То имрӯз мусалмонон дар сиёсат бо шикаст мувоҷеҳ шудаанд дар бештари кишварҳо, хусусан дар Осиёи Марказӣ. Коршиносон мӯътақиданд, ки аз чанд қарн пеш ташаббус дар робита бо барномаҳои бузурги сиёсӣ ба дасти ҷавомеъи ғайримусалмон будааст.
Бояд гуфт, барномаҳои бузурги сиёсӣ барои рушди мусалмонон манфиъат дорад. Бо вуҷуди сарвату дороиҳои фаровон бисёре аз кишварҳои мусалмонишин, ба вижа он иддае, ки ишора шуд, гирифтори мушкили бесаводианд, вале боз ҳам тарҳе барои сармоягузорӣ дар ин арсаҳоро дар назар надоранд. Бинобар ин, бисёре аз заминаҳои мудириятии ин кишварҳо аз тарафи дигарон анҷом мегирад, ки бо манофеъи асили мусалмонон фосила пайдо мекунад.
Дар воқеъ, бурузи бӯҳронҳо дар ҷаҳони Ислом ба далели адами тарҳҳои ҷаҳонии давлатҳои мусалмон барои таъмини манофеъи уммат аст, ки Сурия намунаи он мебошад. Имрӯз бархе раҳбарони мазҳабии кишварҳои исломӣ зимни пардохтан ба моҷарои Сурия аз он ба унвони нуқтаи таъинкунандаи сарнавишти мусалмонони ҷаҳон ёд ва даъват ба ҷиҳод мекунанд. Ҳол он ки дар моҷарои Сурия манофеъи мусалмонон тақрибан ҳеҷ ҷойгоҳе надорад.
Таҳаввулоти солҳои ахири кишварҳои исломӣ, ба вижа арабӣ назири Миср ҳокӣ аз он аст, ки ба даст овардани қудрат аз ҳар роҳе ҳануз ҳама чиз нест, балки ҳифзи он муҳимтар мебошад.
Дар шароите, ки ҳеҷ як аз кишвари мусалмонӣ узви Шӯрои амнияти СММ нест ва бештари ин кишварҳо ҳам коркардҳои илмиву технологии муъосирро дар ихтиёр надоранд, сӯҳбат аз имкони муаррифии тарҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз сӯи мусалмонон ҳануз зуд аст. Ба хусус дар Осиёи Марказӣ дар ҳамаи сатҳҳо ин зеҳниятро бояд барқарор сохта, тақвият бахшид, ки ҳеҷ касе аз хориҷ барои ин кишварҳо нусхаи наҷотбахш ироъа нахоҳад кард. Роҳи наҷоти кившарҳои минтақа дар дасти худи онҳост ва фақат кишварҳои хайрхоҳ метавонанд давлатҳои ин минтақаро дар ин масир ҳамроҳӣ кунанд.
Дар ин байн ҳимояти хориҷиҳо аз гуруҳҳои ифротии мазҳабӣ дар Осиёи Марказӣ, давлатҳои минтақаро то ҷое нисбат ба гуруҳу шахсиятҳои мӯътадили исломӣ низ бадгумон мекунад, ки ин ҳаргиз ба нафъи мусалмонон нахоҳад буд.Ҳатто равишҳои расонаҳои байналмилалӣ дар ҳоли ҳозир мухолифи манофеъи мусалмонон аст. Ин расонаҳо аз вазъияти Ироқу Миср, Сурияву Афғонистон ва Қафқоз сӯҳбат мекунанд, вале дар баробари наслкушии мусалмонон дар дигар манотиқ сукут ихтиёр кардаанд. Яъне авлавиятҳои таъиншуда дар арсаи байналмилалӣ ба навъест, ки рабте бо манофеъи воқеъии мусалмонон ва кишварҳои исломӣ надорад.
Ҷолиб аст, ки расонаҳои байналмилалӣ барои ифротиҳо минбар фароҳам мекунанд, то аз зарурати ба истилоҳ “ҷиҳоду кӯмак ба мусалмонҳо ва нобудии куффор” сӯҳбат кунанд, вале вақте конфронсҳои исломӣ доир мешаванд, чунин иқдом бо эътирозу нигарониҳои ҷиддии онҳо мувоҷеҳ мешавад. Агар имрӯз дар робита бо масоили марбут ба манофеъи асили кишварҳо ингуна барномаҳо пиёда ва роҳкорҳои муқобила бо чолишҳои оянда мушаххас нагардад, кор ба маротиб сахттар мешавад.
Бояд дар сатҳи давлатҳои минтақа ва элитаҳои сиёсии он гуфтугуҳо дар ин замина сурат ва арсаҳои ҳамкорӣ ташкил гарданд, зеро бо манъи ҳиҷоб ва рафтани кудакону навҷавонон ба масҷид ва амсоли инҳо ҳаргиз наметавон пеши раванди ҳуввиятхоҳии мардумро гирифт. Ин навъи нигоҳ ба масоил дар асл аз як гумроҳие беш нест.
Агар ин равиш густариш ёбад, мусалмонон маҷбур хоҳанд шуд, ки фаъолиятҳои худро ба сурати махфӣ дунбол кунанд. Дар ин шароит кӯмаккунандагони зиёде аз хориҷ пайдо хоҳанд кард, ки дар ниҳоят иқдомоти онҳо дар самту сӯи мухолифат бо ин давлатҳо қарор хоҳад гирифт.
Мутаасифона шахсиятҳои мазҳабӣ ва ё ҳамон рӯҳониёни кишварҳои минтақа дар масоили гуногун дар умум фаъол нестанд. Барои мисол, таи ҳаводиси қавмии чанд соли пеши ҷануби Қирғизистон, ҳатто як нафар аз шахсиятҳои нисбатан шинохташудаи исломӣ тақозои қатъи амалҳои носавоб дар муқобили бародарону хоҳарони худро накард.
Албатта ҳар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои шароити хос мебошанд. Чунончи дар Қазоқистон чун тарҳҳои муштарак бо тоҷирони бузурги Халиҷи форс вуҷуд дошт, роҳро бар рӯи бархе аз онҳо комилан боз гузоштанд, ки мунҷар ба зуҳури гуруҳҳои зиёди ифротӣ шуд. Бархе аз онҳо, минҷумла такфириҳо ҳеҷ навъ гуфтугуи мантиқиро қабул надоранд. Дар Қирғизистон ҳам дар асл ташаббус дар дасти мусалмонон нест, ҳар лаҳза метавонанд аз ҷавомеъ ва гуруҳҳои исломӣ дар ҷиҳати таҳаққуқи тарҳҳои калони геополитикӣ истифода кунанд.
Бинобар ин, барои ҷилавгирӣ аз ин гуна иттифоқоти баду манфӣ бояд талош кард, то аз ҳошия ба матн омад ва баҳсҳо аз сатҳи масоҷиду мактабҳои зери заминӣ ба сатҳи расмӣ мунтақил шаванд. Бояд перомуни ингуна масоил сиёсатмадорону коршиносон бо ҳам ҳарф зананд.
Шуҳрат Набиев