Categories Ахбори рӯз

Мустақилияти суд: Дар Норак суд шабҳо ҳам ҳукм мебарорад, агар…

Дар замони ҳозира инсонҳои шариф хеле каманд,
махсусан онҳое, ки ростиву устувориву ҷавонмардиро пешаи худ медонанд. Қурбон Маннонов,
раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Норак борҳо дар сӯҳбатҳояш барои ҳусни тафоҳум ва
эҷоди як фазои солим бо мақомоти қудратӣ ва ҳукумати шаҳри Норак борҳо муроҷиат
кардаву умед бар он мебаст, ки рӯзе мерасад, ки ақли солим боло мегирад ва
мушкилоте агар ҷой дошта бошад, бо муколамаву гуфтушунид ҳаллу фасл мешавад. Ин
ошкоргӯиву ростқавлӣ то андозае мансабдорону масъулини шаҳри Норакро дар ҳолати
ногувор қарор медод, аз як тараф ангезаву устувориву матонати бобои Қурбон онҳоро
дар ҳайрат меовард, ки дар интихоби ин роҳу мактаб чӣ сирре нуҳуфта, ки Қурбон
Маннонов ба ин ҳад устувор аст. Аз тарафи дигар, бархурди номуносиби
ғайриқонуниву мағрурона ва саргардониҳое, ки болои бобои Қурбон меоварданд, ҳам
ӯ ва ҳам дигаронро хеле нороҳат месохт. Даҳҳо бор аз ӯ бо ҳар васила даъват
карданд, ки узвияти худро дар ҲНИТ қатъ намояд, вале ӯ як қавлу як рӯву як
мавқеъ дошт, забони ҳолаш гӯёи ин буд, ки рӯзи қиёмат замоне, ки дар пеши
Холиқи замину осмонҳо рост меистад, нашавад, ки ба беаҳдӣ, ноустуворӣ ва тарсӯӣ
дар баробари фишор, зулм ва таҳдид муттаҳам шавад. Худованд ҳам аҳдшиканонро
дӯст намедорад ва аҳдшиканӣ ҳам оини ҷавонмардӣ нест…

Хабарҳои расида ҳокӣ аз онанд, ки шоми 10 июни
соли равон суди шаҳри Норак дар мурофиаи судӣ Маннонов Қурбонро ба мӯҳлати 10
рӯз аз озодӣ маҳрум карда, ҳалномаи судро гӯё дар ихтиёри Қурбон Маннонов
гузоштааст. Ҳеҷ кас аз наздикон намедонанд, ки чӣ сабаби маҳкумияти раиси бахши
ҲНИТ дар Норак гардидааст. Аз ниҳодҳои расмӣ, суд, амният ва ё умури дохилӣ низ
касе омода нест, ки тавзеҳ бидиҳад, ки барои чӣ гуноҳе бо бобои Қурбон чунин
муносибат сурат гирифта.

Баъди шунидани ин хабар ҳайати Ҳизби наҳзати
исломии Тоҷикистон таҳти сарпарастии муовини аввали раиси ҳизб Сайидумар
Ҳусайнӣ барои аз наздик шинос шудан ба ин қазия роҳии шаҳри Норак гардиданд. Ба
гуфтаи узви ҳайати мазкур Раҳматуллоҳи Раҷаб, раиси шуъбаи ҲНИТ дар навоҳии
тобеъи ҷумҳурӣ расо соати 10:45 онҳо ба шаҳри Норак расиданд. Нахуст ба суди
шаҳри Норак муроҷиат намуда, аз котиби суд ҷавоб гирифтанд, ки раиси суд бо
меҳмонон банд асту ӯ чизе гуфта наметавонад. Аҷиб аст, вақте як нафар бо ҳукми
суд маҳкум ба чанд шабонарӯз мешавад, магар котиби суд ва ё ҳар каси дигар аз
масъулини ин шохаи мустақили ҳокимият ҳаққи тавзеҳ додани иллатҳои маҳкум шудан
ва ё додани нусхаи ҳалнома ба наздикону ҳамкорони маҳкумшударо надоранд? Аз
куҷо, аз кӣ бояд тафсилоту тавзеҳот хост? Р. Раҷаб мегӯяд, котиби суд моро
барои гирифтани маълумот ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Норак раҳнамоӣ кард. Дар
ин ниҳоди давлатӣ ҳам сардори шуъбаи мазкур Зафар Ниёззода низ бо меҳмонон банд
будааст. Тоҷидин Шарифов, муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ бошад, иддао
дошт, ки сардораш ба ӯ ҳақ надодааст, ки дар ин бора бо касе сӯҳбат кунад ва
такрор ба такрор мегуфт, дар ин ҷо яккасардорӣ аст ва бидуни иҷозати сардор
кореро анҷом дода наметавонад. – Соати 11.40 ба шуъбаи КДАМ дар шаҳри Норак ташриф
бурдем, дар он ҷо нафаре худро ваколатдори оперативии ин шуъба Абдулвоҳид Мирзобобоев
муаррифӣ намуда, ӯ низ гуфт, сардор бо меҳмонҳо банд аст. Бароятон кумак ва
коре карда наметавонам. Баъд ба ҳукумати шаҳри Норак рафтем, он ҷо низ ҳама бо
меҳмонон банд будаанд, назди раиси дасгоҳи ҳукумат, ки бо номи Хайриддин даромада
қазияро барояш баён кардем. Ӯ изҳори беиттилоӣ намуд ва гуфт танҳо ҳаминро
медонад, ки утоқи кории бахши ҲНИТ-ро холӣ карданд, тамом. Сипас мо аз соати 14:00
то 15:49 он ҷо интизор нишастем, вале касе пайдо нашуд, ки қазияи ҳабси
Маннонов Қурбонро барои мо баён намояд, меафзояд, Р. Раҷаб.

Воқеан ин навъи давлатдорӣ ва ҳукуматдорӣ, ки
ҳама ниҳодҳо кори давлатиро партофта дунболи меҳмонон мегарданд, магар аҷиб нест?
Дар ҳоле, ки ҳар як масъули он бояд дар соатҳои корӣ рӯйи курсӣ худ нишаста
бошанду ба коруфтодагон ва шаҳрвандони мӯҳтоҷи кӯмак дасти ёрӣ дароз кунанд.

Дар охир бояд ёдовар шуд, ки аз гуфтаҳои
Рузихон Исмоилов, собиқ раиси бахш ҲНИТ дар шаҳри Норак бармеояд, ки Қурбон Маноновро
8 нафар кормандони амният 2 рӯз қабл аз хонааш оварда, рӯзи 10 июн соати 19.00
баъди анҷоми соати корӣ, суди шаҳри Норак ба ҳабси 10 шабонарӯз, бо банду қисми
кадом модда маълум нест, дар боздоштгоҳи шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Норак кардааст.
Ва ҳанӯз ҳам ба касе аз аъзои хонавода, ҳамсар ва ё фарзандонаш иҷозат
надоданд, ки бо Қурбон Маннонов дидору мулоқот намоянд.

More From Author

You May Also Like