Парлумони Русия бузургтарин қонуни авфро ки дар таърихи ҷадиди ин кишвар бесобиқа аст, ба тавсиб расонид.
Думаи русия дар Маскав дар нишасти аввали худ фармони раисҷумҳури ин Кишвар Владимр Путинро пазируфт, ки қарор аст ҳудуди 10 ҳазор тан зиндониён аз он баҳравар шаванд.
Тавофуқи ниҳоӣ дар нишасти Дума рӯзи чаҳоршанбе ба унвони як амр таҳия шуда пешкаш мегардад.