Кунун хома ба даст дораму хотиротамро ҷиҳати нофаҳмиҳои ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта варақ мезанам. Чӣ басо нофаҳмиҳои он замон аз мо гузашта, ки то ҳол авоқиби ногувораш моро азият медиҳад. Маҳз ин нофаҳмиҳо моро ба иштибоҳ андохтанду қисмеро тамғаи «ваҳҳобӣ» задем, ҳол он солҳои баъдӣ собит намуданд, ки чунин ҷараёне дар Тоҷикистон вуҷуд надошта. Вале бинобар иштибоҳу бехабарии мо аз асли воқеиятҳо ҳазорон тан фавтиданд, занон бе шавҳару атфоли зиёде ятим монданд, коргоҳҳо аз кор монданду иқтисоди кишвар фалаҷ гашт …
Албатта, дар умум , ин ҳама ғаму кулфат ва зарари молию ҷонию зеҳнӣ дар саросари кишвар доман густурд, аммо тасвири ин ҳолат дар саросари кишвар берун аз нерӯи қалами банда дар тасвири амиқи ҳодисот аст. Бинобар ин танҳо аз як маҳалле дар он солҳо ёдовар мешавам, ки қаблан ҳама аҳлона , бародарвор зиндагӣ мекарданд. Сокинони Чармгарони Поёни Кӯлоб, ки ин маҳал таърихи 500-сола дорад, то давраи сар задани ин фоҷиаҳои нангин бо ҳам чун дӯсту бародар буданд. Дар маркази кӯча масҷиди ҷомеи дорои таърихи 200-сола арзи ҳастӣ дорад, ки бо номи Ҳоҷӣ Сафар маъруф мебошад. Дар яке аз он рӯзҳои сахт як гурӯҳи кӯчаке аз сокинони маҳалла аз рӯи нофаҳмӣ, бесаводӣ, гумроҳӣ, беақлӣ ва мумкин, ки аз рӯи амру супоришҳои дастандаркорону хоҷагонашон нисбат ба ходимони масҷид, ки гӯё «ваҳҳобӣ» ҳастанд, бо худ белу каланд, калтаку шохин гирифта, ба хонаи Худо ворид мешаванд. Эшон мехоҳанд ходимони динро ба ситоде, ки дар шаҳр роҳбар буда, амал мекард, бурда ҳабс намоянд. Дар он лаҳзаҳои ҳассос аз дасти касе гуфтани сухане ё ёрии хайрхоҳонае намеомад. Бо лутфу иноят ва мадади Худованд Абдулмаҷид васила гашту нагузошт, то беэҳтиромӣ ва ҷабру ситаме ба ходимони масҷид рӯй диҳад. Дар он айём Абдулмаҷид 29 сол дошт. Ӯ зодаи маҳаллаи Чармгарони Поён буду дар ҳамсоягии масҷид мезист. Мавсуф хислатҳои неки инсониро доро буд; шуҷоъ, аммо дилсӯзу некбин . Чун гурӯҳ барои бурдани «ваҳҳобиҳо»-и масҷид меоянд, кадоме аз сокинони кӯча ба Абдулмаҷид занг зада, ӯро аз асли кор огоҳ месозад. Ин буд, ки дар фурсати муносибе таъҷилан ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, нохалафонро дӯғу пӯписа карда, аз назди масҷид меронад. Он нохалафон аз нияти хеш даст кашида, дигар ба масҷиду ходимони он кордор намешаванд. Бале, ӯ ҳамеша талош меварзид, ки ҳақ ба ҳақдор бирасад ва набояд касе ҳуқуқи касеро поймол намояд. Шояд ин замон, ки сохторҳои ҳуқуқӣ амал намоянд, ин ҷанбаи хислати ӯ барои хонанда аҷиб намояд, аммо он замон маҳз ба шарофати чунин афрод то ҷое адолату ҳуқуқ риоя мегашт. Таассуф аз он ки Абдулмаҷид ҳанӯз дар синни 29-солагӣ ба шаҳодат расид. Пас аз 5-6 моҳи шаҳид шудани Абдулмаҷид, дар як маъракае бародараш Абдулҳаким ба эшони Саидмаҳмуд ва домулло Холмурод муроҷиат кард, ки бародари маҳрумашро дар хоб дидааст. «Абдулмаҷидро дар хоб дидам, ки мегуфт: бо луфти Худованд ва дуои домулло Холмуроду эшони Саидмаҳмуд аз болои дарёи пурҳашамате гузаштам», нақл кард Абдулҳаким ва аз ҳозирин таъбири ин хобро хоста. Қалби домулло дар он замон лабрез аз эҳсосот гаштаву дар ҷавоб гуфт, ки «ҷои ин бародари гиромиқадр, иншоаллоҳ, ҷаннатулфирдавс аст, чунки он давра ҷони мо ва саҷдагоҳи мардумро бар ивази тану ҷони худ харидорӣ карда буд». Оре, Худованд ин дунёро барои банда арсаи имтиҳонот офарида, ки то ба кадом роҳ аз арса хоҳад гузашт:. бо некӣ ё бо бадӣ . Мукофоти некӣ ҷаннат ВА муҷозоти бадӣ ҷаҳаннам АСТ Бандаи оқилу доно ҳаракат мекунад, ҳаётро бо амалҳои нек ва ибодати Худованд гузаронад, то ҳамеша накӯном бимонад. Зеро тавре Шайх Саъдии Шерозӣ фармудааст:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Файзиддин Зарифӣ,
сокини кӯчаи Чармгарони Поён, Кӯлоб