Categories Ахбори рӯз

Ғолибони мусобиқаи бонувон ҳам мушаххас шуданд

Дар идомаи барномаҳои рамазонии шуъбаи фарҳанги ҲНИТ рӯзи ҷумъа мусобиқаи фарҳангии «Паёмбаратро бишнос» байни хоҳарон баргузор гардид. Дар мусобиқа аз миёни 200 нафар шахсоне, ки сабти ном карда буданд, танҳо 50 нафар ширкат намуданд. Аммо ширкати онҳо дар мусобиқа бо як шавқ ва иштиёқи хоссе баргузор гардид.

Азмиёни ширкаткунандагон дар мусобиқа 6 нафар тавонистанд ба саволҳо бехато ва дуруст ҷавоб диҳанд. Оишаи Ҳоҷиқосим, Зайнаби Хайриддин, Сабрина Амонзода, Зарафо Раҳмонӣ, Мунираи Абдураҳмон ва Марҷонаи Сангинмуҳаммад касоне буданд, ки нишон доданд аз ҳаёти паёмбари худ огоҳии бештар доранд ва ба саволҳо бидуни хато ҷавоб доданд. Аммо 11 ширкаткунандаи дигар танҳо 1 хато доштанд.

Дар охир мукофотҳо ба ғолибон аз тарафи раиси ҲНИТ супурда шуд. Устод М. Кабирӣ зимни табрики рамазон ба иштирокчиён ба бонувон тавсия намуд, ки ҳадафи худро болотар бигиранду аз баурду бохт мағрур ё ноумед нашаванд.

Ҳамчунин вақте раиси шуъбаи фарҳанг изҳор дошт, ки дар мусобиқа ин бор бародарон бештар аз хоҳарон ҷавобҳои дуруст доштанд, раҳбари ҲНИТ таъкид кард, ки рамазон моҳе аст, ки дар он бонувон саҳми бештаре доранд. Бонувон маъмулан машғули пухтупаз ва шустушуйҳое ҳастанд, ки бародарон аз он маҳруманд. Албатта ин амалҳо дар рӯза савоби бештар доранд. Савобе, ки мардҳо аз он маҳруманд.

Муҳаммадкарими Орзу раиси шуъбаи фарҳанги ҲНИТ дар охири мусобиқа эълон кард, ки қарор аст дар маркази ҲНИТ барои бонувон як барномаи фарҳангии дигар бо ифтор баргузор шавад. То бонувон ҳам аз барномаҳои фарҳангӣ дар шабҳои рамазон маҳрум намонанд.

More From Author

You May Also Like