Даниэл Розенблум, муовини ёвари вазири корҳои хориҷии
Амрико дар умури Осиёи Марказӣ, ки ахиран бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуд,
дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, Амрико шадидан бар ин
бовар аст, ки плюрализми сиёсӣ, доштани ҳизбҳои бисёр ва фароҳам кардани
интихоб миёни онҳо бахши муҳими як ҷомеаи солим ва пойдор аст. Мо дар
гуфтугуҳои худ бо ҳукумати Тоҷикисон рӯи ин нукта таъкид кардем, ки ба ин
боварӣ дорем. Аз ҳар иқдоме, ки баёни сиёсии сулҳомезро дар Тоҷикистон ва дигар
кишварҳо маҳдуд мекунад, изҳори таассуф мекунем. Мо нигаронии худро аз чанд
иқдоми ахир, ки ҳамчун маҳдудсозии касратгарои сиёсӣ ба назар мерасиданд, изҳор
кардем.Муовини
ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА ҳамчунин дар мусоҳиба аз шинохташ бо ҲНИТ ёдовар
шуда, гуфт, медонам, ки ҲНИТ дар гузашта дар парлумон намоянда дошт. Ин ҳизбе аст,
ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омад ва дар ҳаллу фасли ин ҷанг яке аз
тарафҳо буд. Бо гузашти замон иштироки онҳоро дар парлумон шоҳид будем. Ин ҳизб
қисмате аз ҳаёти сиёсии Тоҷикистон аст. Дар робита ба даъвати Сюзан Корк, як
мақоми “Хонаи озодӣ” аз Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо барои баланд кардани садо
дар баробари тасмими ҳукумат барои қатъи фаолияти ҲНИТ Д. Розенблум мегӯяд, мо
нигаронии худро дар мавриди маҳдудияти плюрализми сиёсӣ ба ҳукумати Тоҷикистон
изҳор кардем. Мо ин корро идома медиҳем ва фикр мекунам, далел барои идома додани онро дорем.