Коршиносон ва таҳлилгарони масоили сиёсии тоҷик иллати ҳузур надоштани фарзандони мақомоти баландпояи давлатии Тоҷикистонро дар саффи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар вуҷуди фосилаи табақотӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа арзёбӣ мекунанд.
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни гуфтугӯи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои «Садои Хуросон» бо ишора бар ин ки то кунун 30%-и даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати артиши Тоҷикистон иҷро гардидааст, гуфт: « сабаби ба вуҷуд омадани чунин падидаро натиҷаи дур шудани давлатмардон аз мардуми ин кишвар метавон арзёбӣ кард».
Номбурда афзудааст: «Мақомоти давлатӣ талош мекунанд, ки бо ҳаргуна роҳ, фарзандони худро ба хидмати артиш нафиристанд. Мардум низ бо мушоҳидаи ин авзоъ талош менамоянд, то бо пардохти ришва ё фиристодани фарзандони худ ба Русия, онҳоро аз рафтан ба сарбозӣ боз доранд».
Лозим ба ёдоварист, ки аз моҳи октябр даъвати ҷавонписарон ба сафи хизмати ҳарбӣ оғоз гардидааст. Яке аз мавзӯъҳое, ки то имрӯз ҳалли худро дар кишвар пайдо накардааст, сарпечӣ ё нарафтани ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ мебошад. вале аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки нарафтани ҷавонон бештар нисбат дорад ба нобаробарӣ дар даъвати ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ.