Имрӯз, Нуриддин Қаршибоев,
раиси НАНСМИТ дар мавриди муаррифии китобчаи “Амнияти рақамӣ” ибрози нигаронӣ
аз шикастани рамзи саҳфаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ карда, гуфт, ки ҳатто боре аз
номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон якчунин саҳифаи қалбакие дар шабакаи иҷтимоии
фейсбук сохта шуда буд. Ва бо дахолати худи Қаршибоев ба роҳбари фейсбук ин
саҳиба ҳазф карда шуд. Ин дар ҳолест, ки вақтҳои ахир, хусусан дар раванди Интихоботи
Парлумонӣ саҳифаҳои фейсбукии аксари рӯзноманигорон ва намояндагони ҷомеаи
шаҳрвандиро шикаста буданд ва ин чиз то ҳол ба назар мерасад.
Ҳамчунин дар ин
ҷаласса гуфта шуд, ки дар баробари шикастани рамзи сафҳаҳо дар шабакаҳои
иҷтимоӣ, зангҳои телефониро низ гӯш мекунанд, ки ин ғайриқонунӣ мебошад. “Ин
таҳдиду фишор ва шикастани рамзи саҳифаҳо, аз номи яки дигаре сохтани саҳифа ба
озодии баён буда, фаъолияти хуби баъзе афроди озодандешро суст мегардонад”-
иброз дошт Нуриддин
Ҳамчунин ӯ иброз
дошт, ки “имрӯз фейсбук ба як майдоне мубаддал шудааст, ки дар он ҷо фаҳшу
тӯҳмат, таҳдид, гапҳои дурӯғ хуле зиёд шудааст ва азбаски ҳамин фазо қувваҳои
солимро танг карда, бароварданд, қувваҳои ифротгаро ва тундрав бештар аз
шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳбуда, ҳатто барои таблиғ кардан (вербовка) аз ин саҳифаҳо
истифода бурда истодаанд.
Дар ҳамин ҳол Акбаралӣ
Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иброз дошт, ки имрӯз шикастани
почтаҳои электронӣ хеле зиёд шудааст. Дар тамоми ҷаҳон сари ин меандешанд, ки
чигуна сади роҳи шикастани рамзҳоро гиранд.
Дар марвиди
китобча бошад Акбарали Сатторов иброз дошт, ки агар ин китобча хӯрд ҳам бошад,
қадамҳои нахустин барои пешгирӣ кардани ин корҳо мебошад. “Мо қонуни махсус
надорем, аммо ҳоло лоиҳае муҳокима шуда истодааст, ки якчунин қонуне қабул
гардад”.
Илова бар ин
Қаршибоев қайд кард, ки “ҳар нафареро рамзи почтаашро мешикананд, ӯ метавонад ба
мақомоти амният ва ВКД, ки ҳардуи ин сохтор имконияти пайгирӣ кардани ингуна
қонунвайронкуниҳоро доранд, аз номи “фейк” муроҷиат карда, гӯянд, ки фалон
нафар нисбати ман дар фейсбук суханҳои фаҳш чоп карда, ҳуқуқҳои маро нақз карда
истодааст. Хоҳиш мекунам, ки шахсияти ҳамин одамро муайян кунед ва мувофиқи
қонунҳои кишвар ба ӯро ба ҷавобгарӣ кашед. Дар ҳолате, ки мақомотҳои дахлдор
чорае наандешанд, маълум мешавад, ки онҳо бо ин “фейк”-ҳо ҳамкорӣ доранд”.
Қаршибоев иброз
дошт, ки аз ин шикояткарданҳо истифода бояд кард, вақте ки дар бораи ин ё он шахсе,
ки саҳифа дорад ва пайи ҳам ду се шикоят меравад, маъмурияти фейсбук инро
баррасӣ карда, ҳамон саҳифаҳоро мебандад.