танҳо бо иштирок ва розигии ҳамсарон амали бордоркунии сунъӣ анҷом дода мешавад. Ва аз ин пас мушкилии бенаслиро дар кишвар ҳал хоҳанд кард. Ва ҳадаф аз ин амалиёт соҳиби фарзанд кардани оилаҳои безурёт аст.
Аммо аксарияти мардуми мусалмон зидди бордоркунии сунъӣ мебошанду дар ин маврид то ҷое пайхаст кардем, фикрҳои гуногун доранд.
Дар ин ҳол Хуршед Холиқов, сокини пойтахт мегӯяд: «Ба таври сунъӣ ё сохта ба батни модар ҷой кардани нутфа аз рӯи шариати исломӣ ҷоиз нест. Беҳтараш ятимони бекасро гирифта, тарбия карда, ба воя расонидан ҳам аз рӯи шариат ва дунявӣ ҷоиз мебошад. Ман зидди ин чиз мебошам.»
Чи тавре худи Қурбонов таъкид дошт, бордоркунии сунъӣ ё берун аз батн ин гуна аст, ки тухмаи занон дар лаборатория бо мании мард омезиш дода шуда, бо гузаштани аз 2 то 5 рӯз аз ин омеза нутфа ба вуҷуд меояд ва он ба батни зан ниҳода мешавад. Кормандони марказ дар ҳама ҳолат бар ин амаланд, ки тухмаи мард ва зан бояд танҳо ва танҳо аз онҳое бошад, ки бо ҳам никоҳ ва издивоҷ дошта бошанд.»
Зубайдуллоҳи Розиқ, роҳбари Академияи ҲНИТ гуфт: «Дар ҳоле ки ин амалро тиб танҳо аз зану шавҳари дар никоҳбуда иҷро кунаду барои бордоркунии сунъӣ зарурате бошад, дар Ислом иҷозат аст. Аммо ғайри шавҳари худ ҳаром аст. Бояд духтурон тамоми қоидаҳои исломиро риоя кунанд.»
Аз тарафи дигар яке аз мақсадҳои асосии ин марказ сабук кардани харҷи оилаҳое ҳаст, ки барои ин амалиёт ба Русияву Эрон ва дигар кишварҳо сафар мекунанд. Ба гуфтаи раиси маркази тиббии “Насл” харҷи амалиёти ҳамли сунъӣ дар Тоҷикистон ҳоло 5000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Барои сафар ба хориҷа ва амалиёт, ду баробар бештар пул сарф мекунанд сокинони мо.