Categories Ахбори рӯз

Эътирози тоҷикон барои боздошти қатораҳо дар Бишкек

Бино ба иттилои сомонаи «Озодӣ » як гурӯҳ тоҷикони муқими Қиғизистон бо нишон эътироз аз боздошти қатораҳои кӯмакҳои башардӯстона дар назди сафорати Узбекистон дар Бишкек гирди ҳам омадаанд. Эътирзогарон аз Ҳукумати Узбекистон хостанд, ки ҳарчӣ зудтар қатораҳоро раҳо намояд то ба мардуми осебедида аз селхои охир дар Тоҷикистон ин кӯмакҳои башардӯстона расад. Дар ҳамин ҳол “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бо бахши як баёния аз боздошти бемуҳлати қатораҳо дар роҳи оҳани Узбекистон интиқод намуда, онро муғойир бо асноди байналмилалӣ донистааст. “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҳушдор дода, ки дар ҳолати беш аз меъёр зиёд нигоҳ доштаи маводи сӯхт дар роҳи оҳан эҳтимол таркиш рӯх дода, оқибати он пешбининашаванда мебошад.

More From Author

You May Also Like