Categories Uncategorized

Ёде аз ҳақталошиҳо

Талабшоҳи Салом

Бар мабнои сар задани як сӯхтор дар бозори «Корвон», бузургтарин бозори Тоҷикистон иддае аз фурӯшандаҳо таҷаммӯъ карданд. Эшонро мебоист, то мақари шаҳрдорӣ мерафтанд, аммо масъулин бо истифода аз мақомоти интизомию қудратӣ тавонистанд мавонеъеро назди эшон эҷод намоянд ва нагузоранд, таҷаммӯъ ба назди бинои шаҳрдорӣ бирасад. Вале шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баъд аз бозгардонидани эшон ба бозори «Корвон» назди онҳо омада. Зиёда аз ин масъаларо ташреҳ нахоҳем дод, балки таваҷҷӯҳ ба дигар паҳлӯи қазия зоҳир мешавад, ки он ҳам адами иҷоза ва номувафаққиятӣ дар роҳандозии чунин як тазоҳуроту таҷаммӯъу роҳпаймоиҳо буда ва то куҷо онҳо таҳаққуқ ёфтаву қонунӣ хонда шуда? Бинобар ин салоҳ аст, назари иҷмолие дар ин маврид рӯйи сафҳа бирезад.

Мартин Ҳайдеггер, файласуфи олмонӣ «забон хонаи ҳастист» гуфтааст. Аввалин роҳпаймоии тоҷикон ҳам ба хотири ҳамин «хонаи ҳастӣ», ба муносибати мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ доир гашта, ки он 24 феврали соли 1989 воқеъ пазируфта. Вале вижагии ин роҳпаймоӣ он буда, ки масъалаи забони тоҷикӣ мубтанӣ бар вазиши боди бозсозӣ қаблан сари забонҳо шуд ва роҳпаймоии фавқ ҷузъе аз чорабиниҳо ба ҳисоб мерафт, бинобар ин он ҳамчун асл қарор дода нашудаааст, балки матбуот бештар дар ин масъала фаъол буд ва мубориза барои мақомбахшии забон тавассути матбуот хеле густарда буда. Бо вуҷуди ин бояд қайд кард, ҳарчанд дар ин масъала матолиби зиёд мунташир шуда, аммо аксарияти кулли муаллифон ба гунае даъвои рӯйирости мақоми давлатӣ бахшидани забони тоҷикӣ накардаанд. Омӯзиши матолиби муртабит ба ин масъала ҳокист, ки чунин як даъворо нахуст Муҳаммадҷон Шакурӣ намуда, ҳарчанд гуфта мешавад, пурсарусадотарин матлаб дар ин масъала зери унвони «То ба кай об ба зери ях меравад?» дар соли 1988 мунташир шуда, ба қалами Мирбобои Мирраҳим рабт доштааст.

Дуввумин тазоҳурот ва ё чунин як амали сиёсӣ дар баҳмани соли 1990 ба вуҷуд омад. Ҳарчанд ҷиҳати расман баргузор шудани он дар манобеъ чизе наомада, аммо ба таъкиди Владимир Петкел, раиси ниҳоди амниятии вақт мавсум ба КГБ, Қаҳҳор Маҳкамов, дабири кулли Ҳизби куммунистии Тоҷикистон дар аввал боиси рафъи мавонеъ дар баргузории ин таҷаммӯъ шуда ва гуфтааст, талаботи низоми демокросӣ ҳамин аст ва набояд садди роҳи мӯътаризин шуд. Аммо охируламр Қаҳҳор Маҳкамов ба зудӣ назди эшон набаромад, эътирози мардум ва масоили ба миёнгузошташуда ба таври қонунӣ ҳалли худро наёфтанд ва аввалин хуни шуҳадо дар кишвар рехта шуд.

Қобили ёдоварист, ки 17 феврали соли 1990 Созмони «Разтохез» бояд тазоҳуроти осоиштаеро роҳандозӣ менамуд ва дар ин масъала муҷаввиз ҳам гирифта буд, аммо тазоҳуроти ҳафтрӯзаи он сол, ки дар боло ишора шуд, вазъро дигар кард ва иқдомоти «Растохез»-ро барҳам зад.

Ба ҳамин минвол, ба назар мерасад, оромию субот то миёнаҳои солҳои 1991 дар кишвар ҳукм ронда, ки амвоҷи эътирозот баланд нашуда, ҳарчанд моҳи феврали соли 1991 ҳам ба хотири қурбониёни соли 1990 гирдиҳамоие доир гашта. Вале замони бурузи ГКЧП, созмон ёфтани кумитае ба ҷонибдории бақои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки беш аз се рӯз умр надид, боз ҳам мардуми тоҷикро ба майдон кашид. Иллати ин ҳам мавқеъи норӯшани Қаҳҳор Маҳкамов нисбат ба ГКЧП буда. Ин тазоҳурот ҳам бидуни иҷоза буда ва гузашта аз ин таъсири тазоҳурот камранг арзёбӣ мегардад. Тазоҳуроти мазкур ки бинобар мавқеъи норӯшани Қаҳҳор Маҳкамов ва бо ҷонибдорӣ аз истиқлолияти Тоҷикистон ба миён омада, ба андешаи баъзе аз пажӯҳишгарони масоили марбут ба воқеоти солҳои 1990, на он қадар муваффақ унвон шуда. Нуралӣ Давлат тайи як мусоҳиба дар робита ба ин масъала гуфта буд, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон марҳум Қадриддин Аслонов вақте зери Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон имзо гузошт, ки Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусиёлистӣ 4 сентябри 1991 иттиҳодро парокада эълон дошт. Бар ин мабно метавон гуфт, истиқлолиятро асос пошхӯрии иттиҳод буд. Вале ин тазоҳурот тавонист Қаҳҳор Маҳкамовро аз курсии президентӣ дур кунад.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, соли 1991 тазоҳуротҳои қонунӣ кам набуданд. Ба гуфтаи ӯ, чун он замон Мақсуд Икромов шаҳрдории Душанберо ба ӯҳда дошт ва ҷонибдорони нерӯҳои мухолифи куммунистон буд, ба бештари аз эътирозҳои мухолифин муҷаввиз медод. Аммо Бӯрӣ Каримов, ки чунин айёмро то соли 1996 дар китобе бо номи «Фарёди солҳо» тазаккур дода, дар соли 1991 аз 5 тазоҳурот ёдовар шуда, ки чортои онҳо мансуб ба мухолифини вақт будаанд (агар маросими ёдбуди шуҳадои баҳманмоҳ тазоҳурот шумурда шавад). Аввалин тазоҳурот дар соли 1991 ба хотири шуҳадои баҳмани соли 1990, дуввумӣ ба хотири ГКЧП ва истеъфои Қаҳҳор Маҳкамов, ки иҷоза надошт, саввумӣ бошад, моҳи сентябр алайҳи анҷумани ҲКТ (21 сентябр) ба амал омад, митинги куммунистҳо алайҳи иқдоми М.Икромов ҷиҳати баркандани ҳайкали Ленин ва баъдан, аз тазоҳуроти 15-рӯзаи демукросҳо гуфта мешавад.

21 сентябри соли 1991 Мақсуд Икромов фармони баркандани ҳайкали Ленинро судур кард ва пагоҳи он рӯз пайкара барканда шуда, раванди баркандани ҳайкал аз тариқи барномаи «Время» манзури тамошобинон гашт. Ин ҳама боис шуд, ки 23 сентябр куммунистон даст ба тазоҳурот бизананд ва иҷлоси фавқулоддаи Шӯрои Олӣ доир бишавад. Дар иҷлос гирдиҳамоии куммунистон иҷоза ва амали Мақсуд Икромов маҳкум карда шуд ва Қадриддин Аслонов, ки фаъолият ҲКТ-ро манъ намуда буд, ба фишори куммунистҳо тоб наоварда, истеъфо дод. Зимнан вукало ба ҷонибдории Раҳмон Набиев, намояндаи мардумӣ дар парлумони вақт овоз доданд, ки ӯ дар раъси Шӯрои Олӣ қарор гирифт.

Тақрибан соати 12 – и ҳамон рӯз тазоҳуроти куммунистӣ хотима ёфт, вале демукросҳо ба тазоҳуроти навбатӣ шурӯъ намуданд, ки ин гирдиҳамоӣ то 7 октябри ҳамон сол идома дошт. Гирдиҳамоии демокросҳо мунҷар ба он шуд, ки бо супориши М. С. Горбачев Анатолий Собчак, шаҳрдори Санкт-Петербург ва Евгений Велихов ба Тоҷикистон биёянд. То омадани намояндаҳои рус Шӯрои Олӣ, ки ба доди демокрусҳо расидан намехост, баъди ҳузур пайдо кардани эшон иҷлоси ғайринавбатӣ даъват кард ва 6 октябр Раёсати Шӯрои Олӣ «Дар бораи баъзе тадбирҳои демократӣ кунонидани ҳаёти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуд. Ин мусавваба, ки 11 бандро дар бар мегирифт, акси талаби куммунистҳо ва айни хоҳиши демукросҳо буд. Аз ҷумла, роҷеъ ба иҷроиши боздошти Ҳизби куммунистии Тоҷикистон ва мусодираи амволи он, иҷозаи Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ифтитоҳ нашудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Мақсуд Икромов, шаҳрдори вақти Душанбе бинобар судури фармон барои баркандани пайкари Ленин ва ғайра аз талаботи демукросҳо ба шумор мерафтанд, ки иҷоза дода шуданд.

Бо ҳамин дигар пойтахт шоҳиди тазоҳуроте дар он сол набуда, балки нерӯҳои сиёсӣ саргарми омодагӣ ба интихоботи президентӣ шуданд.

12 феврали соли 1992 бори охир пайвандони қурбониёни баҳманмоҳ дар маросими ёдбуд дар ҷойи санги ёдгорие ки дар канори чойхонаи «Роҳат» гузошта шуда буд, ҷамъ омаданд. Ба таъкиди манобеъ, дар ин гирдиҳамоӣ модарони шуҳадо бештар ба Мақсуд Икромов «ҳамла» мекарданд, бо иддаои он ки чаро санги ёдгорӣ ба хотири шуҳадо гирифта шуда. Дар натиҷаи фишори модарон Мақсуд Икромов ваъда дод, ки сангро барқарор хоҳад кард, вале ӯ ба ин ваъдааш вафо карда натавонист. Зеро 6 марти ҳамон сол дар иҷлосияи XII Шӯрои Олӣ, ки баргузор гашт, ваколати вакилии ӯ бекор эълон шуд ва худ ҳукм ба маҳбас гирифт.

Иҷро нашудани талаби оппозитсиюн ҷиҳати боздошт накардани Мақсуд Икромов заминае барои гирдиҳамоии навбатӣ мегузошт, вале танқиди вазири умури дохилӣ Маҳмадниёз Навҷувонов аз ҷониби Сафаралӣ Кенҷаев, раиси вақти Шӯрои Олӣ ва намоиш додани ин саҳна аз тариқи симо 26 марти соли 1992 мӯътаризин, оппозитсиюн, ҷонибдорони Мақсуд Икромов ва Мамадниёз Навҷувоновро ба майндоннишинӣ водор намуд. Тазоҳуроти навбатӣ мисли тазоҳуроти феврали соли 1992 набуд, балки талаботи ҷиддӣ дошт.

Соли 1992 аз нигоҳи баргузории тазоҳуротҳо «фаромӯшнопазир» буда ва шояд ҳамчун бадтарин сол дар лавҳи хотироти иддае нақш баста бошад, зеро ба таъбири мардумӣ, таҷаммӯъҳои соли 1992 ахиран мардумро ба хоку хун кашиданд. Зимнан бояд арз шавад, ки ба ҳар ҳол, набояд тазоҳуротҳо саромади ҳама хунрезиҳо шумурда шаванд, балки бархӯрди мақомот бо тазоҳургарон буд, ки намехостанд аз вазифа канор раванд ва мавқеъгирии эшон дар қиболи мӯътаризин боиси авҷи низоъ бо ҳукумати вақт шуд. Эшон тавонистанд ин низоъро ба сари майдоннишинҳо таҳмил намоянд ва тазоҳурро дар лавҳи хотири соири масокин сиёҳ, шабеҳи балое ки инсонро маҳв месозад, ҷилва диҳанд.

Тазоҳуротҳои солҳои 1992, хоса тазоҳуроти майдони «Шаҳидон» аз ҷониби Сафаралӣ Кенҷаев, спикери вақти парлумон ғайриқонунӣ унвон шуда. Дар робита ба муҷаввизи майдоннишиниҳои «Озодӣ» низ дар ҷойе ҳам тазаккуре нест, ба ҷуз он ки ба башорати Рустами Абдураҳим, Нарзуллоҳ Дӯстов, ноиби вақти президент онҳоро пешвоз гирифта. Гирдиҳамоие ки гуфта мешавад, муҷаввиз дошт, 2-юми апрели соли 1992 дар майдони «800-солагии Маскав» доир гаштааст, ки мубтакири он Кумитаи ҳифзи сохти конститутсионӣ бо сарварии Сафаралӣ Кенҷаев буда. Тазоҳуроти ахири мардум дар он сол 10 май воқеъ шудааст ва ҳамин тариқ, Тоҷикистон ба коми ҷанги шаҳрвандӣ уфтода.

Баъд аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дигар Тоҷикистон шоҳиди мӯътаризин набуда, то оне ки Ҳизби демукросии Тоҷикистон дар таърихи 4 ноябри соли 2006, қабл аз интихоботи президентӣ даст ба пикет зад. Аммо ин ҳам номуваффақ унвон мешавад, зеро ҳизб бо вуҷуди талошҳои зиёд натавонист худро аз пора шудан ҳифз намоянд, на танҳо пора шудани худро ҳифз карда натавонист, балки ҷиноҳи он аъзову масъулине ки пикет карданд, аз ҷониби мақомот шинохта нашуд. Баъд аз демукросҳо чунин як эътирозе ки дар шакли гуруснанишинӣ доир гашт, эътирози соҳибкорони бозори мавсум ба «Зарнисор»-и пойтахт дар моҳи майи соли 2009 буд, онҳо зидди тахриб кардани бозор мавқеъ гирифта буданд ва баъдан, эътирози масокини Хоруғ алайҳи мақомоти додситонӣ дар минтақа, ки аввалӣ бидуни натиҷа ва баъдӣ, ба назари баъзе таҳлилгарон, то ҷое муваффақ анҷом шуда.

Иддае аз занон 4 июн ва ҳамчунин рӯзноманигорони ҷавон 8 июни соли 2010 ба хотири раҳо намудани вогунҳои қатораҳои Тоҷикистон аз асорати Ӯзбакистон назди сафорати ин кишвар дар ҷумҳурӣ таҷаммӯъ намуда буданд. Ин сол шоҳиди чандин эътирози масокини Ҳушёрӣ низ шуда буд, ки то ҷое онҳо тавонистанд муваффақ шаванд, аз ҷумла ҷиҳати пойин бурдани нархи истифодаи роҳ барои масокини деҳот.

21 сол пас аз воқеоти баҳман, 21 феврали соли 2011 назди Қасри раёсатҷумҳур, маконе ки шуҳадои баҳман мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ҳудуди 30 тан аз занони тоҷик, масокини ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ таҷаммӯъ намуданд. Эшон баҳри додхоҳӣ ҷиҳати тахриби манозилашон чуинин як иқдом карданд, аммо тавре ҷараёни он кор таҳаққуқ пазируфт, талоши онҳо ҳам дар ростои ҳақталабӣ бесуд будааст. Соли ҷорӣ бошад, мӯътаризини Хоруғ ва бозори «Корвон» то ҳол мавриди таваҷҷӯҳи доираҳои огоҳ қарор доранд.

Таҷаммӯи ахирӣ, ки боиси иншои ин матлаб шуда, то ҷое муваффақ ҳисобида мешавад, аммо қалб аз ишорае чанд дар ростои он як тамаркузе болои тазоҳуроти Хоруғ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Мардуми шаҳр ба хотири вуруди артиши кишвар ба Хоруғ ва кушта шудани Имомназар Имомназаров пас аз ба тавофуқи силоҳсупорӣ ба майдон рехтанд. Охирин талаби мӯътаризин хуруҷи нерӯҳои низомии кишвар буд. Мутобиқ ба иттилоъи расонаҳои хабарӣ, издиҳоми масокини Хоруғ мақомоти намояндагӣ аз мардумро маҷбур ба гузаронидани иҷлоси ғайринавбатӣ кард, ки ахиран, иҷлос 23 –юми август доир гашт. 24 –уми моҳи гузашта бошад, иддае аз расонаҳо ҷиҳати ихроҷи низомиён аз Хоруғ иттилоъ додаанд, аммо мубтанӣ бар мавқеъгириҳои Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, то ҳол дар Хоруғ қисме аз артиш боқӣ монда ва ҳамчунин баъд аз иҷлос ҳам қисмате аз Душанбе ба Хоруғ эъзом шуда. Ҳамзамон ҷониби ҳукумат эъзом шудани артишро баъд аз бурузи талаби мардуми Хоруғ инкор намекунад, балки онро муртабит ба дигар паҳлӯи масъала, вазъ ва сафари президент медонанд. Аз ин рӯ, муваффақ ё ғайри он шумурдани тазоҳуроти Хоруғ ва инчунин баҳогузории таҳаққуқи талаби мӯътаризини шаҳр душвор аст, зеро то ҳол мавқеъҳои духура, яъне тахмини мардум аз эҷоди дубораи мушкил собит ва низ мақсади ҷониби ҳукумат бо мавқеъгирияш ошкор нашудааст. Агар воқеан, қасди ҷониби ҳукумат аз вуруди артиш ба Хоруғ хилофи тахмини саркӯбшавӣ бошад, бешак, мӯътаризини Хоруғ бо вуҷуди аз даст додани пайвандон муваффақ будаанд, вагарна гирдиҳамоиҳои ин минтақа ҳам «ба гӯши кар азон гуфтан» будааст. Ҷиҳати дигари масъала он буда, ки шояд мӯътаризин пирӯз бошанд, зеро Ҳукумати Тоҷикистон бар мабнои ин амалаш мавриди интиқод қарор гирифт, ҳатто шояд гуфтан иштибоҳ набошад, ки фишорҳоеро низ рӯ ба рӯ шуд, бинобар ин набояд хилофи аҳдаш рафтор кунад.

Раҳпаймоии ахире ки бинобар сар задани сӯхтор дар бозори «Корвон» ба вуҷуд омад, ба ақидаи баъзеҳо, то ҷое муваффақ буда, далели ин ҳам таваҷҷӯҳи Маҳмасаид Убайдуллоев ба мӯътаризин гуфта мешавад. Аммо агар ба дигар паҳлӯҳои нозуки масъала таваҷҷӯҳ шавад, шояд акси ҳол мушоҳида гардад.

Роҳпаймоӣ замоне баргузор гашт, ки шӯълаи хашми мӯътаризини Бадахшон забона мезад. Агар шаҳрдорӣ ба он таваҷҷӯҳ намекард, шояд масъала печида мешуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳушдорҳо аз дохилу хориҷ аз вазидани насими «баҳорӣ арабӣ» ба Ҳукумати Тоҷикистон кам набуданд. Агар чунин набуда, дар аввал чаро мӯътаризини «Корвон» мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддӣ қарор нагирифтанд? Зеро гумон мерафт, ки ин сӯхтор ҳам мисли оташсӯзиҳои дигар «хомӯш» мешавад, аммо баръакси тахмин ин «оташ» то «танка» забона зад. Агар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев берун аз ин гуфтаҳо ташреҳ меёбад, ба тарзи бархӯрди мақомоти амниятиву интизомӣ бояд таваҷҷӯҳ шавад, ки эшон ба хотири риояи кадом меъёри амниятӣ мавонеъеро пеш оварданд, ки нигарон буд? Ҳол он ки 22 майи соли 1998 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» ба тасвиб расида, ки он кулли шаҳрвандонро муҷаввиз дода, то аз эътирозоти осоишта кор гиранд. Шояд ин ҷо боз ҳам аз он ишора шавад, ки мӯътаризин огоҳинома ирсол накарда буданд, дар ҳоле ки дар моддаи 8-и қонуни мазбур гуфта мешавад: «Ташкилотчии чорабиниҳо ӯҳдадор аст, мувофиқан ба Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия дар бораи гузаронидани чорабиниҳо дар мӯҳлати на дертар аз понздаҳ рӯзи санаи пешбинишудаи гузаронидани он хаттӣ огоҳинома равон намояд…». Ин асос, албатта, воқеият дорад ва иртибот мегирад ба фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон. Вале суоли дигаре мунтазири ҷавоб аст: рӯзноманигорон ҳам барои инъикоси ин воқеа бояд иҷоза мегирифтанд?

Дар робита ба масъалаи огоҳинома бояд гуфт, омӯзишҳо ҳокиянд, ки аксари шаҳрвандон байни эътирозҳои осоишта ва ҷанг фарқ гузошта наметавонанд, ҳол он ки вуҷуди эътирози осоишта новобаста ба ашколи он, мутобиқи сарчашмаҳои илмӣ, яке аз аркони самаранокии ҳокимияти демукросӣ будааст. Вале шакл гирифтани ашколи эътирозот ҳамчун ҷанг ва ибтидои он рабт мегирад ба замони тоталитарӣ ва мансабталошиҳо, якравиҳову ниқоргириҳои баъзе масъулин дар соли 1992. Агар соли 1992 роҳбарони вақте ки истеъфояшон талаб мешуд, хоса Сафаралӣ Кенҷаев аз адл кор мегирифт ва найрангро пеша намекард, шояд имрӯз эътирозро ба маънои самаранокии ҳокимияти демукросӣ мефаҳмидем, аммо мутаассифона, чунин нашуд ва ҳоло ҳам аз ҷониби мақомот дар самти ташреҳи дурусти ин ҳаққи мардум, фикр намекунам, кӯшиши ҷиддие сурат гирифта бошад. Ҳол он ки ба даст овардани истиқлолият ва пазириши низоми сиёсии мудерн ва ё ба ибораи дигар мундернизатсияи сиёсӣ инро тақозо менамоянд.

Баъзе мегӯянд, агарчи Тоҷикистон демукросӣ эълон гашт, вале зимомдорон куммунистони собиқанд. Шояд ин ақида дуруст бошад, аммо бар ҳол, Қонуни Асосӣ низоми моро демукрусӣ гуфта ва ба ин хотир бояд муносибати мардум бо давлат дигаргуна карда шавад ва тағйири муносибот нисбат ба давлат, ниҳоди муҳими сиёсӣ яке аз вазоифи аҳзоби сиёсӣ низ ба шумор меравад. Дар ин росто бояд афзуд, ки аҳзоби сиёсӣ дар роҳи иҷтимоикунонии шахсият ва шаҳрванд талошҳое кардаанд, аммо аҳзоб ҳанӯз давлату ҳукумат буда наметавонанд, зеро ба ҳадди ниҳодҳои зикршуда қудрат надоранд.

Тавре дар боло гуфтем, аксарияти тазоҳур ва ё эътирозот дар садр ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ доштаанд ва баъд аз истиқлол ҳам ҲДТ пикетеро роҳандозӣ кард, ки бидуни натиҷа анҷом пазируфт. Шояд далели ноком будани пикетчиён дар иҷоза надоштани онҳо бошад, аммо Раҷаби Мирзо баргузории пикети демукрусҳоро бидуни иҷоза дар номувофиқатии мутуни тоҷикию русии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» ташреҳ дод.

Соли 2008 низ Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ба шаҳрдорӣ муроҷеъ шуд, то ба хотири ҳамраъйӣ аз мардуми Фаластин иҷозаташ бидиҳад, раҳпаймое доир намояд, аммо ба гуфтаи масъулин, бинобар далоили ғайривоқеӣ ҳизб ҷавоби рад гирифт. Ахиран ҳам, моҳи гузашта ҲУСДТ бо изҳорот ва шартгузориҳое ба президент ҷиҳати воқеоти Хоруғ аз баргузории як тазоҳурот ҳушдор дод, аммо то кадом ҳадди ҲУСТ ин корро анҷом дода метавонад ва шартҳояш таҳаққуқ мепазиранд, чизе гуфта наметавон.

Дар интиҳо метавон гуфт, баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ касе иҷозаи эътирозро новабаста аз ашкол нагирифта, аммо он мӯътаризине ки тавонистанд бидуни муҷаввиз тазоҳуроте баргузор кунанд, мавзӯъоти мадди назарашон ё ғайрисиёсӣ буда ва ё вақте иқдом кардаанд, ки ҳукумати кишвар дар вазъи ҳассос қарор дошта. Инчунин аз додрасии мақомот ба мӯътаризин ба таври мусбат наметавон ёд кард, ба ҷуз эътирози мардуми Хоруғ дар соли 2010. Мӯътаризини «Корвон» ҳам то куҷо муваффақ ба кӯмаки мақомот мешаванд, инро танҳо вақт нишон медиҳад, зеро ваъда ҳанӯз кӯмак набуда.

“Наҷот”

More From Author

You May Also Like