Яҳуд Олмерт, нахуствазири пешини Исроил, рӯзи
душанбе ба иттиҳоми фасоди молӣ ба ҳашт моҳи зиндон ва пардохти ҷаримаи муодили
биступанҷ ҳазор доллар маҳкум шуд.
Ӯ ба дарёфти
даҳҳо ҳазор доллар ришва аз як тоҷир Амрикоӣ ба номи Морис Талански, муттаҳам
шудааст. Лозим ба ёддоварист, ки ин иттиҳом марбут ба солҳои 1999 ва солҳои
2000 мебошад, ки Олмерт дар он солҳо вазири Савдо ва санъати Исроил буд.
Олмерт, пештар аз
ин иттиҳом озод шуда буд, аммо гуфтугӯи
вай тавассути дабири собиқаш, сабаби дубора кашиданаш ба мурофиаи судӣ гардид.
Вакилони Олмерт,
дар як баёнияи матбуотӣ, эълон карданд, ки аз Девони олии Исроил, тақозои
таҷдиди назар мекунанд.
Яҳуд Олмерт,
нахуствазири собиқи Исроил, қаблан низ дар як парвандаи дигар ба иттиҳоми фасод
ба шаш соли зиндон маҳкум шуда буд. Ин ҳукм дар ҳоли ҳозир тавассути Девони олии
Исроил, дар ҳоли расидагист. Манбаъ: “Ал-арабия”