Дирӯз Э. Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумат аз фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманд набудани худро эълон дошт. Э. Раҳмон дар ҷаласе, ки дар он беш аз 45 масоил мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор гирифтаанд, корҳои анҷомдодаи агентиро нокофӣ донист. Ба роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ҳамчунин роҳбарони вазорату идороти давлатӣ Президент Э. Раҳмон супориш дод, ки давоми як моҳ барномаи ҷадиди мубориза алайҳи коррупсияро таҳия ва онро дар зудтарин фурсат тадбиқ кунанд.
Categories
Ахбори рӯз