Ғайбат, яъне чӣ

Боиси надомат аст, ки дар байни муслимин як одати бад паҳн шудааст, бисёриҳо ба он аҳамият намедиҳанд, аммо дар назди Худо ин масъала гуноҳи бузург аст, он ҳам одати ғайбат кардан. Худованд мефармояд: «Эй касоне ки имон овардаед, аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед. Зеро баъзе аз гумонҳо дар ҳадди гуноҳ аст. Ва дар корҳои пинҳонии якдигар ҷосусӣ ва аз якдигар ғайбат макунед. Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Пас онро нохуш хоҳед дошт ва аз Худо битарсед, зеро Худо тавбапазиру меҳрубон аст», (сураи «Ҳуҷурот», 12).
«Вой бар ҳар ғайбаткунандаи айбҷӯе», (сураи «Ҳумаза», 1).
Маслиҳатгари муфид ва роҳбари боэътимоди мо, ҳазрати Муҳаммад (с) низ моро аз ғайбаткунӣ манъ кардаанд. Он Ҳазрат (с) дар хутбаи намози худ дар ҳаҷҷи видоъ гуфтаанд: «Дар ҳақиқат хун, мол ва шарафи шумо барои якдигаратон муқаддас аст», (Бухорӣ ва Муслим).

Набояд фаромӯш кунем, ки суханчинӣ ва ғайбат аз ҷумлаи он амалҳоеанд, ки азоби онҳо аз қабр сар мешавад, агар инсон дар зиндагӣ шармсор нашавад.

Пайғамбар (с) мефармоянд: «Эй касоне, ки имони шумо дар нуги забон аст, на дар қалб, мусалмононро ғайбат ва аз паси онҳо таъқиб накунед. Зеро касеро, ки бародарашро (барои ёфтани ягон айбаш) таъқиб мекунад, Худованд амалҳои ӯро наззора мебарад, касеро, ки Худо ба зери назорати худ гирифт, ӯ дар хонаи худ ҳам шарманда мешавад», (имом Тирмизӣ).

Баъзе инсонҳо фикр мекунанд, ки агар дар бораи нафари дигар сухане бигӯяд, ки он ҳақиқат бошад, агарчи ба худи ҳамон одам нофорам ҳаст, ғайбат намешавад. Аммо чунин нест. Дар «Саҳеҳ» – и имом Муслим омадааст: боре Пайғамбар (с) аз саҳобагонашон пурсид: Оё шумо медонед, ки ғайбат чист?

Онҳо посух доданд, ки «Худо ва Пайғамбараш беҳтар медонанд.

Дар ин ҳолат он Ҳазрат (с) гуфт: Ғайбат суханонеанд, ки шахс дар бораи бародари ғоибаш мегӯяд ва шунидани он ба бародараш маъқул нест.

Нафаре аз саҳобаҳо пурсид: Агар он суханон рост бошанд, чӣ (яъне чунин сифат дар он одам бошад)?

«Агар он суханон рост бошанд, ғайбат кардаед, агар дурӯғ бошанд, туҳмат», гуфтааст Пайғамбар (с).

Уламо аз ҳамин ҳадис чунин хулоса баровардаанд, ки «ғайбат кардани нафаре, ин гуфтани сухане дар ҳаққи инсонест, ки ҳақиқат мебошад, аммо шунидани он сухан ба худи он нафар намефорад. Ин сухан метавонад ба бадани он шахс, динаш, ҳаёташ, зоҳиру ботинаш, ахлоқаш, молаш, падару модару зану фарзандаш алоқаманд бошад. Ғайбат на танҳо бо забон, балки бо навиштан, ишора кардан бо дасту сар ва чашм низ мешавад».

Мо бояд ин одати бад­ро тарк намоем, чун ин амалест талқин шуда аз ҷониби шайтон, набояд ба суханони шайтон гӯш диҳем. Агар ба сари мо фикри бад дар бораи бародари худ ояд, кӯшиш кунем, ки бо он бародар аз пештара дида беҳтар муомила кунем, чунин амал шайтонро ноумед мегардонад.

Аммо агар маълум шавад, ки он бародар чунин хислатҳо дорад, бояд бо ӯ рӯ ба рӯ суҳбат карду хатогиашро бо беҳтарин сурат гуфт.

Агар шунидем, ки нафаре ғайбат мекунад, бояд ӯро аз ин кор боздорем, вагарна зиёни он ба худи мо ҳам мерасад. Агар манъ карда натавонем, дар баробари қалбан гуфтани «ин амал зишт аст», он маконро тарк намоем.
Аммо аксаран, на танҳо манъ намекунем, балки бо он ҳамроҳ мешавем. Аз амири муъминон ҳазрати Умар (р) ривоят мекунанд, ки гуфтааст: Худоро ёд кунед, зеро ёд кардани Худо шифост, аз ёд кардани одамон бипарҳезед, зеро он беморист.

Суол ин аст, ки оё ғайбат кардан қатъиян манъ аст ё дар ягон ҳолат иҷозати он ҷой дорад?

Дар ин маврид уламо мегӯянд, дар якчанд маврид гуфтани камбудии инсони ғоиб ҷоиз аст, аз ҷумла:

– Дар вақти арз кардан барои барқарории адолат, инсон ҳуқуқ дорад, ки ба додгоҳ шикоят барад, ки «фалонӣ чунину чунон мекунад ва бо ин амалҳояш ба ӯ ва ё дигарон зарар мерасонад».

– Пурсидани фатво аз олиме ба ин маънӣ, ки фалонӣ бо чунин кораш нисбати ӯ беадолатӣ зоҳир кард ва шариъат дар ин хусус чӣ мефармояд?

Дар чунин ҳолат пурсанда номи шахсро гирифта метавонад, аммо номашро нагирифта, ба шакли умум масъаларо баён кунад, беҳтар аст.

– Огоҳ кардани мардум аз бадӣ. Инсон метавонад дар бораи нафаре, ки бо ӯ хеш шуданист ва ё ҳамкорӣ кардан мехоҳад, бипурсад. Дар ин ҳолат шахси ҷавобдиҳанда метавонад ҳамаи чизи дар бораи он кас медонистаашро бигӯяд. Инчунин, агар як нафар ошкоро ба Худо нофармонӣ кунад ё бидъаткор бошад, сифатҳои ӯро ба мардум нақл кардан ҷоиз аст, то мардум аз бадии ӯ огоҳ бошанд.

– Агар касе лақаби машҳур дошта бошад, ки бе қайд кардани он мардум ӯро нашиносанд, бо ҳамин лақаб ном гирифтанаш мумкин аст, агар мақсад нишон додани камбудии ӯ набошад.
Бо хондани ин сатрҳо маълум мегардад, ки ғайбат ҳам гуноҳ будааст. Пас, агар то ин дам ғайбат карда бошем, бояд тавба намоем. Медонем, ки тавба бо се шарт қабул аст:

– аз кардани гуноҳ боз истодан,

– аз кардани он пушаймон шудан,

– қасд кардан дар мавриди он ки дигар ҳаргиз ин кор такрор намешавад,

– Вақте ғайбат гуноҳ ҳаст, шарти чорум низ ҳамроҳ мешавад, он ҳам розӣ кардани он касе, ки ӯро ғайбат кардаем.

Пайғамбари Худо (с) фармуд: Касе ба мол ё шарафи бародараш зарар расонидааст, бигзор онро худи ҳамин рӯз ҷуброн намояд, вагарна дар он рӯзе, ки аз ӯ мепурсанд, на динор дораду на дирҳаме. Он вақт, агар савоб дошта бошад, бо додани савобаш ҷуброн мегардад, агар савоб надошт, гуноҳҳои шахси зарардидаро гирифта ба ӯ бор мекунанд», (имом Бухорӣ).

Дар охир дуъо мекунем, ки Худованд моро аз ғайбат кардан дар паноҳаш нигоҳ бидорад, омин.

Бобои Шарофиддин

More From Author

You May Also Like