Абдулатифи Ҳаммод
18.04.2012, 15:54
Баъд аз ин ки Комиссиони марказии интихоботии Ҷумҳурии Миср номзади ихвониҳо Хайрат Шотирро аз иштирок кардан дар интихоботи президентӣ маҳрум сохт, ин ҳаракат номзади эҳтиётии худ Муҳаммад Мурсиро расман номзад эълон кард.
Доктор Мурсӣ зодаи соли 1951 мебошад ва ҳоло устод ва раиси як бахши факултаи ҳандаса дар донишгоҳи Зақозиқ шуғл меварзад.
Ӯ соли 2000 намояндаи шаҳри Зақозиқ интихоб шуд ва дар Парламони кишвар яке аз намояндаҳои фаъол буд ва худи ҳамон сол ҳамчун беҳтарин депутат дар ҷаҳон интихоб шуд.
Соли 2005 дар даври аввали интихобот аз ҳама зиёдтар овоз гирифт, лекин дар даври дувум ҳарифаш пирӯз гардид.