Categories Русский

Қазияи ҲНИТ: Нигоҳ аз берун

Таври маълум аст, баъд аз муроҷиати ҲНИТ ба Дабири
кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи
Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи
Тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар
Тоҷикистон – Президенти Федератсияи Русия В. В. Путин, Президенти Ҷумҳурии
Исломии Ирон Ҳасан Рӯҳонӣ, Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ,
Президенти Қазоқистон Н. А. Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон
Мамнун Ҳусайн ва Президенти Туркманистон Г. Бердимухамедов ва Президенти
Қирғизистон А. Отамбоев барои мудохила ба вазъият дар Тоҷикистон иддае аз
ниҳодҳои ҳукуматӣ, Акемияи Улуми Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди
раёсатҷумҳури кишвар ва ҳамчунин ҲКТ, ҲАТ, ҲДТ ва ҲИИТ алайҳи муроҷиати ҲНИТ
эътироз намуда, тӯҳматҳоеро ба ин ҳизб нисбат доданд. Вале қазия бо ин хотима
намеёбад, зеро ғараз на дар муроҷиати ҲНИТ, балки зери вокуниши ниҳодҳои
давлатӣ ва эътирози соири аҳзоби номбурда ниҳон аст.

Чун масъала печида шуда ва ҳамзамон мавриди
таваҷҷӯҳи ВАО-и дохилию хориҷӣ қарор дорад, сойти “www.tajinfo.org” пурсишеро таҳти унвони ” О ПИВТ: Есть и альтернативное мнение” нашр
кардааст.
Дар муқаддимаи
ин пурсиш гуфта мешавад, “муроҷиати ҲНИТ ба кишварҳои кафили Созишномаи
сулҳ дар ҷомеа вокунишҳои мухталифро бор овард… Мо дар навбати худ ба хулосае
омадаем, ки миёни коршиносон, сиёсатшиносони мустақил, блогерҳо ва таҳлилгарон
сарварони худи ҲНИТ роҷеъ ба ин масъала пурсише анҷом диҳем. Тибқи маводи ба
дастомада, назарҳо, тавре Душанбеи расмӣ мехоҳад, якранг нестанд”. Бо
таваҷҷӯҳ ба ин мо низ хостем қисмате аз ин пурсишро тарҷума ва бознашр намоем.

Александр Князев, кошинос дар умури Осиёи
Марказӣ:

Маҳкум шудани муроҷиати ҲНИТ аз ҷониби МТС ва
дигар аҳзоби сиёсӣ ба ҷанбаи расмии масъала муттамарказ шудааст, ки ҲНИТ ҳуқуқ
дорад, аз номи ИНОТ баромад намояд ё на.
Аммо ҳеҷ яке аз онҳо асли масъаларо нагуфтааст. Асли масъала дар он аст, ки
умуман, фишор болои ҲНИТ ба масъалаи
принсипалии вуҷуди чандандешии сиёсӣ табдил ёфтааст. Муҳим ин аст, ки дар
давоми 18 сол ҳукумати Раҳмон дар ростои стратегияи муайяни рушди мусбӣ ба ҳалли
ягон масъалае ноил нагаштааст. Аризаҳои дастаҷамъии мухталиф, ки дар онҳо ҲНИТ
маҳкум шудааст, ба компанияи муташаккиле дар сохтори ғоявии КМ ҲКИШ (Ҳизби
комунисти Шӯравӣ) шабоҳати зиёд дорад. Фикр мекунам, ҳатто баъзе онҳое, ки
ариза навиштаанд, муроҷиати ҲНИТ-ро нахондаанд, балки тезисҳоеро хондаанд, ки
аз ҷониби маъмурияти Раҳмон ё аз МТС
омода шудаанд.

Қирғизбек Канунов, коршиноси мустақил

Вокуниши ҲНИТ-ро ба масъалаи мазкур
таъхирангез мешуморам. Ҳол он ки дар робита ба ин масъала ҳанӯз 10 сол баъд аз
имзои Созишномаи сулҳ бояд муроҷиат мешуд. Дар чунин ҳол, маълум мешуд, ки
низом ва роҳбарон ҳокимиятро ба каси дигаре тақсим карданӣ нестанд. Барои онҳо
имзои Созишномаи сулҳ таваққуфи тактикӣ буд, ки баъди он ба нест кардани рақибони
потенсиалии худ, чӣ дар суфуфи мухолифин ва чӣ дар атрофи худ шуданд. Ва ҳамин
тариқ, тавозун миёни нерӯҳо дар кишвар
халалдор гашт.

Дар ин аср, ки асри интернет ва иттилоот аст,
дарк кардем, ки Раҳмон ҳеҷ гоҳ сулҳ карданӣ набуд, вале сарфи назар аз ин
сулҳро бо фишори ҷумҳуриҳои кафил анҷом дод.
Ба ҳамин тартиб ӯ хоҳиши воқеии расидан ба ризоияту ваҳдатро надошт. Ҳол
он ки он замон ҲНИТ ва дигар нерӯҳои оппозитсиюнро лозим буд, то нақши ҷиддиеро
ба ӯҳда бигиранд.

Нишонаи калидии Созномаи сулҳ идораи ҳуқуқии
он бояд ба шумор мерафт. Набояд ба виҷдони тарафҳо умед баста мешуд, балки бояд
ҳама шартҳо дар шакли санади ҳуқуқӣ ҳифз шуда, масъулияти ҷонибҳо мавриди
назорат қарор мегирифт. Дар ҳоли ошкор гардидани тахаллуфот бо даъвати кулли
кишварҳо ва ташкилотҳои мутаваҷҷеҳ ба ин масъала конфронс доир мегашт ва
инчунин талоши бозгашт ба иҷрои муоҳида сурат мегирифт. Чунин амалкард муассир
ва ҷавобгӯ ба талаботи замон буд.

Албатта, ин андеша, ки ҳоло таваҷҷӯҳи васеи
ҷомеаро ба ин масъала ҷалб карда намешавад, иштибоҳ аст. Ҳатто имрӯз зарур аст,
ба таври комилу муайян ба он давлату ташкилотҳое муроҷеъ шуд, ки ба масъалаи
фавқ таваҷҷӯҳ доранд ва ширкати онҳоро дар ин гуна вазъи фаҳш талаб кард.

Вокуниши режими Раҳмон ба масъалаҳои
баррасинамудаи ВАО-и дохилӣ ҳамвора дарднок будааст. Ҳукумати Тоҷикистон ба
ҳадде бераҳм будааст, ки барои ҷилва кардан назди кишварҳои донор, чун
“элита”-и ҳукмрон тӯли 25 соли ҳокимият аз он ҳисоб хӯронида мешавад,
барои он танҳо мустаҳкамӣ ва ё истеҳком
лозим аст. Вале барои ҳифзи истеҳком лозим аст, то бо нерӯҳои созандаи дохилӣ
мувофиқа кард.

Он чӣ марбут ба вокуниши сохторҳои давлатӣ
нисбат ба муроҷиати ҲНИТ ба кишварҳои кафили сулҳ аст, бояд гуфт, ҳеҷ як ниҳоди
давлатӣ бидуни мувофиқа бо “боло” ба чунин як натиҷа намерасад.

Агар ҳукумат дар нақши АУ, МТС ва ғ. вокуниш
нишон медиҳад, пас, табъан бояд то охир истодагарӣ кард ва нерӯи худро комилан
барои ба ҳадаф расидан харҷ намуд.

Николай Николаев, раҳбари Институти
пешбининамоӣ ва идораи низоъҳои сиёсӣ

Фикри мавриди қабули умум ин аст, ки
ҳокимон дар Тоҷикистон аз рақобат
метарсанд. Аммо фикр мекунам, чунин як амал итминони муҷаддадест дар соя ва
муносиботи умумӣ бо ҳаракатҳои исломӣ дар ҷаҳон. Ин ҳама талошҳо нишон
медиҳанд, ки гӯё ҳукумат нақши пешгирикунанда бозида истодааст ва бо ин иқдом
талош мешавад, норизоии эҳтимолии давлатҳое, ки алайҳи ҳаракатҳои исломӣ
ҳастанд, назири Русия ва ИМА пешгирӣ шавад. Ин кишварҳо аллакай ваъдаи рӯзро
додаанд – алоқаи ҳаракатҳо бо ДИИШ. Бинобар ин дар кӯтоҳмуддат Ҳукумати
Тоҷикистон мухолифини худро пешгирӣ карданист, ки он метавонад бо пешниҳоди
исломи суннатӣ вориди корзори интихоботӣ шавад. Вале аз ҷониби дигар метавон ба
қазияи мазкур чун мубориза алайҳи инқилобҳои ранга дар қаламрави собиқ Шӯравӣ нигоҳ
кард.

Ҳукумат, бешак, таввассути аҳзоби киссагии худ
ба чунин натиҷа расидааст. Албатта, ин гуна иқдомро бояд чун заъф маънидод
кард, на нерӯи ҳукумат, чун онҳо дар дохили ҷомеа барои ояндаи аҳзоб ва эъмори
ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар диалогро пешбинӣ наменамоянд.

Аюб Эгамов, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, узви
ҲСДТ:

Муроҷиати ҲНИТ ба давлатҳои миёнарави
музокироти тоҷикон ва Созишномаи сулҳи соли 1997 вокуниши шадиди ниҳодҳои
давлатӣ, назири АУ, МТС ва се ҳизби “киссагӣ”-ро ба вуҷуд овард.

Маълум аст, ки асосгузори ин гуна аҳзоб ва
сарвари чунин ниҳодҳои давлатӣ кист? Албатта, дар давлати демократӣ ҳар як фард
ва ё коллектив фикри худро дорад, вале тасаввур кунед, ки дар як кишвари
демократӣ чанд ниҳоди давлатӣ сафедро сиёҳ ва сиёҳро сафед бигӯянд…

Ниҳодҳои дар боло зикрёфта обрӯи худро аз даст
додаанд, вале боз ҳам беҳтар аст, ки хомӯш бошанд. Албатта, замоне хоҳад фаро
расид, ки ин ҳама “хидмат ба мардум” ба дӯши нафари аввал таҳмил
мешаванд, гӯё худи эшон коре накардаанд, ба ҳамаи ин “ҷаноби олӣ”
гунаҳкор аст, вале фикр мекунам, дер ё зуд ҳама чиз тағйир хоҳад кард ва онҳо
дигар наметавонанд аз ин гуна тасовири монанд ба “партоб” ва ё ба
ибораи дигар монанд ба порӯ гурезанд.

Дар робита ба муроҷиат. ҲНИТ он кореро кард,
ки бояд мекард. ҲНИТ дар ҳоле муроҷиат кард, ки Созишномаи сулҳ на танҳо вайрон
мегардад, балки куллан аз он чашм пӯшида мешавад. Кафилони сулҳ бояд ҷиҳати ин
масъала чораандешӣ кунанд, вагарна пашизе арзиш надоранд.

Андрей Серенко, коршиноси умури Осиёи Марказӣ

Тасодуфӣ будани вокуниши манфии дӯстонаи
руасои се ҳизб ва роҳбарияти асосии “эътимоди мағз” Эмомалӣ Раҳмон
баъид аст. Аз нигоҳи ман, ин фармоиши худи раёсатҷумҳур аст, ки ба назар
мерасад, аз фарёдрас ёфтани муроҷиати ҲНИТ метарсад. Боиси таҳайюр ҳам нест, ки
қадами баъди Эмомалӣ Раҳмон гунаҳкор кардани сарварони ҲНИТ ба хиёнати миллӣ ва
ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ бошад. Маълум аст, ки Раҳмон аз ДИИШ дида, аз
ҲНИТ метарсад. Барои ҳамин ҷонибдорони Раҳмон мекӯшанд, ки ҳама гуна роҳҳои
дахолати созмонҳои хориҷиро ба қазияи ҲНИТ бубанданд.

Рустам Гулов, блогер

Ба андешаи ман, чунин иқдоми ҲНИТ ҳамчун як
ҳизби шинохташуда охирин тадбир буд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳдудаи
воқеии фишори аъзои ин ҳизб нисбат ба он ки дар ВАО инъикос меёбад, васеътар
аст. Муҳиддин Кабирӣ дар қиёс бо бештаре
аз чеҳраҳои аҳзоби сиёсӣ сиёсатмадори ҳақиқӣ аст, аз зумраи он зиёиён ва
мутахассисоне аст, ки дастҳояшро ба хун олуда намекунад. Охирин тадбири ҲНИТ ин
аст, ки дар доираи қонун амал кунад.

Ба кишварҳои кафили сулҳ муроҷиат кардан, аз
ҷумла яке аз имконоти охирине аст, ки ба воситаи он метавон ба ҳадди болои
фишорҳои рӯ ба афзоиш аз зовияи қонун бархӯрд кард. Ин кишварҳо аллакай 18 сол
пеш саҳми худро дар барқарорсозии сулҳ ва ризоияти миллӣ гузоштанд ва боз ҳам
метавонанд ба ҳукумати ҳозира таъсир гузоранд. Вале тавре таҷриба нишон дод,
мушкил дар ҳизб нест, мушкил дар режими кунунӣ аст, ки намехоҳад ҳокимиятро
қисмат кунад. Ҳатто имрӯз агар фишорҳо кам шаванд ҳам, касе кафолат дода
наметавонад, ки баъди гузашти вақти муайяне боз ҳам ин гуна амалҳо такрор
намеёбанд. Аз ҷониби дигар яке аз авомиле, ки ҳукуматро водор кард, то аз
рақиби асосии худ халосӣ ҷӯяд, ин интихоботи соли 2015 буд. Дар натиҷаи
тақаллуби саросарӣ то раҳбарияти кишвар ба хулосае расид, ба қавли онҳо дар
“интихоботӣ парлумонӣ” ҲНИТ овозҳои заруриро нагирифт. Ҳол он ки ин
худфиребие беш нест. “Натоиҷ” худи онҳоро ба раҳгумӣ бурданд ва дар
ниҳоят ба хулоса расиданд, ки метавонанд ба таври ғайриқонунӣ яке аз аҳзоби
машҳури кишварро аз байн бубаранд. Афкори муҳоҷирон, ки миёни онҳо норозиён аз
ҳукумат зиёданду аз ҲНИТ ҷонибдорӣ менамоянд, аз ҷониби стратегҳои мо пазируфта
намешаванд.

Бо вуҷуди ин ҳама ман бовар дорам, ки ҲНИТ
вориди ҳолати иғвогарона нашуда, дар доираи қонун амал мекунад, вагарна аз ҷанги
шаҳрвандии дигаре наметавонем гурезем….

More From Author

You May Also Like