Кумитаи андози Тоҷикистон ҷаримабандии Ширкати “Созидание”-ро тибқи меъёрҳои қонунгузории кишвар арзёбӣ кардааст. “Фаъолияти “Созидание” аз 1 январи соли 2009 то 1 декабри соли 2013 аз санҷиш гузаронда шуд, ки дар натиҷа, пинҳонкунии андозҳо бо назардошти ҷарима ва фоизҳо дар ҳаҷми 322 миллиону 352 ҳазору 898 сомонӣ ошкор гардид”, омадааст дар санади Кумитаи андоз.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки “Созидание” дар бораи муассисаш ҳам ба ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон маълумоти нодуруст пешниҳод кардааст, аз ҷумла «муассиси ягонаи ҶДММ “Созидание” ширкати WTT «Hotеls onе Limitеd»-и Кипр» нишон дода шудааст. Дар идомаи гузориш воқеъияти кор ошкор мешавад, ки «WTT Hotеls onе Limitеd» ҳиссаи худро соли 2008 ба ивази 100 миллион доллар ба ширкати “SUNLINK LIMITED»-и Кипр фурӯхтааст, аммо аз ин амалиёт андоз аз даромадро ҳисобу пардохт накардааст”.
Даъвои ширкати “Созидание”-ро дар мавриди беасос будани иддаои мақомоти андози Тоҷикистон додгоҳи иқтисодии пойтахти кишвар ҳам рад кардааст. Тавре мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, «Созидание» бояд тамоми маблағҳои дар рафти санҷиш ошкоркардашударо ба буҷаи кишвар пардохт намояд, “дар акси ҳол, мақомоти андоз тибқи қонунгузорӣ барои ситонидани маҷбурии маблағҳои ҳисобшуда тамоми чораҳоро меандешанд”.
Суоли матраҳ ин аст, ки чунин як санҷиш тибқи барномаи кории ниҳодҳои кишвар анҷом гирифтааст ё масъала хос аст? Бисёре аз соҳибназарон ба ин боваранд, ин санҷиш супоришист, чун ин ширкат соҳиби меҳмонхонаи «Hyatt Rеgеncy», меҳмонхонаи дар зоҳир соҳибдаромад буда, ба Олег Дерипаска, миллиардери рус ва соҳиби “Русал” марбут дониста мешавад.
Таври маълум, «Русал» алайҳи корхонаи ТАЛКО иқдомеро пеш гирифт ва садҳо миллион доллар аз ширкати тоҷикӣ талаб дорад. Гӯё санҷишу ҷаримабандии “Созидание” ба тарзе посух ба иқдоми ширкати Дерипаска будааст.Аммо Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати “Созидание”-ро ширкати русиягӣ намедонад ва “мутобиқи маълумоти расмӣ муассиси ягонаи “Созидание” ширкати “SUNLINK LIMITED”-и Кипр мебошад».
Categories
Ахбори рӯз