Categories ТАҲЛИЛ

Ғорати махфиёна ё зулм болои хоҷагиҳои деҳқонӣ

Ба номи Худои бахшандаву меьрубон.
Ман, Саидшариф Саидбеков, раиси хоҷагии деҳқонии «Ҳотамзода», санаи 10.01.14 ба кумитаи андози ноҳияи Мастчоҳ ба мақсади супоридани ҳисоботи хоҷагии деҳқонии худ ҳозир шуда, аз соати 14 то 17 он ҷо мунтазир истодам. Пас аз расидани навбат ба ҳуҷраи масъули ин ниҳод Ҷ.Қурбонов ворид гашта, ҳисоботи хешро пешниҳод намудам. Аммо номбурда рад карду гуфт, то ба нашрияҳои «Машъал» ва «Боҷу хироҷ» обуна нашавед, ҳисоботро қабул намекунам.
Вақте аз ӯ пурсидам, ки оё дар давлати демокративу ҳуқуқбунёд ба ин ё он нашрия маҷбуран обуна кардани мардум қонунист? Муҳтарам Қурбонов ҷавоб дод, ки на. Сипас боз суолеро пеш гузоштам, ки агар ин тавр бошад, супориши обуна шудан аз тарафи кист? Посух дақиқ буд, аз тарафи раиси ҳукумати ноҳия. Яъне то раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ин нашрияҳо обуна нашаванд, ҳисоботҳои онҳо бояд қабул нашаванд.
Аз рафиқ Қурбонов хоҳиш намудам, ки дар пушти варақи ҳисоботи мо бинависад, ки то обуна нашавед, онро қабул намекунам, вале ӯ гуфт, ин корро карда наметавонам.
Агар нанависед, маълум мешавад, ки талаби Шумо оид ба обуна ғайриқонунист, гуфтаму аз ҳуҷраи корӣ берун рафтам.
Баъд аз нигоштани ин вазъ чанд суоле дорам ба Аҳмадзода, раиси муҳтарами ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ. Раис, оё ин супориши Шумо як навъ зулм ва ғорати пинҳонӣ дар нисбати хоҷагиҳои деҳқонӣ нест? Оё беҳтар ин нест, ки аз як кишоварзи бо ҳазор азобу машаққат заҳмат кашида, андози давлатро месупорад, сипосгузорӣ намоеду сипас аз ӯ барои обуна шудан ба ин ё он нашрияро хоҳиш намоед?!
Муҳтарам Аҳмадзода ба ҷои ин гуна супориш додан, бо хоҷагиҳои деҳқонӣ шароит фароҳам созед ва онҳоро ба обу барқ таъмин намоед, ҳадди ақал дар механизми пардохти андозҳо василаҳои сабукиро ба вуҷуд биёред. Дар ин сурат, ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ бурд мекарданд ва ҳам ҳукумати ноҳия, ҳатто ин амалкарди Шумо боиси иётиёран обуна шудани хоҷагиҳои деҳқонӣ мегардид.
Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби ҷаноби Шумо чунин як «супориш»-е ба кормандони соҳаи маъорифу фарҳанг низ содир гардидааст, ки ҳар яке аз ин шуъбаҳо уҳдадор гардидаанд, ки то 500 шумораи нашрияи «Машъал» обуна шаванд. Оё кормандони соҳаи маъориф чунин имкониятро доранд ё онро аз хонандагон ба таври иҷборӣ ҷамъоварӣ менамоянд?
Дар охир аз хонандаи гиромӣ хоҳиш менамоям, ки ҳуқуқҳои конситутсионии худро талаб намоед, зеро талаб кардани ҳаққи худ аз имондорист.
Бо умеди пештрафту тараққии кишвар,

Саидшариф Саидбеков, сокини ноҳияи Мастчоҳ.

More From Author

You May Also Like