Ғазза, рамзи субботу устуворӣ имрӯз хунин аст. Оҳи модарон,фарёди кӯдакон, нолаи пирон гӯши фалакро кар кардааст. Дар Ғазза қиёмат ба по шудааст ва мусалмонони ҷаҳон даст баста ба мотам нишастаанд. Вале ҳукуматҳои кишварҳои исломӣ сармасту ғофил бодаи нанг сар мекашанду оташи Ғаззаро тамошо мекунанд. Оҳ, чӣ дунёест имрӯз. Дуруд бар ту, эй Ғаззаи хунин ва рамзи пойдориву суббот!
Бо тулӯъи хуршеди тобони Ислом, Байтулмуқаддас қиблаи аввали мусалмонон шуд, сипас бо ҳодисаи «исроъ ва меъроҷ»-и Расули Акрам (с) ҷойгоҳ ва муҳаббати он дар қалби мусалмонон хос гардид.
Дар тӯли таърихи Ислом Қудс дамосанҷи қудрати мусалмонон буду ҳаст. Ҳаргоҳ бихоҳӣ вазъи сиёсӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва қудрати мусалмононро дар ҳар давриа он баррасӣ намоӣ, кофист бидонӣ, ки дар он давр Байтулмуқаддас чигуна будааст.
Ҳар гоҳ мусалмонон чун як ҷисм бо ҳам инсиҷому ҳамоҳангӣ доштаанд ва фитна дар ҷомеъаи онҳо камранг гаштааст, Байтулмуқаддас маҳди амнияту осоиш будааст.
Аммо ҳаргоҳ мусалмонон мисли имрӯз ба хуни ҳамдигар ташна ва занҷири ғуломӣ дар гардан доштаанд, масеҳиёну яҳуд ва имрӯз саҳюнистҳо Қудсро маркази тохтутози худ қарор дода, ба хоку хун кашидаанд.
Имрӯз ҷаҳони Ислом дар сукути маргбор фурӯ рафта, моту мабҳут шоҳиди боронҳои тирест, ки бар сари кӯдакон ва занону пирони бедифоъи Ғазза фурӯ мерезанд.
Ғаззаи қаҳрамон дар чанд соли гузашта, дар муҳосираи иқтисодии нангин қарор дошт. Дар ҳоле ки дар канорашон мусалмонони Мисру Урдун бодаи мастӣ сармекашиданд, ҳатто дар ин муҳосира шарики душманони бародарони худ буданд. То ҷое, ки доду фарёди мардуми мусалмони Ғазза баланд буд, аммо фарёдрасе набуд, афссус…
Ин миллати муҷоҳид ҳамаи маънои шуҷоъат ва сабру устувориро бори дигар зинда кард. Хотироти усваи худ, Расули акрам(с)-ро, ки дар шеъби Абутолиб дар муҳосира буд, ба тасвир кашид, то мо ба ёди он бошем.
Ин миллат бидуни силоҳ, вале бо қалби саршор аз имон камари душмани кинатузи башарро дар ҳам шикастааст. Солҳост, ки давлати номашрӯъи Исроил бар сари ин мардум оташ мерезад ва қатли тифлони бегуноҳи Ғазза обрӯи муддаъиёни дурӯғини ҳуқуқи башарро кайҳо бурдааст.
Суолам аз муддаъиёни дуруғини адолат ва ҳуқуқи башар ин аст, ки оё хуни кудакони шумо аз хуни кудакони Ғазза рангинтар аст?
Оё ҳуқуқи шумо ва мардумҳоятон аз мардуми Ғазза болотар аст?
Оё сукут дар баробари ин ҷиноят, худ ҷиноят нест?
Оё ҳануз фикр мекунед, мардум ба дуруғҳои шумо бовар доранд? Ҳаргиз!
Мусалмонон дигар на танҳо бовар надоранд, балки нафрати онҳо нисбат ба шумо афзудааст. Бидонед, он рӯз расиданист ва мо аз ҳуқуқҳои худ дифоъ мекунем, вале шумо дар назди виҷдони худ ҷавобгӯ хоҳед буд.
Аммо, эй раҳбарони кишварҳои исломӣ, оё шумо мусалмону мард хастед?
Оё шумо инсон ҳастед ва аз ин ҳама зиллату хорӣ безор нашудаед?
Охир он ҳама аслиҳаро барои чӣ ҷамъ кардаед, барои истифода бар зидди мардум ва дифоъ аз манофеъи душманони дини худ?
Охир чаро сукут, магар маргро фаромӯш кардаву ба Растохез бовар надоред?
Лаънат бар ғуруру мардонагӣ ва андомҳои фарбеҳу каллаҳои бемағзу вуҷуди беотифаи шумо, лаънат бар қалбҳои муҳршуда ва бар маснади ҳукуматдориатон бод!
Имрӯз агар барнамехезед, фардо навбати шумост. Огоҳ бошед, қиёмат омаданист ва барои ҳар лаҳзаи сукут ҷавоб хоҳед гуфт.
Ғазза имрӯз озмоишгоҳи имон, тарозуи мардонагиву рашодати мусалмонон ва давлатҳои онҳост, Ғазза дарди дили ҳар мусалмон аст….
Ғазза имруз зери пои шайтон асту фарёд мезанад: Во Салоҳидино, во Салоҳидино! Аммо афсус…
Гӯшҳо ҳама кару чашмҳо кур ва қалбҳо ҳама санг…
Эй Ғаззаи шуҷоъату далерӣ ва муқовимату мардонагӣ, дуруд бар шуҷоъату мардонагӣ ва салом бар имону устувориат!
Дастҳоямон ба ниёиш баланд, вале қалбҳо доғдору чашмҳо пур аз ашк, ҷуз ин ҳеҷ чизе бароят надорем….
Эй Ғаззаи муҷоҳид, шармсорему бибахшо моро, ки бебанд бастаем…
Моро бибахш, ки пурдард мондаему дар рӯзгори нанг омадаем.
Эй Ғазза, мазҳари имон ва ийсору шаҳодат, мардонагиву шуҷоъат, моро бибахш!
Умари Салоҳиддин