nahzat.tj
Дар маросими ҷоизасупорӣ ширкат варзед
Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик, ки дар олимпиадаи «Лондон – 2012» соҳиби медали биринҷӣ шуд, калиди манзили дуҳуҷрагиро аз тарафи ҲНИТ, ки дар назар аст фардо 24 август маросими ҷоизасупорӣ дар қароргоҳи ин ҳизб баргузор шавад, соҳиб мегардад. Сомонаи “nahzat.tj” мусоҳибаеро, ки бо ин муштзандухтари тоҷик оростааст, ки инак, он пешкаши хонандагон тақдим мешавад.
– Ассалому алайкум, Мавзунабону Чориева! ШуморобароисоҳибшуданбамедалибиринҷӣмуборакбодмегӯемваборидигарбароимуаррифӣнамуданиТоҷикистониазизамонбаҷаҳонташаккур. Суоли аввал инаст, чӣ шуд, ки ба олами варзиш ворид шудед?
– Албатта, ки дар дили ман меҳри варзиш буд. Ин меҳру дӯстдорӣ маро ба олами варзиш (яъне муштзанӣ) ворид кард. Ман 14-сол боз инҷониб корам варзиш аст.
Падари марҳумам ҳамаи фарзандҳояшро дӯст медошт ва манро аз ҳамаи инҳо дида бештар дӯст медошт. Ягона орзуи падарам ин буд, ки ягон фарзандаш варзишгар шавад, зеро худашон варзишгари хуб буд. Ва ман ба он кас ваъда дода будам, ки орзуи ишонро амалӣ менамоям ва ба ваъдаи худ вафо кардам. Орзӯи он касро хушбахтона амалӣ намудам ва рӯҳашонро шод кардам. Акнун, дар дилам армон намонд.
– Шумо гуфтед, ки падаратон варзишгар буд, оё Шумо аз ишон илҳом гирифтед?
– Бале, чи тавре, ки дар боло қайд кардам, падарам ҳамаи моро дӯст медошт, вале боз манро бештар дӯст медошт. Ман аввал шуғлам гуштӣ буд, аммо вақте ки ба гуштӣ қувваозмоӣ кардам, ҳис кардам, ки ин чиз бароям писанд нест. Ба падарам гуфтам, ки аз гуштигирӣ даст мекашам муштзаниро машқ мекунам. Ӯ ба ман гуфт: «Чизе, ки барои худат писанд аст, ҳамонро интихоб намо ва дар охир коре кун дар тамоми дунё шӯҳратёр бошӣ…»
– Пас аз вафоти падаратон (рӯҳаш шод бод), шуморо киҳо бештар дастгирӣ мекарданд?
– Ман танҳо ба умеди Худованд будам ва ҳастам. Аммо бисёр нафарон ба ман ёрдам карданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, худам заҳмат кашидам ва дар охир комёб шудам. Худоро сад бор шукр.
– Шумо ки дар тамоми сӯҳбатҳоятон мудом Худоро ёд мекунед, оё Шумо намоз мехонед?
– Алҳамдулиллоҳ, намоз мехонам… Вақте ки ман дохили «ринг» медароям, ғайр аз Худованд каси дигар ба ман кумак намекунад.
– Шумо дар мактаби миёна кадом фанро дӯст медоштед? Пас аз хатми мактаб ҳуҷатҳоятонро ба куҷо супориданӣ будед?
– Мутаассифона, мактаби миёнаро бо баҳои аъло тамом накардам. Муаллим ба ман вазифа медод, аммо ман дар дафтарам расми дастпӯшҳои боксиро тасвир мекардам, чунки ман аз овони кӯдакиям ин ҷониб муштзаниро дӯст медоштам. Ба ҳар ҳол, дар дарсҳо иштирок мекардам (механдад).
Давом дорад…