Мусалмонони шаҳри Суробоёи Индонезия дар муқобили сохтмони ширкати “Hasil Fastindo” – и ин шаҳр, ки кормандони мусалмонашро ба далели ҳузур дар намози ҷумъа ихроҷ кардааст, тазоҳурот карданд.
Ин тазоҳурот ба хотири ихроҷи 24 корманди ин ширкат, ки барои хондани намози ҷумъа ба масҷиди ҷомеъи ин шаҳр рафтаанд, сурат гирифт.
Андик Прамоно, яке аз мӯътаризон дар бораи ихроҷи ин кормандон гуфт, ки ин ширкат бояд ҳаққи кормандонашро риъоят кунад. Кормандон ҳақ доранд, ки амалҳои ибодӣ ва динии худро анҷом диҳанд.
Вай афзуд, ки мӯътаризон шаҳрдори Суробоёро низ дар ҷараёни бархурди ношоистаи ширкати “Hasil Fastindo” бо кормандони мусалмонаш қарор доданд. Вале шаҳрдорӣ ҳеҷ тасмими қатъӣ дар ин бора нагирифтааст.
Андик Прамоно бо ишора ба озодии адён дар Индонезия гуфт, ки Индонезия кишварест, ки мардумаш дар анҷоми аъмоли ибодии худ озод ҳастанд. Бинобар ин ширкати мазкур ҳақ надорад кормандони худро аз иҷрои умури диниашон манъ кунад.
Лозим ба ёдоварист, ки бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Индонезия кишвари исломӣ аст, вале рӯзҳои шанбе ва якшанбе рӯзҳои истироҳатии расмии ин кишвар маҳсуб мешавад. Ба ҳамин далел бархе кормандони мусалмон ба вижа онҳое, ки дар ширкатҳои ғайриисломӣ кор мекунанд, барои ширкат дар маросими намози ҷумъа бо мушкилоте мувоҷеҳ мешаванд.