Дирӯз 16- май тахминан соати 15:14 дақиқа, истиқоматкунандаи ноҳияи Ховалинги ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, донишҷӯи бахши 4-уми Донишкадаи энергетикии шаҳри Қурғонтеппа, Зикрулло Табарови 22-сола, ҳангоми оббозӣ дар канали Ҷайҳуни Қурғонтеппа ғарқ шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳайати шахсии Ситоди вилояти Хатлон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда кофтукоб идома дорад.
Бо дарёфт намудани ҷасади номбурда, маълумоти иловагӣ пешниҳод карда мешавад