Categories Uncategorized

Эҳтимоли кам кардани андозҳо дар Тоҷикистон

Дар давоми соли 2011 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ҳудуди 107 дарсад таъмин гардида, ба ҷои 3 миллиарду 616,3 миллион сомонӣ пешбинишуда, ба буҷа 3 милиарду 865,5 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда, қариб 250 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар ин бора Рустам Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки эҳтимол аст, намуди андозҳо дар Тоҷикистон аз 21 то 11 адад коҳиш дода шавад. Гурӯҳи кори қисми асосии лоиҳаи Кодекси андоз таҳрири навро таҳия намуда, айни замон он мавриди барасии коммиссия оид ба таҳияи Кодекси нав қарор дорад. Тавре гуфта шуд, дар ҳуҷҷат кам кардани андозҳо то 11 номгӯй пешинҳод мегардад. Аммо шумораи андозҳои пешниҳодшуда, дар қисми махсус, ки омодагӣ ба он пас аз баррасии қисми асосии лоиҳаи Кодекс оғоз мегардад, метавонад тағйир ёбад.    

More From Author

You May Also Like