Categories Uncategorized

Эъҷози илмии Қуръон

Шоёни зикр аст, ки Қуръон китоби ҳидоят аст ва барои сохтани инсони комил ва бунёди ҷомеъаи намунавӣ фиристода шудааст. Арзишҳои ахлоқӣ, меъёрҳои рафторӣ, аҳкоми ибодӣ, танзими муъомилот, низоми эътиқодӣ ва  умуман, барномаи зиндагии инсон дар он ба гунае пешбинӣ ва тарҳрезӣ шудаанд, ки саъодати инсон дар ҳеҷ бахше аз он фурӯгузор нагаштааст. Ин масоил, ки ба ақида, ибодат, ахлоқ, танзими муъомилот ва хулоса, ба бахшҳои гуногуни барномаи зиндагии инсон бастагӣ доранд, асоси дин ва ҷавҳари паёмҳои Қуръонро ташкил медиҳанд ва ба таври возеҳ ва эъҷозоваре дар китоби Худо баён гардидаанд.

Ҷавҳари паёмҳои Қуръон, ки асосҳои дин ва барномаи комили зиндагии инсонро ташкил медиҳад, барои ҳамаи қишрҳои ҷомеъа, ҳам донишмандон ва ҳам мардуми одӣ, фаҳмо ва мушаххас мебошад. Қуръони карим дар чандин оят ба ин воқеъият ишора намуда ва мардумро ба тааммул ва андешидан дар оятҳои худ фаро хондааст, он ҷо ки мефармояд: «Оё дар (оятҳои) Қуръон намеандешанд ё қуфли дилҳо бар онҳо ниҳода шудааст?». (Сураи Муҳаммад, 47: 24). Дар ҷои дигар мефармояд: «Шуморо аз сӯи Парвардигоратон панду ибратҳое омад. Пас касе (ба воситаи онҳо) басират ва биноӣ пайдо кунад, барои худ кардааст ва касе (аз онҳо) кӯр бимонад, он низ бар худи ӯст ва ман бар шумо нигаҳбон нестам». (Сураи Анъом, 6: 104). Ҳамчунин мефармояд: «Оё дар Қуръон намеандешанд? Агар он аз назди ғайри Худо мебуд, ҳатман дар он ихтилоф ва ноҳамгунии бисёре меёфтанд!». (Сураи Нисо, 4: 82).

Вале аз он ҷо ки Қуръон карим мӯъҷизаи ҷовидонаи Паёмбари Ислом (с) ва барномаи ҳамешагии ҳидояти Худованд барои башарият мебошад, камол ва эъҷози он ба ҷанбае, қавме ва ё асре маҳдуд намегарад, балки ҳарчи замони бештаре мегузарад ва башарият ба дастовардҳои тозатаре даст меёбад, гӯшаҳое аз камол ва эъҷози Қуръон ба рӯяш кушода мегарданд. Агар дар гузашта аз сӯи донишмандон танҳо ба ҷанбаҳои эъҷози он дар фасоҳат (равшанӣ ва равонӣ), балоғат (расоӣ), ҷаззобият, ҷанбаҳои фаннӣ ва зебоӣ ва ғайра таваҷҷӯҳ зоҳир мегардид, пас бо гузашти замон ва даст ёфтани инсон ба пешрафтҳои азими илмӣ ҷанбаҳои тоза ва ҳақоиқи наве аз эъҷози Қуръон ва воқеъиятҳои каломи Илоҳӣ равшан ва барои ҷаҳониён макшуф гардидааст.

Ин ишораҳои илмӣ дар Қуръони карим ба шакле ифода ёфтаанд, ки мардуми ҳар аср аз онҳо маънои муносиб бо нубуғи илмӣ ва дастовардҳои замони худро дармеёбанд ва он маъонӣ бо вусъати доираи донишҳои башарӣ пайваста густариш меёбанд ва ҳамин тавр Қуръони карим бар тамоми донишҳои башарӣ ҳамеша пешгом ва ҳоким боқӣ мемонад.

Вале ишораҳои илмӣ ва ҳақоиқи кавние, ки дар замири паёмҳои Қуръон нуҳуфтаанд, ба таври куллӣ дар масири таҳкими пояҳои эътиқодӣ, бедории андешаи солими инсонӣ ва аз боби тазаккур ба қудрати тавонои Худованд ва иршоди инсон ба сӯи арзишҳои ҷовидона ва фурӯғи таълимоти Илоҳӣ инъикос ёфтаанд. Пас ба ҳамон андозае, ки барои ҳидояти ҷомеъаи башарӣ ва таъмини саъодати инсон ва ҳамчунин, барои ба тафаккур водоштани андешаи солими инсонӣ зарурат дорад, дар оятҳои Қуръон ба ҳақоиқи олами офариниш ва воқеъиятҳои айнии ҷаҳони ҳастӣ ишора шудааст.

Ба қавли донишманди шинохтаи ҷаҳони Ислом доктор Зағлул Наҷҷор бештар аз ҳазор ояти Қуръони карим ба баёни ҳақоиқи ҷаҳони ҳастӣ ихтисос ёфта ва дар чандин ояти дигар бо сароҳат ба воқеъиятҳои коинот ишора шудааст, ки дар маҷмӯъ ин оятҳои кавнӣ ва ишораҳои илмӣ наздик ба шашяки оятҳои Қуръонро ташкил медиҳанд.

Доктор Муҳаммадҷамили Ҳаббол дар китоби “Улум дар Қуръон”-и худ шумораи оятҳоеро, ки дар бораи ишораҳои илмӣ ва ҳақоиқи гуногуни кавнӣ сухан мегӯянд, ҳазору дусад (1200) оят гуфта ва дар китоби “Тиб дар Қуръон”-и худ ёдовар шудааст, ки аз ҷумла сесаду панҷоҳ (350) ояти он дар бораи ҳақоиқи илми тиб сухан мегӯянд.

Муҳандис Аҳмад Омир Дулаймӣ бошад, дар китоби “Обҳо дар Қуръон”-и худ  қайд кардааст, ки аз ҷумла ҳудуди дусаду шасту панҷ (265) ояти он дар бораи обҳо ва риштаҳои гуногуни обшиносӣ (гидрология) сухан мегӯянд. Ҳамчунин мегӯяд, ки дар баъзе оятҳо чанд ишораи илмӣ дар ҳар мавзӯъе омадааст ва дар дусаду шасту панҷ ояте, ки дар бораи обҳо ва системаи гардиши об дар табиъат сухан мегӯянд, панҷсаду сиву ҳашт (538) ишораи илмӣ вуҷуд дорад. Вай меафзояд, ки ин омор бинобар таҳқиқотҳое, ки ӯ дар ин маврид анҷом додааст, ба даст омадаанд ва шояд пажӯҳишҳо дар оянда бештар аз инро собит намоянд.

Тақрибан ҳамин қадар оятҳои дигар ва ё бештар аз он дар бораи ҳақоиқи улум ва воқеъиятҳои дигари олами офариниш (ғайр аз ҳақоиқи тиббӣ ва ишораҳои илмӣ дар риштаи обшиносӣ) сухан мегӯянд ва ба ин тартиб ба ақидаи муҳаққиқони улуми қуръонӣ чандин ҳазор ишораи илмӣ ва баёни ҳақоиқи кавнӣ дар оятҳои Қуръон нуҳуфтааст. Ин ишораҳои илмӣ чӣ тавре зикр гардид, ғайр аз он эъҷози амалӣ ва навовариҳои илмие мебошанд, ки Қуръони карим дар заминаи қонунугузорӣ (аҳкоми фиқҳӣ), тарҳи барномаҳои иқтисодӣ, пешбинии низоми эътиқодӣ, баёни назарияҳои тарбиявӣ, пайванди робитаи банда бо Худо ва ғайра барои ҷомеъаи башарӣ ба армуғон овардааст. Гузашта аз ин, боз ҳазорон ишораи илмӣ ва баёни воқеъиятҳои айнии олами ҳастӣ дар суннати набавӣ зикр гардидааст.

Вале вақте аз эъҷози илмии Қуръон сухан меравад, набояд Қуръонро ба монанди китобҳои физика, химия, ҷуғрофия ва ғайра китоби фанҳои дақиқ ва таҷрибӣ шинохт ва чунин пиндошт, ки тамоми асрори офариниши олам дар он ба тартиб ва равиши риштаҳои илмӣ мавзӯъбандӣ шуда ва бо тафсили ҷузъиёт манзури хонанда гардидаанд, балки Қуръон бораи таъйини сарнавишти инсон ва таъмини саодати ҷомеъа, ки мавзӯъи асосии онро ташкил медиҳанд, барномаи комил ва аҳкоми фарогире овардааст ва дар айни ҳол барои исботи ҷовидонагӣ ва эъҷози поённопазири худ дар мӯҳтавои оятҳо ва хазонаи илмии хеш ганҷинаҳои нафис ва ишораҳои илмиеро ҷой додааст ва илми башар ҳарчи пеш меравад, гӯшаҳое аз ин ҳақоиқи қуръонӣ ва ганҷинаҳои илмӣ ба рӯяш кушода мегарданд.

Бинобар ин, барои ҳар насл ва даврае ҳамон навъе аз эъҷози Қуръон макшуф ва намоён мегардад, ки нубуғи онҳо дар он ба камол расидааст ва зарфиятҳои зеҳнии эшон дар зери таъсири он қарор доранд. Ҳоло дар асри иктишофоти сареъи илмӣ ва дастовардҳои азими технологӣ, ки зеҳнияти мардум дар зери таъсири раванди ақлгароӣ ва илммеҳварӣ қарор гирифтааст, давраи зуҳури ҷанбаҳои эъҷози илмӣ ва мутобиқати иктишофоти илмӣ бо ҳақоиқи пешгӯикардаи Қуръон фаро расидааст. Қуръони карим дар ин арса низ ҷанбаи худоӣ дошта, камоли эъҷози худро барои башарият, ки маҳбути дастовардҳои илмӣ ва ихтироъоти технологии худ гаштааст, ба намоиш гузошт ва ба вай фаҳмонд, ки ин ҳама дағдағае, ки пас аз садҳо сол ранҷу таъаб ба он расидааст, ҳазору чаҳор саду чанд соле пеш аз сӯи китоби осмонӣ ва соҳиби рисолати Ислом пешгӯи ва баён гардида буд. Фармудаи Паёмбари акрам (с) дар васфи Қуръони карим ба ҳамин нукта ишора дорад, он ҷо ки мефармояд: «… Он бо такрори бисёр қӯҳна ва забонзада намегардад ва аҷоиб ва шигифтиҳои он ба поён намерасанд».

Дарки дурусти маънои оятҳои кавнӣ ва эъҷози ишораҳои илмии Қуръон ҷуз бо баргашт ба ҳақоиқи илмие, ки бо суръат ва густардагии хосе барои аҳли замони мо фароҳам омадаанд, имкон надорад. Зеро мӯҳтавои илмии ин оятҳоро танҳо донишмандони росих ва муҳаққиқони мутахассис дар соҳаҳои гуногуни илмӣ метавонанд дарк намоянд. Чандин ояти Қуръон ба ин воқеъият: кашф гардидани мӯҳтавои оятҳои кавнӣ ва ҳақоиқи илмии каломи Илоҳӣ дар оянда ишора мекунанд. Аз ҷумла дар ояти 67-уми сураи Анъом мефармояд: «Барои ҳар хабар (е, ки дар Қуръон омадааст), ҷойгоҳ (ва замони кашф шудан) аст ва зуд аст, ки онро медонед», дар ояти 93-юми сураи Намл мефармояд: «Ва бигӯ: Ҳамд барои Худо, ба зудӣ оятҳои хешро ба шумо нишон медиҳад, он гоҳ онҳоро хоҳед шинохт ва Парвардигорат аз он чи анҷом медиҳед, ғофил набошад», дар оятҳои 87-ум ва 88-уми сураи Сод мефармояд: «Он (Қуръон) намебошад, магар зикр ва ёдоварие барои ҷаҳониён ва хабари (ҳақоиқи) онро пас аз муддате хоҳед донист» ва дар ояти 53-юми сураи Фуссилат мефармояд: «Ба зудӣ оятҳои худро дар офоқ (канораҳои ҷаҳони ҳастӣ) ва дар нафсҳояшон ба онҳо нишон хоҳем дод, то барои онҳо равшан ва муҳаққақ гардад, ки он (Қуръон ва рисолати Паёмбари Ислом) ҳақ аст. Оё ҳамин кифоя нест, ки Парвардигори ту бар ҳама чиз шоҳид аст».

Чӣ тавре мушоҳида мешавад, ин оятҳо ба кашф гардидани ҳақоиқи илмӣ ва эъҷози мӯҳтавои оятҳои каломи Илоҳӣ дар оянда хабар медиҳанд ва он имрӯз дар ҳаҷми густарда ва ба сурати равшане дар ҷаҳони ҳастӣ дар ҳоли таҳаққуқ ёфтан аст. Имрӯз дар асри иктишофоти густарда ва пешрафтҳои сареъи илмӣ ҳақоиқ ва ишораҳои илмии Қуръон ба қадре равшан ва барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ макшуф гардидаанд, ки дар ҳеҷ даврае дар гузашта ба ин андоза мавриди таҳқиқ ва шиносоӣ қарор нагирифта буданд.

Вале на ҳама чизе, ки бо номи илм гуфта мешавад, ифодагари воқеъиятҳои айнӣ ва баёнгари воқеъии ҳақоиқи сад дар сад собитшудаи илмӣ мебошад, балки баъзан фарзияҳои тахминӣ ва назарияҳои ғайривоқеъӣ дар зери унвонҳо ва бо вероиши илмӣ пешкаши ҷомеъа мегарданд ва аз сӯи баъзе доираҳои сиёсӣ бо номи ҳақоиқи раднопазири илмӣ ба нафъи сиёсати идеологии онҳо таблиғ мешаванд. Бинобар ин, фарзияҳо ва назарияҳо на ҳамеша ҳақоиқи раднопазири илмӣ буда, бо тамоми меъёрҳои илмӣ собит шудааанд ва бо ишораҳои илмӣ ва пешгӯиҳои дақиқи қуръонӣ мутобиқат доранд. Он назарияҳое, ки ба сурати фарзияҳои илмӣ пешниҳод шуда ва ҳанӯз ба сурати ҳақоиқи раднопазири илмӣ надаромадаанд, шоистагии муқоиса бо ҳақоиқ ва ишораҳои илмии Қуръонро надоранд. Зеро чунин назарияҳо ҳамеша дар ҳоли дигаргунӣ ва такомули нисбӣ ва аҳёнан рад гардидан дар оянда қарор доранд ва ин андешаҳои нокомил ва мавқеъҳои тағйирпазири илмиро бо илми комил ва ишораҳои собит ва бетағйири каломи Илоҳӣ муқоиса кардан мантиқан ва илман дуруст намебошад.

Пас баёни эъҷози илмии Қуръон ва муқоисаи ҳақоиқи собитшудаи илмӣ бо пешгӯиҳо ва ишораҳои илмие, ки дар бештар аз ҳазору чандсад ояти Қуръон вуҷуд доранд, бояд дар чорчӯбаи меъёрҳои илмӣ ва бо риъояи асосҳои тағйирнопазири Қуръони карим дар ин замина сурат гирад ва манзури муҳаққиқон аз эъҷози илмӣ дар Қуръон низ ҳамин аст. Пас на ҳар донишманд ва шахсияти илмие ҳаққи маънавии исботи эъҷоз ва баёни ишораҳои илмиро дар каломи Худованд дорад, балки шахсе дар ин бора метавонад сухан бигӯяд, ки ҳам дар бораи донишҳои динӣ, ба хусус донишҳои қуръонӣ ва ҳам дар бораи риштаи илмие тахассуси комил дошта бошад.

Ҳамчунин, манзур аз баёни эъҷози илмии Қуръон ворид шудан ба масоили ғайбӣ, ки илми онҳо танҳо барои Худо маълум аст, намебошад, балки дар фаҳми дурусти онҳо ба ҳамон андозае, ки дар китоби Худо собит гардида ва дар суннати Расули акрам (с) тафсир шудаанд, иктифо бояд кард, ба монанди баёни чигунагии зот ва сифоти Худованд, аҳволи инсон дар олами барзах, вақти фаро расидани рӯзи қиёмат, фариштагон, биҳишту дӯзах ва ғайра.

Ишораҳои илмӣ ва ҳақоиқи кавние, ки дар Қуръони карим зикр шудаанд, бахшҳои гуногуни ҷаҳони ҳастӣ ва олами офаринишро фаро гирифта, имрӯз тақрибан дар тамоми риштаҳои илмӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Аз ҷумла дар он дар бораи офариниши осмонҳо ва замин, марҳалаҳои пайдоиш ва ба вуҷуд омадани онҳо, низоми боду борон, пайдоиши абрҳо, навъҳои абрҳо, дигаргуншавии шабу рӯз, ҳаракати мунтазами ситораҳо, васеъшавии пайвастаи коинот, қабатҳои замин, қабатҳои атмосфераи он, падидаҳои табиъӣ, қонунмандиҳои сартосарии низоми офариниш, қӯҳҳо, обҳо, гиёҳон, ҷонварон, марҳалаҳои гуногуни пайдоиши одам, марҳалаҳои пай дар пайи рушду такомули тадриҷии ҷанин ва ҳазорон ҳақоиқи дигар ба таври дақиқ ва бо баёни расои илмӣ сухан ба миён омадааст.

Илова бар ин, дар оятҳои зиёде дар бораи усули ҷомеъашиносӣ ва нуқтаҳои муҳимми равонии инсон ишораҳои илмӣ ва баёноти дақиқе вуҷуд дорад, ки ҳеҷ равоншинос ва коргузори масоили иҷтимоӣ аз онҳо бениёз буда наметавонад. Вақте аз ин ҷанбаи эъҷози илмӣ ба ишораҳои кавнии Қуръон менигарем, набояд дар партави баёноти дақиқ ва ифодаҳои расо ва такондиҳандаи онҳо аз канори дигар гӯшаҳои эъҷози Қуръон сатҳӣ бигузарем. Зеро ифодаҳои қуръонӣ ҳамон гуна ки зикр гардид, дар тамоми қисматҳо мӯъҷиз ва беназир буда, барномаи комил, фарогир ва дақиқеро барои ҳидояти ҷомеъаи башарӣ пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла камоли эъҷози қуръониро дар ин ҷанбаҳо низ метавон мушоҳида намуд:

  1. Эъҷози луғавӣ, адабӣ ва фаннӣ.
  2. Эъҷоз дар баёни низоми эътиқодӣ ва таъйини хатти фикрии ҷомеъа.
  3. Эъҷоз дар тарҳи барномаи комил ва инсонсози ибодатӣ.
  4. Эъҷоз дар барномаи ахлоқӣ ва мувофиқати он бо табиъати башарӣ.
  5. Эъҷоз дар бахши қонунгузорӣ ва танзими паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти инсон.
  6. Эъҷоз дар баёни ҳаводиси таърихӣ ва мутобиқати комили онҳо бо ҳафриётҳо (ковишҳо)-и бостоншиносӣ ва кашфиётҳои археологӣ.
  7. Эъҷоз дар равиши тарбиявӣ.
  8. Эъҷоз дар пешниҳоди назарияҳои иқтисодӣ ва барномаҳои молӣ.
  9. Эъҷози идорӣ.

10.  Эъҷоз дар пешгӯиҳои оянда ва рӯйдодҳои ғайбӣ.

Эъҷоз ва ё мӯъҷиза будани Қуръон ба маънои он аст, ки каломи Худованд дар тамоми заминаҳо аз тобу тавон ва ҳама гуна зарфиятҳои инсонӣ бартар аст ва башарият ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ заминае наметавонад ба он рақобат намояд.

Қуръон барои ҳар давру замоне гӯшаҳое аз эъҷози худро мекушояд ва он ҳамон гуна ки Рофеъӣ мегӯяд, китоби ҳар аср аст ва дар ҳар давре далели эъҷози худро аз ҳамон давра доро мебошад. Он дар таърих, таъсири инсонӣ ва тамоми ҳақоиқи худ мӯъҷиз мебошад.

Имрӯз бо муқоисаи муҳимтарин дастовардҳои тамаддуни моддӣ дар таъмини саъодати инсон, ки ба гунае дар хориҷ аз қаламрави арзишҳои тамаддуни исломӣ пас аз асрҳо талошу мубориза ба авҷи такомули худ расидааст, ба омӯзаҳои амалӣ ва аҳкоми нуронии Ислом метавон ба хубӣ ба азамати тамаддуни Ислом ва илоҳӣ будани он пай бурд. Ҳанӯз усули инсонӣ ва арзишҳои башарии таълимоти Ислом ва он барномаи фарогире, ки барои таъмини саъодати инсон овардааст, нисбат ба ҳамин масоил дар тамаддуни моддӣ аз шукӯҳи хосе бархӯрдор мебошанд ва дини Ислом то абад ин бартарияти худро ҳифз хоҳад кард.

Воқеъиятҳои айнӣ ва ҳақоиқи кавние, ки Қуръони карим дар бештар аз ҳазор оят ба онҳо бо сароҳат ишора кардааст, бисёр густарда ва фарогири бахшҳои гуногуни ҷаҳони ҳастӣ мебошад. Акнун ба баёни қисмате аз эъҷози илмии Қуръони карим мепардозем ва чанд лаҳзае дар партави анвори ҳақоиқи қуръонӣ дар тамошои шигифтиҳои олам ба сар мебарем.

Абдушарифи Боқизода

More From Author

You May Also Like