Дар остонаи дувумин солрӯзи реҳлати Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, оромгоҳи ин абармарди фарҳангу хирад дар қабристони Лучоб, маконе, ки иддае аз шахсиятҳои машҳури Тоҷикистон мадфан ёфтаанд, рӯнамоӣ шуд.
Дар мазори Лучоб маросими ба анҷом расидани корҳои сохтмонии оромгоҳи ин абармарди фарҳангу хирад баргузор гашт. Тарроҳии оромгоҳ, бо дасти набераи марҳум Шакурӣ, Оятуллоҳ Шакурӣ ва бо илҳом аз меъмории Хуросони бузург анҷом гирифта, корҳои сохтмониро, ки аз он бӯи Хуросони бузург ва Бухорои шариф ба машом мерасад, зери назар ва бо ҳиммати фарзанди устоди марҳум, Рустам Шакурӣ ва ҷамъе аз шогирдони устод ва мусоидати молии бемористони “Ибни Сино” ба поён расидааст.
Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки бо талоши вофир дар ҳифзи забону адаби форсӣ дар Тоҷикистон кӯшид ва солҳо ба унвони узви пайвастаи фарҳангистони забон ва адаби форсӣ хидмати шоиста анҷом дод, дар дидаи аҳли фарҳангу адаби мардуми форсизабон, ба вижа мардуми Тоҷикистон ҷойгоҳи вижае аз худ боқӣ гузошт. Ишон илова бар осори бисёр ва арзишманд, мактуб дар қолаби китобу мақола, инчунин шогирдони зиёд тарбия кардаанд, ки дар ҳама соҳаҳои фарҳангиву адаби Тоҷикистону Ирон кору фаъолият дошта, номбардори устоди номвари худ гаштаанд.
Ҷои ёдоварӣ ва тазаккур ҳам ҳаст, ки баъд аз ду соли реҳлати академик М. Шакурӣ, ки 16-уми сентябр буд, китоби “Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт”, хотироти шифоҳии ишон ҳам ба чоп расид, гуфтааст ҳамсарашон Дилафрӯзбон Икромӣ.
Аз Худованди бузург ба бону Дилафрӯз сабру шикебоӣ хоста, манзили охирати устод Шакуриро ободу маъвояшро биҳишти анбарсиришт гардонад.
Бале, ба наздикӣ китоби “Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт” рӯйи чоп омада, дар Китобхонаи Миллӣ ҳамзамон бо кушодашавии китобхонаи шахсии ишон рӯнамоӣ шуда буд. Чун ҳама ба ин китоби арзишманд дастрасӣ надоранд, нусхаи электронии китобро, алоқамандону дӯстдорони каломи бадеъ аз ҳамсари устод Шакурӣ, Дилором Икромӣ дастрас карда метавонанд.