«Наҷот»
Аз як ҳодисаи шуми сеюми май беш аз даҳ рӯз сипарӣ гардид, аммо аз чӣ бошад, ки атрофии он сару садоҳо зиёд шуда, гапу калочаҳоеро ба он печониданианд. Ба ибораи дигар як садамаи нақлиётӣ барои баъзе доираҳо ва расонаҳо ҳатто ба як қазияи сиёсӣ табдил ёфтааст.
Ҷойи тазаккур аст, ки дар он таърих Муҳаммад Тиллозода, фарзанди бисту яксолаи Муҳиддин Кабирӣ сари рули мошини сабукрав аз самти Файзобод ба маркази шаҳри Ваҳдат ҳаракат мекард ва дар роҳи деҳаи Андигон Муҳиддин Ортиқови 12-сола, ки хонаи онҳо дар канори роҳ қарор дорад, зимни аз назди хонаи онҳо гузаштани мошини Муҳаммад, тасодуфан ба паҳлуи мошин аз суи пеш бармехӯрад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамин рӯз модаркалони Муҳаммад дар Файзобод баъди бемории тулонӣ ҷон ба ҷонофарин супорида буд ва хешу табор омодаи ҷанозаи кампир буданд. Муҳаммад аз он ҷо ба хотири анҷоми коре берун рафт. Баъд аз гузашти 5 рӯз Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки чунин як садама рух дод ва рӯзи дигараш Муҳаммадро намояндагони ШКД-и ноҳияи Ваҳдат боздошт карданд.
Бояд гуфт, ки Муҳаммад баъд аз ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаи мазкур навраси маҷрӯҳро фавран ба беморхона мерасонад ва ягона амали фирор кардани ӯ аз ҷойи ҳодиса вуҷуд надорад. Аммо тақдири ӯ аз дигар шаҳрвандоне ки чунин ҳодиса болои онҳо уфтодааст, тафовут дорад. Яъне ӯро ба мӯҳлати 72 соъат мавриди боздошт қарор доданд ва танҳо баъди содир шудани ҳукми суди Ваҳдат озодаш карданд, вале боз ҳам ӯро дар ШКД-и шаҳри Ваҳдат то соъати 10-и шаб бо ҳар баҳонае нигоҳ доштанд ва ҳамагӣ чанд соъате дар хонааш буд, он ҳам то саҳари рӯзи дигар.
Тавре иттилоъ ёфтем, нисбат ба ҳукми суд прокурори шаҳри Ваҳдат эътироз кардааст ва эътирози ӯ саҳарии рӯзи шанбе, 12.05.12 аз ҷониби Суди Олӣ қонеъ мегардад ва баъди зуҳри ҳамон рӯз суди шаҳри Ваҳдат дар мурофиъаи навбатӣ ҳукми аз нав боздошт шудани Муҳаммадро барои як давраи номаълум, эҳтимол то анҷоми тамоми назокатҳои корҳои ҷамъоварии аснод барои парванда содир мекунад. Ҳоло Муҳаммад донишҷӯи донишгоҳи дигар кишвар буда, дар боздошгоҳи муваққатии шаҳри Ваҳдат қарор дорад.
Ин ҷо аз таърихи ҳаводиси мушобеҳ, ҳатто сахттар аз ин овардани ҷузъиёт ва номи ашхосеро лозим намебинем, чун ҳар кадом воқеъият ва маънои худро доро мебошанд. Фақат ҳаминро бояд гуфт, ки албатта, нисбати ҳар кадоме парванда таҳия шудааст ва судҳо кадом ҳукме ҳам нисбати ҳар ҳаводисе содир карданд, аммо то рӯзи мурофиъаи судӣ ҳама дар озодӣ буданд. Муҳаммад низ дар асоси ҳамин гуна модда айбдор дониста мешавад, вале сабаби дар раванди тафтишот дар боздоштгоҳ нигоҳ доштани ӯ норӯшан аст.
Моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ муқаррароте дорад дар мавриди ҳодисаҳои нақлиётӣ, ки аз чанд зина иборатанд. Ва ин аз ҷузъиёти таҳияи маънӣ ва мӯҳтавои санадҳои парванда вобаста аст, ки ба кадоме аз зинаҳои ин модда амали содиршуда рабт мегирад. Қисмати аввал ба ҷузъиёти ҳодиса, яъне вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт аз ҷониби нафари идоракунандаи он ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии инсон гаштааст, рабт дорад.
Вале тибқи қисмати дигари ҳамин модда, ки дар робита ба аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аст, ҳодисаи садамаи нақлиётӣ мавриди таҳқиқ қарор мегирад ва ҳарду зинаи моддаи мазкур ҷазоҳоеро низ муайян кардаанд.
Ҳамакнун ба маврид аст ёддоварӣ кардан аз як сӯҳбати Шерхон Салимзода, додситони кулли кишвар, ки дар мавриди ин гуна ҳодисаҳо дар як нишасти матбуъотӣ, аниқтараш 12.06.11 зимни посух ба суоле гуфта буд: «Мутаассифона, аз ҳамин гуна ҳодисаҳо баъзеҳо ҳангома кардан мехоҳанд, ки ин ба хотири падаронашон аст. Ҳол он ки садамаи нақлиётӣ ин як ҳодисаи тасодуфист. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ гӯем, барои ҷинояти аз беэҳтиётӣ содиршуда, агар инсонҳо маҳкум ҳам шаванд, ҷазоро дар калонаи сукунат адо мекунанд, ки аз озодӣ қариб маҳрум нестанд. Дар санадҳои афв ҳам ҳама вақт ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиршуда бахшида мешаванд».
Ин гуфтаҳоро таҳлил карда, суоле матраҳ мегардад, чаро садамаи нақлиётие, ки Муҳаммад Тиллозода ронандаи нақлиёт аст, то ба Суди Олӣ кашида шуд, он ҳам дар баҳс миёни прокуратура ва ШКД аз як сӯ ва аз сӯйи дигар суде ки ҳукми озод сохтани ӯро то баррасии парванда содир кард?
Посух пайдо кардан ба ҳамин гуна суолҳо хабарнигори моро ҷониби шаҳри Ваҳдат бурд, агарчи ҳадафи аслӣ шаффоф сохтани раванди баррасии ҳодисаи мазкур аст. Вале суди шаҳри Ваҳдат ҷойгоҳи худро дар ин қазия ночиз мебинад. Ба қавли мушовири раиси суди шаҳри Ваҳдат, ҳоло тафтиши парванда анҷом нашуда ва ба ин ниҳод нарасидааст. Суд танҳо санксия барои боздоштро содир намудаасту халос. Ин дар ҳолест, ки тавре дар боло ишора рафт, ҳукми озод кардани Муҳаммадро аз боздоштгоҳи муваққатӣ ҳам ҳамин ниҳод содир карда буд. Мушовири мӯҳтарами суди мазкур гуфт, ки барои пайдо намудани иттилои бештар бояд ба муфаттиши парванда муроҷиъат карда шавад. Вале мутаассифона, муфаттиши ШКД нахост мухбири моро қабул намояд ва ба навбатдор тавассути телефон гуфта, ки наздаш одам дорад ва наметавонад хабарнигорро ба ҳузур бипазирад. Сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат Мансур Бӯхориев бошад, гуфтааст, ки айни ҳол парванда дар тафтишот буда, бинобар халал ворид нашудан ба рафти он аз изҳори назар худдорӣ мекунад. Ва таъкид кардааст, ки ҳама дар салоҳияти суд мебошад. «Ҳарду тасмим ҳам аз ҷониби ҳамин ниҳод гирифта шуд, яъне озод шудан ва санксия додан ҳам. Мо танҳо тафтиши парвандаро мебарем», изҳор доштааст вай.
Ҳадаф аз таҳияи ин мақола танҳо равшанӣ андохтан ба раванди боздошти Муҳаммад буд, мо кадом қасди дигаре ҷиҳати халал ворид кардан ба тафтишотро надорем. Ҳоло суоле матраҳ мемонад, ки боздошти аввалӣ ба амри кӣ сурат гирифт ва ба чӣ хотир? Гузашта аз ин заминаи ҳуқуқии эътирози прокурор ба ҳукми суд дар чист, ки онро Суди Олӣ бекор кард? Ва чаро гӯё баъди радду бадалҳои ҳуқуқӣ суди шаҳри Ваҳдат санксияи боздоштро содир кард?
Бале, эҳтимол ниҳоди интизомии кишвар, яъне ШКД тибқи дастурамали хеш кадом ҳуқуқе барои боздошт кардани нафареро дорад, вале ин амри боздошти хешро баъди чанде бояд расмӣ намояд. Оё амри боздошти ин ниҳоди интизомӣ расмият дошт ва чаро ин амал баҳсро миёни суд ва прокурор ба вуҷуд овард? Мақомоти боздошткунанда оё барои санксияи судро дар даст доштан ба ин ниҳод муроҷиъат карданд ё машварати ҷониби дигареро гирифтанд?
Тибқи қонунгузории кишвар, агар зарурати бозодошти гумонбар бошад мақомоти боздошткунанда, то омода кардани парванда бояд санксияи суд, яъне ризоияи боздоштро дар даст дошта бошад. Ба ин хотир расман ба суд муроҷиъат сурат мегирад ва агар суд боздоштро зарур бишуморад, санксияи хешро содир мекунад ва барои дар боздошгоҳи муваққатӣ нигоҳ доштани шахси гумонбар ризоият медиҳад, ҳамчунин дар ҳар марҳала метавонад таъйиноти хешро бекор намояд.
Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик дар мавриди паҳлуҳои дигари масъала мегӯяд, ки ҳангоми розӣ набудан бо ҳукми суд ба зинаи болоии он шикоят бурдан мумкин аст. Ҳамчунин прокурор ҳам метавонад ба суди болоӣ эътироз оварад, ки ҳукми суд дар ин ва ё он маврид дуруст нест. Аммо ин маънои онро надорад, ки эътирози прокурор қонеъ карда шавад. Суд метавонад эътирозро қонеъ ва ё рад намояд.
Ҳоло, вақте ки ин маводро таҳия мекардем, иттилоъ ёфтем, ки адвокати Муҳаммад ба Суди олӣ барои озод кардани зерҳимояи хеш то мурофиъаи судӣ шикоят бурдааст. Аммо ба ҳар ҳол, раванди қазияи мазкур печидагиҳои зиёд дорад ва умед мекунем, ки ниҳодҳои зирабт ҳангоми баррасии он адолатро риъоя мекунанд.