Categories Uncategorized

Ғайбат

Ғайбат аз хатарноктарин бемориҳои забон аст. Худованди субҳон моро аз ғайбат бар ҳазар дошта, амали нафаронеро, ки бародарони худро ғайбат карда, боиси малоли хотири онон мегарданд нописанд шумурда, онҳоро ба касе ташбеҳ кардааст, ки гӯшти тани бародари мурдаи худро мехӯранд. Худованд дар сураи «Ҳуҷурот» ояти 12 мефармояд: «баъзе аз шумо ғайбати баъзе накунад. Оё касе аз шумо дӯст медорад, ки гӯшти бародари мурдаашро бихӯрад. Аз он кароҳат доред, пас аз Худо битарсед, ки Худо

тавбапазир ва меҳрубон аст». Паёмбар(с) асҳобашро аз ғайбат барҳазар дошта, мефармояд: «оё медонед, ки ғайбат чист»? Гуфтанд : «Худо ва расулаш беҳтар медонад». Паёмбар (с) фармуданд: «баёни чизҳое дар мавриди бародарат, ки он гуфторро нописанд мешуморад». Инчунин фармуданд, ки агар ин чизҳои гуфтаи шумо дар вай бошад ғайбаташ кардаӣ, агар дар он набошад ӯро буҳтон кардаӣ ва ин хеле зулми бузург аст. Ғайбат боиси шикастани робитаи дӯстӣ ва муҳаббат миёни мардум гашта, тухми кина, бадхӯӣ ва нафратро миёни онҳо мекорад ва баёнгари палиду нопок будани гӯяндааш ва ҳасуду ситампешагии дарунии соҳибашро ошкор мекунад. Ҳазрати Али (р) аҳли ғайбатро дар бадӣ ба магасон ташбеҳ мекунад ва мефармояд: «Инсонҳои бадхоҳ ба дунболи бадиҳои мардуманд ва некиҳои онҳоро раҳо менамоянд ҳамонгуна, ки магасҳо ба дунболи маҳалҳои фасод ва гандида мегарданд». Касе ба ғайбати дигарон бипардозад аз ҷониби онон нописанд ва матруд буда, ҳеҷкасе ҳарфҳои ӯро тасдиқ намекунад ва дар ҳеҷ коре ӯро шарики худ намегардонанд. Ба қавли яке аз ҳакимон: «Вақте касеро дидӣ, ки ғайбати дигаронро мекунад тамоми кӯшишатро бикун, ки на ту ӯро бишиносӣ ва на ӯ туро». Ғайбат тамоми ибодатҳои инсонро табоҳ ва барбод медиҳад. Масалан, рӯзадоре, ки ғайбати дигаронро мекунад подоши рӯза ва дигар амалҳояшро аз даст медиҳад. Ривоятест, ки дар замони паёмбар (с) ду зан рӯзадор буданд, аммо ғайбат мекарданд. Паёмбар(с) аз ин хабардор шуда, фармуд: «рӯза гирифтанд ва парҳез карданд аз ончи ки Худо ҳалол кардааст, дар ҳоле ки ба сӯйи ончи ки Худо ҳаром кардааст рафтаанд». Яъне аз таом ва шаробҳои ҳалол рӯза гирифтаанду рӯ ба сӯҳбат ва гуфтугӯ дар мавриди обурӯйи мардум овардаанд, аз ин рӯ Худованд рӯзаашонро намепазирад. Ғайбат сабаби азоби шадиде ва муҷозоти дардноке аз ҷониби Худованд аст. Расули Худо (с) фармуданд: «чун ба меъроҷ бурда шудам аз канори гурӯҳе гузаштам, ки нохунҳои мисин доштанд, ки бадон рӯйҳо ва синаҳояшонро мехарошиданд. Гуфтам: «эй Ҷабраил инҳо кистанд»? Фармуд: «Инҳо касонеанд, ки гӯштҳои мардумро дар дунё мехӯрданд, обурӯйи мардумро мерехтанд ва ба ин корашон лаззат мебурданд. Дар мавридҳои хоссе ба мусулмонон иҷоза дода шудааст, то айбҳои дигаронро баён намоянд ва дар ин мавридҳо ин кор ғайбат маҳсуб нашуда, ин шахс ба хотири ин кораш муҷозот намешавад. Мавридҳои хос ба қарори зер ҳастанд: 1-бурдани шикоят ба назди қозӣ ё ҳоким. Мазлум ҳақ дорад аз касе, ки зулм дидааст пеши қозӣ ва монанди он шикоят кунад ва ин ғайбат нест. 2- Эҷоди тағйирот дар корҳои зишту нописанди касе ва баргардондани фарди гунаҳкор ба сӯйи роҳи дуруст. Дар ин ҳолат шахс метавонад бигӯяд: «фалон кас чунин ва чунон мекунад, то фарди мазкур сарзаниш шуда, аз коре, ки мекунад даст кашад. Албатта, ин кор дар мавридест, ки ин шахс насиҳату панди касеро гӯш накунад ва пардапӯшӣ барои вай ҳеҷ фоидаву таъсири мусбате надошта бошад. Шарти гуноҳ набудани ин кор дар он аст, ки он барои тағйир додани корҳои зишти ин нафар бошад, на барои обурӯрезонии вай. 3-Шахси мусулмон иҷоза дорад, ки бародари мусулмонашро барои дур кардан аз баъзе шахсиятҳо ба хотири сифот ва ахлоқи нописанде, ки доранд ва боиси осебу зараре мегарданд хабардор карда, панд диҳад. 4-Эълони бебандуборӣ ва бидъат. Чунон чи касе гуноҳе мекунад, масалан, шароб менӯшад, ё ҳаққи дигаронро мехӯрад ва ситам мекунад баёни айбҳои ӯ мушкилие надорад. Шояд, ки баъд аз ин даст аз ин аъмол бардошта, ба сӯйи Худо бигардад. 5-Агар шахсе дорои лақаби хоссе бошад, ки мардум ӯро ба ҷуз он ном намешиносанд, монанди он ки бигӯянд: «алъон, каси нобино ,ё кӯтоҳ….». Дар ин ҳолат ғараз фақат шинохтани шахс буда, баёни он мушкилие надорад. Вале дар сурате ки ғараз носазогӯйӣ ва таҳқири ӯ бошад ҷоиз намебошад. Пас ҳаряки мо бояд кӯшиш кунад, то дар ин замоне, ки аксарияти мардуми мо бар ин касалии музир(р) ва ҳалоккунанда мубтало ҳастанд бипарҳезад. Зеро агар худамон аз ин беморӣ пок бошем, метавонем дигаронро низ ба ҳамин кор васият кунем. Фирдавси РАҶАБАЛӣ   «Рисолат» Normal 0 false false false EN-US X-NONE X-NONE MicrosoftInternetExplorer4

More From Author

You May Also Like