Муҳибуллоҳи Қурбон, рӯзноманигор
nahzat.tj
Дар маркази шаҳри Хуҷанд, шаҳри бостонии тоҷикон…
Вақте ин муҷассамаро дар маркази шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд ) рӯбарӯи фурӯшгоҳи марказӣ месохтанд, ман дар синфи савуми Институти педагогии ба номи С.М. Киров (ҳозира Донишгоҳи ба номи Ғафуров) таҳсил доштам, яъне, соли 1967 буд…
Он сол 50 –солагии Инқилоби Октябрро пешвоз мегирифтанд ва ин як дастовезе буд ба он ҷашн.
Мутаассифона, дар ин сохтумон ҳам ҷумла хароб ва ҳам се ғалат дорад: “баркарор”, “хокимияти” ва “Хучанд” Дар он солҳо дар бораи ин хатоҳо бо овози баланд ҳарф задан барои ҳукумат хушоянд набуд, зеро забони тоҷикӣ давлатӣ набуд ва метавон гуфт, тифли ятимеро мемонд. Дар ҳар ҳолат афзалият ба забони русӣ дода мешуд.
Ман ҳеч фаромӯш намекунам, ки ману муаллими русӣ дар як мактаб кор мекардем, шумораи соатҳои дарсмедодаамон баробар буд, вале ӯ аз ман 25 дарсад зиёд маъош мегирифт. Барои моҳонаи баландтараш ӯ гунаҳгор набуд.
Фармони Ҳукумати Тоҷикистон ва ё Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки ба омӯзгорони забон ва адабиёти рус назар ба дигар муаллимон 25% ҳуқуқ зиёдтар дода шавад.
Замоне ки ин аксро мебардоштам, як адиби маъруфи шаҳри Хуҷанд мегузаштанд. Он кас ҳам ба хати қариб чилсола ишора карданд. Гуфтам, номашон дар навиштаам сабт шавад, гуфтанд, на…
Ба он тарафи ин муҷассама гузаштам, ин ҷумла ба забони русӣ буд ва чун одат дар он навишта хато ба чашм намехӯрд…
Ба ҳар ҳол ин ҷой ҳам як ғалат аст: дар охири ҷумла мебоист аломати хитоб насб мекарданд.
Хуб, аз байн 45 сол гузашт.
Дар ин муддат ҳамон ҳукумате, ки дар ин навишта ситоиш шудаасту бовар доштанд, абадан боқӣ мемонад, аз байн рафт.
Тоҷикистон соҳиби давлат, соҳиби истиқлолият шуд. Ва миллат соҳиби забони давлатӣ шуд.
Аммо ҳамоно ин муҷассама барҷост ва ҳамчунин саҳве, ки дар калимаҳои насбушуда монда.
Имрӯз барои як қисми мардуми мо ин муҷассамаву ин шиор бегона аст, вале шояд барои як қисми мардум ва махсусан роҳбарони шаҳр ва вилоят, ки Хуҷанд маркази он аст, ин ёдгорӣ муҳим бошад, бинобарин агар чунин бошад, биистад (хонандаи азиз, ман барои афтондани он даъват накардаам, шумо шоҳид, вагарна пагоҳ гурӯҳе нола мекашад, ки фалонӣ муқобили ғояҳои коммунистӣ ва давлати Шӯравӣ буда, барои афтондани ин муҷассама даъват дорад), вале ҷумла не, ақаллан ҳамон се хатои ҳарфиро ислоҳ кунед.
Ё боз барои ислоҳи он боз 45 соли дигар барои ҳокимони шаҳри Хуҷанд зарур бошад?