Categories Uncategorized

ЮНИСЕФ: 90% кӯдакон дар Тоҷикистон дастрасӣ ба кӯдакистонро надоранд

nahzat.tj

Тибқи як баёнияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) мактабҳо барои кӯдакони маъюб мутобиқ ва муҷаҳҳаз нестанд. Аз ин рӯ, аз 30 ҳазору 313 кӯдакони маълул, ки ба қайд гирифта шудаанд, танҳо қисмати камтарини онҳо ягон намуди таълимро гирифтааст.

Зеро мактабҳо барои кӯдакони маълулиятдошта мутобиқ ва муҷаҳҳаз нест, ки ин ҳам поймол шудани ҳуқуқи ин қишри ҷомеъа ба таҳсил ба ҳисоб меравад.

Намояндагони ин Созмон дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки 90 дарсади кӯдакон дар Тоҷикистон ба кӯдакистонҳо дастрасӣ надоранд. Инчунин масъулини ин Созмон, дар Тоҷикистон 16 фоизи кӯдакон дар шароити фақри шадид умр ба сар мебаранд.

More From Author

You May Also Like