Categories Uncategorized

Қадимтарин нусхаи Қуръон дар Яман

Дар Яман нусхаи Қуръонеро пайдо намуданд, ки умри 1200-сола дорад, яъне мутааллиқ ба соли 200 ҳиҷрӣ-қамарӣ мебошад.

Дар ин бора хабаргузории “Форс” гузориш дода, афзудааст: “ин нусхаи Қуръон бо ҳамроҳи чанд дона шамшери биринҷӣ, дар яке аз ғорҳои манотиқи кӯҳии ҷануби кишвари мазкур аз ҷониби ҷавоне ёфт гардид.

Манбаъ афзуда, ки нусхаи Қуръони мазкур дар як ҳолати мумиёӣ қарор дошта, дорои ҷилди чармӣ мебошад ва болои ҳуруфи он нуқтае гузошта нашудааст.

Дар саҳифаи аввали ин китоби муқаддас чунин навишта шудааст: “Навишташуда бо дасти “Ал-фақру ила Аллоҳ. 200 ҳиҷрӣ” ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин нусха қадимтарин нусхаи Қуръон ба шумор меравад.

Бино бар асоси ин гузориш, таҳқиқотҳои аввалия ҳокӣ аз онанд, ки нусхаи мазкур воқеӣ ва асил буда, он чӣ ки дар он навишта шудааст, дуруст мебошад.

Бояд гуфт, бисёриҳо ба ин ҷавон пешниҳод намудаанд, ки ин нусхаи Қуръони каримро дар муқобили 12-миллион риёли яманӣ баробар ба 56 ҳазор доллар ба онҳо фурӯшад.  Вале ӯ пешниҳодҳоро рад намудааст.

More From Author

You May Also Like