Ёде аз устоди бузург Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Бо рафтани Нурист, ки нур аз сари мо рафт!
Дилсӯзтарин сарвари мо аз бари мо рафт.
Аз дида на ашке, ба Худо, ҷорӣ шуд оташ,
Дидем, чу аз дида чу он ахгари мо рафт.
Ӯ садри сухан буд чу дар маҳфили имон,
Афсӯс, ки он садри сухангустари мо рафт.
Якбора чӣ омад, ки ин бора фурӯ рехт?
Аз мо чӣ шунид ӯ, ки пушти дари мо рафт?
Хуршед дигар шуд, назари моҳ дигар шуд,
Чун аз сари мо афсари мо, ахтари мо рафт.
Ӯ буд сарҷамъии ин халқи парешон,
Аз сангари мо, лангари мо, сафдари мо рафт.
Ногоҳ гирифт рӯй аз ин маҷлиси уммат,
Ногох аз ин маҷлису аз минбари мо рафт.
Дар Арши барин шуд ба танаш пираҳани нур,
Нурӣ ба саропардаи нурофари мо рафт!

РОЗИЯ

More From Author

You May Also Like